ФАЛСАФАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ: АЗ ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ТО 35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ
Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат бузургтарин арзиши сиёсӣ, таърихӣ ва маънавӣ ба шумор рафта, барои ҳар як фард имконият медиҳад, ки сарнавишти худро мустақилона муайян намояд, давлатдории миллии худро таҳким бахшад ва роҳи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро интихоб кунад. Истиқлолияти давлатӣ оғози марҳилаи нави таърихӣ, заминаи эҳёи худшиносии миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии нави шаҳрвандӣ гардид.
Фалсафаи Истиқлолият пеш аз ҳама ба мафҳуми озодӣ пайвандӣ дорад. Озодии воқеӣ танҳо дар мавҷудияти ҳуқуқи интихоб ифода намеёбад, балки масъулияти қабули қарор ва натиҷаи онҳоро низ дарбар мегирад. Миллате, ки соҳибистиқлол аст, бояд тавонад роҳи рушди худро мустақилона муайян кунад ва барои ояндаи худ масъулият дошта бошад
Дар фалсафаи истиқлолият мафҳуми худшиносии миллӣ низ ҷойгоҳи махсус дорад. Истиқлолияти сиёсӣ бе худшиносии миллӣ наметавонад пойдор бошад. Миллат бояд таърихи худро омӯзад, забон ва фарҳанги худро ҳифз кунад, мероси маънавии гузаштагонро бишиносад ва дар баробари ин, бо дастовардҳои илму фарҳанги ҷаҳонӣ робитаи созанда дошта бошад.
Пешрафти технология, густариши фазои иттилоотӣ ва наздикшавии фарҳангҳо, имкониятҳои нав, ҳифзи забон, фарҳанг, хотираи таърихӣ ва арзишҳои маънавӣ вазифаи муҳим боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, Истиқлолият на танҳо ҳамчун Итиқлолияти сиёсӣ, балки ҳамчун истиқлолияти фикрӣ, маънавӣ ва фарҳангӣ низ дарк карда шавад.
Дар давоми 35 соли Истиқлолият, Тоҷикистон марҳилаҳои гуногуни давлатсозиро паси сар намуд. Аз барқарор намудани сулҳу субот то таҳкими институтҳои давлатӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ин ҳама қисми муҳими таҷрибаи давлатдории навини кишвар мебошад. Дар ин раванд сиёсати давлат таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи субот, рушди кишвар ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ равона гардид.
35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, пеш аз ҳама, бояд моро ба андеша дар бораи масъулияти ҳар як шаҳрванд водор созад. Зеро истиқлолият танҳо дастоварди таърихӣ нест; он масъулияти наслҳо мебошад. Насли имрӯз бояд он чизеро, ки аз гузашта ба мерос гирифтааст, ҳифз намояд ва барои наслҳои оянда давлатро боз ҳам нерумандтар, ҷомеаро босуботтар ва фарҳангро пешрафтатар намуда, ба мерос гузорад.
Дар ин раванд ҷавонон нерӯи муҳими рушди давлат ба ҳисоб рафта, аз сатҳи маърифат, ҷаҳонбинӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти онҳо ояндаи ҷомеа вобастагии зиёд дорад. Аз ин рӯ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносӣ, донишандӯзӣ, меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ яке аз вазифаҳои муҳими давлати соҳибистиқлол мебошад.
Мафҳуми созандагӣ аз ҳамин ҷо аҳамияти махсус пайдо мекунад. Истиқлолият бояд бо меҳнат ва фаъолияти созанда таҳким ёбад. Ободии кишвар, рушди иқтисод, пешрафти илму маориф, ҳифзи фарҳанг, тарбияи насли солимфикр ва таҳкими қонуният аз самтҳои муҳими давлатсозӣ мебошанд.
Ҳамин тавр, фалсафаи Истиқлолияти Тоҷикистонро метавон дар ягонагии озодӣ, соҳибихтиёрӣ, ваҳдат, худшиносӣ, дониш, масъулият ва созандагӣ дарёфт. Истиқлолият заминаи эҳёи давлатдории миллӣ гардид, сулҳу ваҳдат имкони таҳкими онро фароҳам овард ва созандагӣ вазифаи асосии идомаи ин роҳ мебошад.
Орифҷон ФОЗИЛЗОДА,
омӯзгори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng