Дар замони муосир, ки рушди сармояи инсонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва тарбияи ҷавонони ватандӯсту ташаббускор аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор мераванд, дастгирӣ ва қадршиносии ҷавонони соҳибистеъдод аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Ҷавононе, ки дар баробари таҳсил, аз худ намудани донишҳои муосир ва омодагӣ ба фаъолияти касбӣ дар соҳаҳои гуногуни ҷамъиятӣ, аз ҷумла варзиш ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд, намунаи ибрат ва ифтихори ҷомеа мебошанд.

Варзиш воситаи таҳкими саломатӣ ва рушди қобилиятҳои ҷисмонӣ, мактаби бузурги тарбияи инсон, ташаккули ирода, матонат, интизом, масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба рақиб ва ҳисси баланди ватандӯстӣ мебошад. Ҳар як ғалаба дар майдони варзиш натиҷаи заҳмати пайваста, омодагии ҷиддӣ, устувории равонӣ ва боварӣ ба неруи худ аст. Махсусан, вақте ки варзишгар дар мусобиқаҳои байналмилалӣ Парчами давлатиро муаррифӣ менамояд, дастоварди ӯ мояи ифтихори миллат ва давлат мегардад.

Дар ин замина, фаъолияти варзишӣ ва дастовардҳои Амирбекзода Муҳаммадрофеи Ҳабибулло, донишҷӯи факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон қобили таваҷҷуҳ ва қадрдонӣ мебошанд. Муҳаммадрофеъ ҳамчун намояндаи насли ҷавони ҷудокорони тоҷик дар вазни то 66 килограмм дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҳунарнамоӣ намуда, бо ба даст овардани натиҷаҳои назаррас барои рушди минбаъдаи фаъолияти варзишии худ заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Ҷудо яке аз намудҳои маъруфи варзиш буда, дар он қувваи ҷисмонӣ, тафаккури стратегӣ, суръати қабули қарор, мувозинат, чолокӣ, устувории равонӣ ва маҳорати техникии варзишгар нақши ҳалкунанда доранд. Ҷудокор бояд дар ҳар лаҳза вазъияти рақобатро дуруст арзёбӣ намуда, имкониятҳои худро самаранок истифода барад ва дар баробари мушкилот устувор бошад.

Маҳз чунин хусусиятҳои ҷудо дар ташаккули шахсияти ҷавонон таъсири мусбат мерасонанд. Машғул шудан ба ин намуди варзиш аз варзишгар меҳнатдӯстӣ, сабру таҳаммул, эҳтироми қоидаҳо, риояи интизом ва масъулияти баландро тақозо менамояд.

Ин арзишҳо дар фаъолияти Муҳаммадрофеи Ҳабибулло низ аҳаммияти хос доранд. Интихоби роҳи ҷудо ва талош барои муваффақ шудан дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ аз ҳадафмандӣ ва кӯшиши пайвастааш дарак медиҳад.

Ҳунарнамоӣ дар вазни то 66 килограмм рақобати ҷиддиро талаб мекунад. Дар ин вазн варзишгарон бо омодагии хуби ҷисмонӣ, маҳорати баланди техникӣ ва таҷрибаи мусобиқаӣ ба майдон мебароянд. Ҳар як ғалаба ва ҳар як натиҷаи мусбат барои варзишгари ҷавон арзиши махсус дошта, марҳилаи муҳими такмили маҳорати касбиаш ба ҳисоб меравад.

Яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми рушди фаъолияти варзишии Муҳаммадрофеи Ҳабибулло иштироки мунтазамаш дар мусобиқаҳои байналмилалии ҷудо байни ҷавонон мебошад. Ин мусобиқаҳо барои варзишгарони ҷавон имконияти арзишманди санҷидани маҳорат, андӯхтани таҷриба ва муқоисаи сатҳи омодагии худро бо варзишгарони кишварҳои дигар фароҳам меоранд.

Дар ин самт, натиҷаҳои бадастовардаи ӯ дар солҳои 2025 ва 2026 қобили зикр мебошанд.

Яке аз марҳилаҳои муҳимми корномаи варзишии Муҳаммадрофеи Ҳабибулло иштироки ӯ дар мусобиқаи Ҷоми Осиё байни ҷавонон мебошад, ки 22 ноябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Варзишгари ҷавон дар вазни то 66 килограмм ба рақобат баромада, тавонист ду ғалаба ба даст орад. Ин натиҷа барояш имконияти хуби андӯхтани таҷрибаи мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ гардид.

Иштирок дар чунин мусобиқаҳо ба варзишгар имкон медиҳад, ки бо услубҳои гуногуни рақобати ҷудокорони дигар кишварҳо шинос шуда, ҷиҳатҳои қавӣ ва самтҳои такмилталаби маҳорати худро муайян намояд. Ҳар як қувваозмоӣ барои варзишгари ҷавон дарси таҷриба ва қадами нав дар роҳи пешрафт мебошад.

Давоми мантиқии пешрафти варзишии Муҳаммадрофеи Ҳабибулло дар соли 2026 ба қайд гирифта шуд. Ҳамин тавр, 30 майи соли 2026 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон мусобиқаи Ҷоми Осиё байни ҷавонон баргузор гардид. Дар ин мусобиқа варзишгарони ҷавон аз кишварҳои гуногун барои ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ ва нишон додани маҳорати худ рақобат намуданд.

Муҳаммадрофеи Ҳабибулло дар вазни то 66 килограмм ҳунарнамоӣ карда, бо нишон додани омодагии хуби варзишӣ ва иродаи устувор мақоми сеюмро соҳиб гардида, бо гирифтани медали биринҷии мусобиқа ба қатори ҷоизадорони Ҷоми Осиё дохил шуд.

Дастоварди дигари назаррас ва муҳимми Муҳаммадрофеи Ҳабибулло ба Чемпионати Осиё байни ҷавонон дар имсол рост меояд. Мусобиқа рӯзҳои 18-19 июли соли 2026 дар шаҳри Аммони Шоҳигарии Урдун баргузор гардида, варзишгарони беҳтарини ҷавони қораи Осиёро гирди ҳам овард. Чемпионати мазкур аз ҷумлаи мусобиқаҳои бонуфузи қоравӣ ба ҳисоб рафта, иштирок дар он барои ҳар як варзишгари ҷавон имкони муҳимми санҷиши маҳорати касбӣ мебошад. Муҳаммадрофеи Ҳабибулло Тоҷикистонро намояндагӣ намуда, тавонист мақоми сеюмро соҳиб шуда, медали биринҷии Чемпионати Осиёро ба даст орад.

Ҳамин тариқ, Муҳаммадрофеи Ҳабибулло дар соли 2026 тавонист дар ду мусобиқаи муҳим - Ҷоми Осиё дар Тошканд ва Чемпионати Осиё дар Аммон ду медали биринҷӣ ба даст орад. Ин натиҷаҳо аз рушди фаъолияти варзишии ӯ ва тақвият ёфтани таҷрибаи байналмилалиаш шаҳодат медиҳанд.

Дар корномаи байналмилалии донишҷӯйи ДДМИТ иштироки мусобиқаҳои солҳои 2023, 2024, 2025 ва 2026 аз ҷумла мусобиқаҳои Ҷоми Осиё дар шаҳрҳои Тошканд, Алмато ва Душанбе сабт гардидааст.

Яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми фаъолияти ӯ мавқеи ишғолкардааш дар рейтинги ҷаҳонии ҷавонон мебошад. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, то 9 ноябри соли 2026 ӯ дар вазни то 66 килограмм бо 202 имтиёзи рейтингӣ мақоми 34-юми рейтинги ҷаҳонии ҷавононро ишғол намудааст.

Албатта, рейтинг нишондиҳандаи тағйирёбанда буда, вобаста ба натиҷаҳои мусобиқаҳои минбаъда метавонад тағйир ёбад. Аммо қарор доштан дар миёни варзишгарони рейтингдори ҷаҳон барои як ҷудокори ҷавони тоҷик натиҷаи назаррас ва заминаи мусоид барои пешрафти минбаъда мебошад.

Ҷанбаи дигари қобили таваҷҷуҳи фаъолияти Муҳаммадрофеи Ҳабибулло он аст, ки ӯ дар баробари фаъолияти варзишӣ ба таҳсил ва рушди маърифатии худ низ аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад. Ӯ донишҷӯи соли аввали ихтисоси 1960101-и факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон буда, таҳсил дар ихтисоси хадамоти гумрук барои аз худ намудани донишҳои соҳавӣ, шиносоӣ бо низоми фаъолияти гумрукӣ, муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, равандҳои тиҷорати хориҷӣ ва масъалаҳои таъмини амнияти иқтисодӣ заминаи зарурӣ фароҳам меорад.

Дар шароити муосир, ки муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ босуръат рушд мекунанд ва соҳаи гумрук дар таъмини амнияти иқтисодии давлат мавқеи муҳим дорад, омода намудани мутахассисони соҳибдониш, масъулиятшинос ва дорои ҷаҳонбинии васеъ аҳаммияти махсус касб менамояд.

 

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар тарбияи мутахассисони оянда ва рушди неруи зеҳниву эҷодии ҷавонон нақши муҳим дорад. Дастоварди донишҷӯе, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ намуда, дар баробари ин таҳсили худро идома медиҳад, барои муҳити донишгоҳӣ низ аҳаммияти хос дорад.

Чунин ҷавонон метавонанд ба ҳамсолони худ нишон диҳанд, ки муваффақият бо истеъдоди табиӣ, меҳнат, сабру таҳаммул, худтакмилдиҳӣ ва истифодаи дурусти имкониятҳо ба даст меояд.

Ҳамчунин, қадршиносии дастовардҳои донишҷӯён, шинос намудани ҷомеаи донишгоҳӣ бо фаъолияти онҳо ва фароҳам овардани муҳити мусоиди таълимӣ барои ҷалби ҷавонони бештар ба варзиш ва дигар самтҳои созанда мусоидат менамояд.

Муваффақияти чунин ҷавонон барои ҷомеаи донишгоҳӣ мояи ифтихор ва барои насли наврасу ҷавон намунаи ибрат мебошад. Зеро ҳар як қадами устувор дар роҳи донишандӯзӣ, ҳар як ғалаба дар майдони варзиш ва ҳар як натиҷаи мусбат дар арсаи байналмилалӣ метавонад ба ояндаи дурахшони шахс ва муаррифии шоистаи Ватан мусоидат намояд.

Бовар дорем, ки Муҳаммадрофеи Ҳабибулло бо идомаи тамринҳои мақсаднок, такмили маҳорати варзишӣ ва саъю талош дар роҳи таҳсил минбаъд низ ба натиҷаҳои баландтар ноил гардида, дар оянда Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро дар арсаҳои гуногуни байналмилалӣ бо дастовардҳои нав муаррифӣ хоҳад кард.

Ба ин варзишгари ҷавон дар роҳи донишандӯзӣ, тамринҳои пурмашаққат ва мусобиқаҳои минбаъда барору комёбӣ, иродаи қавӣ, саломатии бардавом ва пирӯзиҳои нав таманно дорем!

 

Наврӯз ҶОБИРЗОДА