ҶАВОНОНИ ҶАСУР ВА ЗАНОНИ БОИРОДА МЕТАВОНАНД ТОҶИКИСТОНРО БА САТҲИ НАВИ РУШД РАСОНАНД.
(Дар партави Паём)
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 16-уми декабри соли 2025 дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии кишвар баргузор гардид, барои ман ҳамчун як намояндаи насли ҷавон танҳо як суханронии расмӣ нест. Ин Паём садоест, ки ба дил расида, андешаро бедор мекунад ва моро водор месозад, ки ба худ як мақсади амиқ ба фардои дурухшони кишвар ҷиддитар назар намоем.
Бояи ифтихор ва сарфарозию фараҳмандист, ки дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ҷавон зиёдтар таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Мо - ҷавонон бояд ба қадри ин эътибор расида, неруманд шавем, то кишвари азизу маҳбубамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд. Албатта, ҷавонон бояд худро бо дониш, тафаккури муосир, забондонӣ ва ташаббускорӣ нишон диҳанд.
Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро даъват намуданд, ки аз бетарафӣ дур шавем. Мо ҳақ надорем интизор шавем, ки касе ояндаи моро бисозад. Ояндаро мо бо дастони худ бояд бисозем ва он қадамҳое, ки мегузорем, бояд дар роҳи омӯзиш, худтакмилдиҳӣ ва хизмат ба ҷомеа бошад.
Бояд ёдрас шуд, ки қисмати дигари Паём, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он таваҷҷуҳи хосса намуданд, ин мавқеъ ва хизматҳои шоёни занону бонувони кишвар мебошад. Чун занон ва бонувон дар сиёсати давлатӣ ҳамчун неруи пурқувват ва созанда эътироф мегарданд. Ин на танҳо дастгирӣ, балки паёми рӯшноӣ ба ҳар як зан ва ҷавон мебошад. Воқеан ҳам, занону бонувон имрӯз дигар дар соя нестанд. Онҳо дар сафи пеши илм, маориф, идоракунӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор доранд. Ҳар қадаме, ки барои таҳсил ва пешрафти занону бонувон гузошта мешавад, сармоягузорӣ ба ояндаи миллат аст. Зеро зани босавод ҷомеаи босаводро тавлид ва инкишоф медиҳад.
Хулоса, паёмҳои Пешвои миллат моро ба ҳам меорад, зеро ояндаи кишварро на як гурӯҳ, балки ҷомеаи огоҳ ва фаъол муттаҳид месозад. Ҷавонони ҷасур ва занони боирода метавонанд Тоҷикистонро ба сатҳи нави рушд расонанд. Бинобар ин, барои ман Паём танҳо як ҳуҷҷат не, балки масъулият, эътимод ва даъват аст. Даъват ба он ки хомӯш набошем, бетараф набошем, канор наистем. Зеро Тоҷикистон ба неруи ҷавонон ва иродаи занону бонувон ниёз дорад ва имрӯз вақти он расидааст, ки мо ин эътимодро бо амал собит кунем.
Гулрухсор ҲАБИБОВА,
ассистенти кафедраи андоз ва суғуртаи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng