Аз силсилаи "НОМОВАРОНИ ДДМИТ" ҶАЛОЛИДДИН ВОҲИДОВ: "БАРНОМАСОЗӢ ЗАБОНИ ОЯНДА АСТ!"
Аз як қадами нахустин дар олами илм то ғолибияти шоиста дар озмуни ҷумҳуриявии "Беҳтарин барномасоз"
Дар замони рушди босуръати технологияҳои рақамӣ барномасозӣ ба яке аз самтҳои муҳими пешрафти ҷомеа табдил ёфтааст. Имрӯз муваффақияти ҷавонон на танҳо ба дониши назариявӣ, балки ба қобилияти истифодаи амалии он, тафаккури мантиқӣ, эҷодкорӣ ва талоши пайваста баҳри расидан ба ҳадаф вобаста мебошад.
Ҷалолиддин Воҳидов, донишҷӯи курси сеюми Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумлаи ҷавононест, ки бо шавқу рағбат ба технологияҳои иттилоотӣ, иштирок дар озмунҳои зеҳнӣ ва талоши пайваста ҷиҳати такмили дониш роҳи худро ба сӯи муваффақият мепӯяд. Ӯ дар озмуни ҷумҳуриявии "Беҳтарин барномасоз", ки санаи 23 октябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ширкати довталабон аз 25 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар баргузор гардид, сазовори ҷойи аввал шуд.
Ин дастовард натиҷаи якбораи заҳматҳои ӯ набуда, балки идомаи роҳи донишандӯзиест, ки аз мактаби деҳа оғоз гардида, имрӯз дар муҳити илмӣ ва таълимии донишгоҳ идома дорад.
Зимни суҳбат Ҷалолиддин Умарович Воҳидов аз роҳи таҳсил, шавқу рағбат ба барномасозӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, нақши омӯзгорон ва нақшаҳои минбаъдаи худ нақл кард.
- Нахуст мехостем аз роҳи тайкардаатон то расидан ба ин дастовард шинос шавем. Роҳи шумо ба пойтахт ва ДДМИТ аз кадом муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз меёбад?
- Ман, Воҳидов Ҷалолиддин Умарович, 1-уми майи соли 2006 дар деҳаи Боғдараи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба дунё омадаам. Соли 2013 ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57-и ноҳияи Ёвон ба синфи якум рафтам.
Солҳои таҳсил дар ин муассиса барои ташаккули ҷаҳонбинӣ ва муайян кардани шавқу рағбати ман аҳамияти калон доштанд. Ман ба дарсҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ҳамзамон дар озмунҳои гуногуни мактабӣ иштирок мекардам. Маҳз ҳамин таҷрибаҳо дар ман хоҳиши бештар омӯхтан, санҷидани қобилиятҳои худ ва расидан ба натиҷаҳои беҳтарро тақвият бахшиданд.
Пас аз ҳашт соли таҳсил дар муассисаи мазкур, соли 2022 таҳсилро дар Литсейи №1-и ноҳияи Ёвон идома додам. Ин марҳила низ дар ҳаёти ман муҳим буд, зеро барои идомаи таҳсил дар зинаи олӣ ва муайян намудани самти ояндаи касбиам замина фароҳам овард.
- Чӣ гуна тасмим гирифтед, ки маҳз ихтисоси марбут ба технологияҳои иттилоотӣ ва низомҳои молиявиро интихоб намоед?
- Дар шароити имрӯза технологияҳои иттилоотӣ қариб ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ворид шудаанд. Иқтисод, бонкдорӣ, молия, соҳибкорӣ ва идоракунӣ бе истифодаи низомҳои муосири рақамӣ рушди устувор дошта наметавонанд.
Ман низ мехостам дар соҳае таҳсил кунам, ки ҳам ба талаботи замон ҷавобгӯ бошад ва ҳам барои татбиқи донишҳои техникӣ дар амал имконият фароҳам оварад. Аз ин рӯ, баъди хатми литсей ҳуҷҷатҳоямро тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дохил шудан ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон пешниҳод кардам.
