Мубориза бо ифротгароӣ (экстремизм) яке аз мушкилоти авлавиятноки ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, зуҳури гароишҳои ифротгароӣ дар Афғонистони ҳамсоя тадриҷан ба таҳдиди аслӣ ба амнияти Тоҷикистон табдил меёбад. Масъалаҳои муқовимат ба ифротгароӣ дар ҷумҳурӣ солҳои охир на танҳо аҳамияти худро гум накардаанд, балки чунон ки таҷриба нишон медиҳад, боиси нигаронии рӯзафзуни ҷомеа гардида, яке аз таҳдидҳои асосии амнияти миллии ҷумҳурӣ ва соҳибихтиёрии он мебошад. Мафҳуми «экстремизм» дар санадҳои гуногуни ҳуқуқии ҷумхурӣ муайян шудааст. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ» ифротгароӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ зуҳури шаклҳои шадиди амалҳое мебошад, ки ба ноором кардани субот, тағйир додани сохти конститутсионии кишвар, ғасби ҳокимият ва тасарруфи ваколатҳои он, барангехтани кинаю нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштанд: «Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳу нохоҳ тафаккураш ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад».

Бояд гуфт, ки таърифи истилоҳи «ифротгароӣ» дар адабиёти илмӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ яксон нест.Дар луғати сиёсӣ омадааст, ки ифротгароӣ (аз лотинии extremus - ифротӣ) пойбандӣ ба ақидаҳо ва тадбирҳои ифротӣ дар сиёсат аст.

Ҳамин тавр, мафҳуми «экстремизм» инчунин сафедкунии оммавии терроризм, поймол кардани ҳуқуқ, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, новобаста ба мансубияти иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забонӣ ва муносибати онҳо ба динро дар бар мегирад. Дар ин ҷо нишонаҳои ошуфтагии истилоҳӣ, ки дар натиҷаи омезиши истилоҳоту мафҳумҳои «экстремизм» ва «терроризм» ба вуҷуд меояд, таъкид кардан лозим аст. Аз як тараф, фаъолияти террористӣ воқеан муҳимтарин нақши ифротгароён дар расидан ба ҳадафҳои худ мебошад. Вобаста ба ин, бештар мафҳумҳои «экстремизм» ва «терроризм» барои тавсифи амалҳое истифода мешаванд, ки самти харобиовари зиддидавлатӣ, зиддиҷамъиятӣ ва зиддиинсонӣ доранд. Истилоҳи "терроризм" аз калимаи лотинии "terror" гирифта шуда, маънояш "тарс, даҳшат" аст. Он «амалҳои зӯроварона (таъқиб, харобкорӣ, гаравгонгирӣ, куштор ва ғ.) бо мақсади тарсондан, саркӯб кардани рақибони сиёсӣ, таҳмил кардани як хатти рафторро ифода мекунад.

Дар Тоҷикистон низоми мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар асоси Конститутсияи кишвар, Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ, Қонун “Дар бораи мубориза бо терроризм”, Қонун “Дар бораи мубориза бо ифротгароӣ”, Қонун “Дар бораи милитсия” таъсис ва бунёд карда мешавад.Тадбирҳои зиддитеррористӣ дар доираи муқаррароти Консепсияи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президент ва Ҳукумат, инчунин, шартномаҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешаванд.Дар санади «Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ» гуфта мешавад, ки кишвар бинобар мавқеи геополитикӣ ва геоиқтисодии худ, ҳамчунон, объекти ҳамлаҳои терроризму экстремизми байналмилалӣ боқӣ мемонад.Аз ин лиҳоз, хатари ҷиддӣ ба амният, тавре дар боло зикр гардид, вазъи мураккаби низомию сиёсии Афғонистон мебошад.Дар ҳудуди он як қатор марказҳо ва созмонҳои экстремистии динӣ, лагерҳои омӯзишии террористиву диверсиявӣ фаъолият доранд.Аз он ҷо ҷараёни муҳоҷирати ғайриқонунӣ, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ ба Тоҷикистон қатъ намешавад.

Хурсандибахш аст, ки мақомоти Тоҷикистон пайваста бар зидди ҳама гуна зуҳуроти радикализми исломӣ мубориза мебаранд.Илова бар ин, дар кишварамон ба фаъолияти фирқаҳои ғайриисломӣ ва мубаллиғони мухталиф ҳушёрона назорат мекунанд.

Нисбатан ба эътидол омадани вазъи сиёсии дохилии Тоҷикистон ба коҳиши мизони гароишҳои ифротгароӣ дар кишварамон бешубҳа таъсири мусбат расонд. Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафи ифротгароёни мазҳабӣ мебошад, ки аз хориҷи кишвар кумаки молӣ мегиранд ва мақсади онҳо бо зӯрӣ тағйир додани сохти конститутсионии кишвар мебошад”. Сарвари давлат бо ёдоварӣ аз он намуданд, ки масоҷид танҳо барои намозхонӣ маҳсуб мешавад ва қайд кард: "Аммо имрӯз мебинем, ки баъзе масҷидҳо минбари тарғиби ақидаи ифротгароӣ ва макони ҷалби ҷавонон ба сафи ифротгароён мебошанд."

Албатта, кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд бо ин вабои аср мубориза баранд ва баргузории Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез» дар шаҳри Душанбе фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро фароҳам овард ва аз тамоми кишварҳо тақозо карда шуд, ки дар ҷодаи мубориза ва решакан намудани амали терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ва таъмини суботу амнияти сартосарӣ тавассути андешидани иқдомҳои муштарак ҳамкориҳоро тақвият бахшанд. Албатта, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб на бо роҳи низомӣ, балки танҳо тариқи муколамаи сиёсӣ муборизаҳои дастҷамъона имконпазир аст. Инро таҷрибаи Тоҷикистон собит намудааст.

Ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст дар ҳифзи асолати поки гузашта, нигоҳдории якпорчагии ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошад. Моро лозим аст, ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиром намоянд.

Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд рисолати уҳдадории хешро пеша карда, пеш аз ҳама, имрӯз ҷавононро дар руҳияи меҳанпарастӣ роҳи адолату садоқат, накукорӣ, шукр намудан аз замони осоиштаву имконоти васеи таҳсил, интихоби озодонаи касбу кор тарбия намоем, то ки онҳо фирефтаи ваъдаҳои бебунёди гурӯҳҳои иғвопеша нагарданд. Моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати кирдорҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем.

 

Абубакр КАБИРОВ,

н.и.ф-м., дотсенти кафедраи математикаи олии ДДМИТ