Китоб дар таърихи тамаддуни башар яке аз муҳимтарин пояҳои ҳофизаи таърихӣ, худшиносии миллӣ ва ташаккули тафаккури инсон ба шумор меравад. Миллатҳое, ки ба китоб, дониш ва мероси хаттӣ арҷ мегузоранд, таҷрибаи таърихии худро ба наслҳои оянда интиқол медиҳанд ва заминаи маънавии рушди ҷомеаро устувор месозанд.

Дар даврони истиқлолият масъалаи китобхонӣ ва дастрасии ҷомеа ба адабиёти таърихию фарҳангӣ дар сиёсати фарҳангии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус пайдо кард. Яке аз самтҳои намоёни ин раванд дастгирии китобу китобхонаҳо, ташкили озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва тақдими осори бузурги таърихию адабӣ ба аҳолӣ мебошад.

Яке аз иқдомҳои муҳим дар ин самт ба ҳар оилаи кишвар тақдим намудани китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров мебошад.

Соли 2019 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дастур дода шуд, ки асари бунёдии Бобоҷон Ғафуров - «Тоҷикон» аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардида, ба ҳар як оилаи кишвар ҳамчун туҳфа тақдим карда шавад. Масъалаи тарҷума ва паҳн намудани нусхаи электронии он низ ба миён гузошта шуд. Барои татбиқи ин иқдом тақрибан 1 миллиону 600 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон» ба табъ расид.

Ин иқдом аҳамияти омӯзиши таърихро ба миён мегузорад, зеро «Тоҷикон» яке аз сарчашмаҳои муҳим барои шинохти гузаштаи халқ ва ташаккули тасаввуроти таърихии ҷомеаи тоҷик мебошад.

Қадами дигари бузург тақдими «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба ҳар хонадони Тоҷикистон мебошад. 5 декабри соли 2023 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ бахшида ба 115-солагии Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ нашр гардида, ба тамоми мардуми мамлакат тақдим карда шавад. Ин дастур дар соли 2025 ба марҳилаи амалӣ расид. «Шоҳнома» дар ду ҷилд ва бо теъдоди умумии 1 миллиону 700 ҳазор нусха нашр гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки дар «Шоҳнома» масъалаҳои давлатдорӣ, ватандӯстӣ, хирад, адолат, масъулияти инсон ва муносибати давлату ҷомеа ба таври бадеӣ инъикос шудаанд. Аз ин рӯ, ворид шудани он ба хонадони мардум метавонад ба омӯзиши таърих ва фарҳанг низ мусоидат кунад.

Агар тақдими «Тоҷикон» ва «Шоҳнома» имкони дастрасӣ ба китобро зиёд кунад, озмунҳои китобхонӣ як қадами дигар  табдил додани мутолиа ба фаъолияти фаъолонаи маърифатӣ мебошанд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз ҷумлаи чунин ташаббусҳост. Ҷолиб аст, ки дар он хонандагон, донишҷӯён, омӯзгорон, кормандони илм ва адаб, намояндагони касбу корҳои гуногун ва калонсолон низ иштирок мекунанд. Ҳамин фарогирӣ китобхониро ба як падидаи иҷтимоӣ табдил медиҳад.

Дар соли 2024 Шоҳҷоизаи озмун 70 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда буд. Тибқи маълумоти расмӣ, дар давоми шаш соли баргузории озмун маблағи Шоҳҷоиза аз 20 ҳазор ба 70 ҳазор сомонӣ расонида шудааст.

Дар соли 2026 низ дастгирии молиявии озмун идома ёфта, барои ҷоизаҳо ва Шоҳҷоиза 6 миллиону 70 ҳазор сомонӣ, барои омӯзгорони ғолибон 1 миллиону 520 ҳазор сомонӣ ва барои дигар хароҷот 700 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Маблағи умумӣ 8 миллиону 290 ҳазор сомонӣ мебошад.

Тақдими «Шоҳнома» ба оилаҳо бо ташкили озмуни махсус низ пайваст гардид. Барои соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» таъсис дода шудааст.

Дар яке аз гурӯҳҳои синнусолии озмун барои ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм 40 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китоб ҳамчун василаи маърифат ва рушди шахсият борҳо таъкид шудааст. Дар яке аз Паёмҳо китоб «маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун» ва яке аз воситаҳои муҳими маърифатнок кардани ҷомеа арзёбӣ гардидааст. Дар ин замина, барои зиёд намудани мутолиаи адабиёти бадеӣ ва ҷалби ҷомеа ба китобхонӣ вазифаҳо гузошта шуданд.

Дар баробари дастгирии осори классикӣ, худи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ муаллифи як силсила асарҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ мебошанд. Аз ҷумла, асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ», «Забони миллат - ҳастии миллат», «Чеҳраҳои мондагор», «Уфуқҳои Истиқлол», «Имоми Аъзам ва фарҳанги миллӣ» ва дигар осор зикр шудаанд.

«Тоҷикон дар оинаи таърих» дар чор китоб ва «Забони миллат — ҳастии миллат» дар ду китоб муаррифӣ шудаанд.

Хуллас, фарҳангдӯстӣ аз мутолиа оғоз меёбад, худшиносӣ бо дониш устувор мегардад ва ояндаи миллат аз насли китобхон қувват мегирад.

 

Шарифа РАВШАНОВА,

китобдори калони Китобхонаи илмии ДДМИТ