Хушбахтона, ба ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи ихтисоси 1-31030407 - "Технологияи иттилоотии низомҳои молиявӣ" ба тариқи ройгон қабул шудам.
Ин воқеа барои ман ҳам шодии бузург ва ҳам масъулияти ҷиддӣ буд. Ман хуб дарк мекардам, ки таҳсил дар чунин ихтисос танҳо аз худ кардани барномаҳои компютерӣ нест, балки омӯзиши амиқи технология, рушди тафаккури алгоритмӣ ва омодагӣ ба ҳалли масъалаҳои мураккаби соҳаи молияро талаб мекунад.
- Аввалин қадамҳои шумо дар озмунҳои зеҳнӣ чӣ гуна буданд? Оё аз оғоз ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидед?
- Албатта, на ҳамеша ҳама чиз мувофиқи интизорӣ сурат мегирад. Соли аввали таҳсил дар донишгоҳ дар олимпиадаи математика иштирок кардам, аммо он дафъа натавонистам ба натиҷаи дилхоҳ бирасам.
Бо вуҷуди ин, иштирок дар олимпиада барои ман таҷрибаи муфид буд. Ман дарк кардам, ки барои муваффақ шудан танҳо хоҳиш доштан кофӣ нест. Омодагии ҷиддӣ, омӯзиши пайваста, таҳлили хатоҳо ва такмили дониш аҳамияти ҳалкунанда доранд.
Ман кӯшиш кардам, ки ин таҷрибаро ҳамчун сабақ қабул намоям. Ба андешаи ман, нокомии муваққатӣ набояд инсонро аз мақсадаш дур созад. Баръакс, он метавонад барои муайян кардани камбудиҳо ва пайдо кардани роҳҳои беҳтари омӯзиш мусоидат намояд.
- Ҷалолиддин, ғайр аз иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, шумо дар чорабиниҳои зеҳнӣ ва илмии факултет низ фаъолона иштирок мекунед. Дар ин самт чӣ таҷриба андӯхтаед?
- Бале, ман кӯшиш мекунам, ки аз имкониятҳои мавҷудаи донишгоҳ ва факултет барои такмили дониш ва рушди қобилиятҳои худ самаранок истифода барам. Дар соли дуюми таҳсил дар озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" аз рӯйи номинатсияи технологияҳои иттилоотӣ (барномасозӣ) иштирок намуда, то даври шаҳрӣ роҳ ёфтам.
Ҳамчунин, дар факултет ду сол боз викторинаҳо дар самти технологияҳои иттилоотӣ баргузор мегарданд, ки ҳар ду моҳ як маротиба доир карда мешаванд. Ман узви дастаи "Моделсозони ҷавон" мебошам. Дастаи мо дар ин викторинаҳо мунтазам ҷойи аввалро соҳиб мегардад.
Иштирок дар чунин чорабиниҳо ба мо имконият медиҳад, ки донишҳои назариявии худро санҷида, тафаккури мантиқӣ ва қобилияти ҳалли масъалаҳоро инкишоф диҳем. Ҳамзамон, дар раванди омодагӣ ба викторинаҳо аз таҷрибаи ҳамдастагони худ меомӯзем ва малакаи кор дар гурӯҳро такмил медиҳем.
Ба андешаи ман, чунин чорабиниҳо барои бедор намудани шавқу рағбати донишҷӯён ба илм ва технологияҳои муосир аҳамияти калон доранд.
- Оё фаъолияти шумо танҳо бо барномасозӣ ва озмунҳои зеҳнӣ маҳдуд мешавад ё дар дигар чорабиниҳои илмӣ ва эҷодии донишгоҳ низ иштирок мекунед?
- Кӯшиш мекунам, ки дар баробари омӯзиши ихтисоси худ, дар дигар чорабиниҳои илмӣ ва эҷодии донишгоҳ низ фаъолона иштирок намоям. Аз ҷумла, дар озмунҳои донишгоҳӣ оид ба навиштани мақолаи беҳтарин бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Даҳсолаи амал барои рушди устувор иштирок кардаам.
Чунин озмунҳо барои баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ, такмили маҳорати навиштан ва амиқтар омӯхтани масъалаҳои муҳими ҷомеа мусоидат мекунанд. Ман бар он назарам, ки донишҷӯ бояд на танҳо дар самти ихтисоси худ дониш андӯзад, балки аз рӯйдодҳои муҳими кишвар ва ҷаҳон низ огоҳ бошад.
Иштирок дар ин чорабиниҳо ба ман имконият медиҳад, ки қобилиятҳои худро дар самтҳои гуногун санҷида, таҷрибаи нав андӯзам. Дар оянда низ ният дорам, ки дар озмунҳои илмӣ, зеҳнӣ ва эҷодӣ фаъолона иштирок намуда, барои рушди дониш ва маҳорати худ пайваста талош варзам.
- Ба андешаи шумо, барои муваффақ шудан дар соҳаи барномасозӣ кадом сифатҳо муҳиманд?
- Ба назари ман, барномасозӣ пеш аз ҳама тафаккури мантиқӣ, сабру таҳаммул, дақиқкорӣ ва қобилияти пайваста омӯхтанро талаб мекунад.
Ҳангоми навиштани барнома баъзан мушкилоте пеш меоянд, ки ҳалли онҳо вақт ва заҳмати зиёдро талаб мекунад. Дар чунин ҳолатҳо инсон бояд сабабро ҷустуҷӯ кунад, роҳҳои гуногуни ҳалли масъаларо санҷад ва то пайдо кардани натиҷаи дуруст корро идома диҳад.
Ҳамчунин, технологияҳои иттилоотӣ соҳаи босуръат тағйирёбанда мебошанд. Барномасоз бояд ҳамеша аз навгониҳо огоҳ бошад, донишҳои худро такмил диҳад ва аз омӯзиши технологияҳои нав наҳаросад.
Ман чунин мешуморам, ки истеъдод танҳо дар сурати пайвастан ба меҳнат ва омӯзиши пайваста метавонад ба натиҷаҳои назаррас оварда расонад.
- Дар ин роҳ нақши омӯзгорон ва дастгирии аҳли оилаатонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Нақши омӯзгорон дар ташаккули дониш ва ҷаҳонбинии ҳар як донишҷӯ хеле муҳим аст. Омӯзгор на танҳо дониш медиҳад, балки ба шогирд роҳи дурусти омӯзиш, мустақилона андешидан ва истифодаи донишро дар амал меомӯзонад.
Ман аз ҳамаи устодоне, ки дар роҳи донишандӯзӣ ба ман кумак кардаанд, сипосгузорам. Махсусан, мехоҳам аз декани факултетамон Темурбекова София Давронбековна ва омӯзгори кафедраи иқтисоди рақамӣ Бахтоваршоҳи Асомуддин барои дастгирӣ ва роҳнамоӣ изҳори миннатдорӣ намоям.
Дастгирии аҳли оила низ барои ман аҳамияти бузург дорад. Падару модар ва наздикон ҳамеша мехоҳанд, ки фарзандонашон соҳиби дониш, касб ва ояндаи дурахшон бошанд. Ман аз падарам, ки дар роҳи таҳсил ва расидан ба ҳадафҳоям маро дастгирӣ мекунанд, махсусан миннатдорам.
Боварӣ ва дастгирии наздикон ба инсон неру мебахшад. Вақте эҳсос мекунӣ, ки заҳматҳоят қадр мешаванд ва одамони наздикат ба ту эътимод доранд, барои пешрафт боз ҳам бештар кӯшиш мекунӣ.
- Ҷолиб аст, ки падари шумо низ омӯзгори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мебошанд. Ба назари шумо, дар муҳити оилае ба воя расидан, ки падар ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул аст, то чӣ андоза ба ҷаҳонбинӣ, интихоби касб ва муносибати шумо ба таҳсил таъсир гузоштааст?
- Бешубҳа, падари ман дар ҳаётам ҷойгоҳи махсус доранд. Он кас ҳамчун омӯзгори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамеша ба донишандӯзӣ, интихоби роҳи дуруст ва расидан ба ҳадафҳои зиндагӣ таваҷҷуҳи маро ҷалб менамоянд. Аз хурдӣ мушоҳида кардани заҳмати омӯзгорӣ ва муносибати падарам ба касбу кор дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва муносибати ман ба таҳсил таъсири мусбат расонидааст.
Барои ман падар танҳо шахси наздик ва роҳнамои зиндагӣ нестанд, балки намунаи масъулиятшиносӣ, меҳнатдӯстӣ ва садоқат ба касб низ мебошанд. Ҳамзамон, мехоҳам ҳар як дастоварди ман натиҷаи дониш, кӯшиш ва заҳмати шахсии худам бошад. Бовар дорам, ки беҳтарин роҳи қадршиносии заҳматҳои падару модар ин хуб хондан, соҳиби касби арзанда шудан ва бо рафтору фаъолияти худ сазовори боварии онҳо гаштан аст.
Ман аз он ифтихор мекунам, ки дар донишгоҳе таҳсил дорам, ки падарам низ дар он фаъолият мекунанд. Ин ҳолат бароям ҳам мояи ифтихор ва ҳам ангезаи бештар барои омӯзишу такмили дониш аст. Кӯшиш мекунам, ки бо истифода аз маслиҳату роҳнамоии падар, дастгирии устодон ва заҳмати шахсӣ дар оянда мутахассиси хуб гардида, ба боварии аҳли оила ва омӯзгоронам сазовор бошам.
- Шумо ба сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии ҷавонон ва фароҳам овардани имкониятҳои таҳсилу рушди истеъдодҳо чӣ назар доред?
- Ман ҳамчун донишҷӯ аз он ифтихор мекунам, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои таҳсил, омӯзиши илмҳои муосир ва иштироки ҷавонон дар озмунҳои гуногун имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Бо истифода аз ин имкониятҳо ҷавонон метавонанд дониш ва маҳорати худро такмил дода, истеъдодашонро нишон диҳанд ва дар рушди кишвар саҳм гузоранд.
Аз ин рӯ, мехоҳам ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳ ба масъалаҳои илму маориф, дастгирии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагиву таҳсил изҳори сипос намоям.
Ҳамзамон, ба роҳбарияти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, махсусан ректори донишгоҳ муҳтарам Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор барои фароҳам овардани имконияти иштирок дар чунин озмунҳо ва дастгирии ташаббусҳои донишҷӯён миннатдорӣ баён мекунам.
Баргузории озмунҳои зеҳнӣ дар дохили муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҷиҳати ошкор намудани истеъдодҳо, баланд бардоштани шавқу рағбати ҷавонон ба илм ва ташаккули рақобати солим мусоидат мекунад.
- Донишҷӯи имрӯза бояд на танҳо дониши назариявӣ дошта бошад, балки онро дар амал низ истифода бурда тавонад. Шумо донишҳои андӯхтаатонро дар оянда чӣ гуна татбиқ кардан мехоҳед?
- Мақсади асосии ман ин аст, ки донишҳои гирифтаамро дар амал татбиқ намуда, мутахассиси соҳибкасб дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ шавам.
Ихтисоси интихобкардаи ман бо низомҳои молиявӣ алоқаманд аст. Аз ин рӯ, мехоҳам дар оянда технологияҳои муосирро барои такмили низомҳои иттилоотӣ, автоматикунонии равандҳо ва ҳалли масъалаҳои соҳаи молия истифода барам.
Зеро имрӯз рақамикунонии иқтисодиёт аҳамияти махсус дорад. Ташкилоту муассисаҳо ба мутахассисоне ниёз доранд, ки ҳам технологияҳои иттилоотиро хуб донанд ва ҳам хусусиятҳои соҳаи иқтисоду молияро дарк кунанд.
Ман мехоҳам маҳз чунин мутахассис бошам. Барои расидан ба ин мақсад зарур аст, ки омӯзишамро пайваста идома диҳам, забонҳои барномасозиро амиқтар омӯзам, таҷрибаи амалии худро зиёд кунам ва аз имкониятҳои донишгоҳ самаранок истифода барам.
- Шумо ҳоло дар курси сеюм таҳсил мекунед. Барои оянда чӣ нақшаҳо доред ва ба ҳамсолони худ чӣ маслиҳат медиҳед?
- Нақшаи аввалиндараҷаи ман бо баҳои хубу аъло хатм намудани донишгоҳ, такмили донишҳои касбӣ ва соҳиб шудан ба таҷрибаи бештар дар соҳаи барномасозӣ мебошад.
Ҳамзамон, мехоҳам дар озмунҳои илмӣ ва зеҳнӣ фаъолона иштирок намуда, дастовардҳои худро боз ҳам беҳтар созам. Орзу дорам, ки дар оянда ҳамчун мутахассиси соҳибтаҷриба фаъолият намуда, бо дониш ва маҳорати худ дар рушди технологияҳои рақамӣ ва иқтисодиёти мамлакат саҳм гузорам.
Ба ҳамсолонам гуфтаниям, ки аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлат ва муассисаҳои таълимӣ самаранок истифода баранд. Бештар китоб хонанд, технологияҳои муосирро омӯзанд, дар озмунҳо иштирок кунанд ва аз мушкилоти роҳ натарсанд.
Ҳар як муваффақият аз як қадами хурд оғоз мешавад. Муҳим он аст, ки инсон ҳадафи равшан дошта бошад, ба қобилияти худ бовар кунад ва барои расидан ба мақсад пайваста меҳнат намояд.
- Дар анҷоми суҳбат мехостем бидонем, ки таҳсил дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои шумо чӣ маъно дорад.
- Ман аз он ифтихор мекунам, ки дар яке аз муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии касбии мамлакат - Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳсил мекунам.
Донишгоҳ барои ман на танҳо макони омӯзиш, балки муҳити ташаккули шахсият, рушди қобилият ва омодагӣ ба ҳаёти мустақилона мебошад. Дар ин ҷо мо донишҳои зарурии касбиро аз худ мекунем, бо технологияҳои нав шинос мешавем ва барои расидан ба ҳадафҳои худ имконият пайдо мекунем.
Ман бовар дорам, ки ҳар як донишҷӯ метавонад бо истифодаи дурусти имкониятҳои мавҷуда ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад. Барои ин танҳо хоҳиш доштан кофӣ нест: бояд ҳадаф гузошт, меҳнат кард, аз таҷрибаи дигарон омӯхт ва ҳар рӯз барои беҳтар шудани худ талош намуд.
Аз ҳамаи омӯзгорон, роҳбарияти донишгоҳ ва наздиконам, ки дар ин роҳ маро дастгирӣ мекунанд, самимона сипосгузорам.
P/S:
Роҳи тайкардаи Ҷалолиддин Воҳидов намунаи он аст, ки шавқу рағбат ба илм, талоши пайваста ва истифодаи дурусти имкониятҳои таҳсил метавонанд барои ҷавонон заминаи муваффақият фароҳам оваранд.
Ӯ, ки таҳсилро аз муассисаи таҳсилоти умумии деҳаи худ оғоз намуда, имрӯз дар курси сеюми ихтисоси марбут ба технологияҳои иттилоотии низомҳои молиявӣ таҳсил мекунад, бо ғолибият дар озмуни ҷумҳуриявии "Беҳтарин барномасоз" як қадами муҳим дар роҳи ташаккули касбии худ гузошт.
Албатта, ин дастовард ҳанӯз оғози роҳ аст. Дар ҷаҳони босуръат тағйирёбандаи технологияҳои рақамӣ барои расидан ба қуллаҳои баланд дониши амиқ, таҷрибаи амалӣ, навоварӣ ва омӯзиши пайваста зарур аст.
Вале муҳим он аст, ки Ҷалолиддин ҳадаф дорад ва барои расидан ба он саъю кӯшиш мекунад. Маҳз чунин ҷавонони пурталош ва донишманду ташаббускор метавонанд дар оянда ба рушди иқтисодиёти рақамӣ, такмили низомҳои молиявӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.
Ҷалолиддин Воҳидов аз ҷумлаи он ҷавононест, ки имрӯз бо дониш роҳи фардои худро месозанд.
Мусоҳиб:
Муҳаммадалӣ ОЧИЛДИЕВ,
сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng