Бо ифтихору хушҳолии зиёд иброз медорам, ки ин ҷашни сарнавиштсозро тамоми сокинони мамлакат чанд рӯз инҷониб дар фазои сулҳу субот, бо рӯҳияи баланди ватандорӣ ва қаноатмандиву шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ таҷлил карда истодаанд.

Ин рӯзи муборак, ки дар саҳифаҳои таърихи навини Ватанамон бо хатти заррин сабт шудааст, барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ, яъне соҳиби давлатдории мустақили миллӣ гардидани миллати тоҷик ва дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани парчами давлати тоҷикон мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият нуқтаи авҷи тафаккури сиёсӣ, волотарин зафари мафкуравӣ ва нишони болотарини озодхоҳии миллати тоҷик дар харитаи замон ашё мегирад. Сиву панҷ сол муқаддам, саҳифаи навини таърихи давлатдории мо кушода шуд ва Тоҷикистони азиз пас аз қарнҳои тулонӣ бори дигар нуфузи худро ба даст овард. Ин рӯзи бошукӯҳ на танҳо як саҳифаи сиёсӣ, балки эҳёи маҷду шарафи тамаддуни ҳазорсола ва бозгашти фархундаи миллати кӯҳанбунёд ба шоҳроҳи таърихи мустақил ва соҳибихтиёри хеш мебошад.

Расидани ба ин рӯзи саид барои мардуми мо бо нархи сангин ва озмоишҳои сахти таърихӣ муяссар шуд. Миллате, ки соҳиби хиради фитрӣ ва фарҳанги оламшумул буд, дар сангинтарин лаҳзаҳо тавонист ақлу заковат ва соҳибдавлатии худро ба намоиш гузорад. Аз гирдоби низоъҳо ва таҳдиди парокандагӣ берун омадани кишвар собит сохт, ки роҳи паймудаи мо роҳи ҳақ, ваҳдати миллӣ ва таҷассуми озодии асил аст.

Дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ, Тоҷикистон ба як кохи муҳташами созандагӣ ва ободӣ мубаддал гашт. Низоми давлатдории муосир таҳкам ёфт, сохторҳои демократӣ қавӣ гардиданд ва Парчами миллии мо дар аросаи ҷаҳонӣ бо ифтихор барафрохта шуд. Татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, бунёди иншооти бузурги энергетикӣ, канда шудани бунбастҳои мувосилотӣ ва гузариши босуръат ба саноатикунонӣ нишон дод, ки ин мардуми фарҳангсолор метавонад баландтарин қуллаҳои тараққиро фатҳ намояд. Аммо ҷавҳар ва мағзи аслии ин давра дар эҳёи маънавиёт ва хотираи фарҳангии миллат мебошад. Забони модарии мо, забони ширину шоиронаи тоҷикӣ мақоми воқеии худро пайдо карда, чун меҳвари ҳастии давлат эътироф гардид.

Занги ғафлат аз мероси фарҳангии ниёгон зудуда шуд ва ҷомеаи мо соҳиби ҳувият ва мафкураи софи миллӣ гардид.

Имрӯз дар остонаи ин ҷашни пуршукӯҳ, мо ба оянда бо нигоҳи пур аз умеду боварӣ меназарем. 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моро водор месозад, ки бештар аз пеш муттаҳид бошем, илму донишро чароғи роҳи хеш қарор диҳем ва барои ободиву созандагии ин сарзамини биҳиштосо аҳлона талош варзем.

Ҷовидон бод Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва поянда бод соҳибихтиёриву сарбаландии миллати фарҳангпарвари тоҷик!

Миралӣ ШОДМОНОВ, омӯзгори ДДМИТ