ИСТИҚЛОЛ ЧАРОҒИ РОҲИ МО БА СӮИ ФАРДОСТ!
Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик бузургтарин дастоварди таърихӣ ва омили муҳими рушди давлатдорӣ ба шумор меравад. Имрӯз мо, ҷавонони замони соҳибистиқлолӣ дар шароите зиндагӣ ва таҳсил дорем, ки барои омӯзиш, касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва истифодаи дастовардҳои муосири илму техника имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудаанд. Аз ин хотир, мо бояд ба қадри ин неъмати бузург расида, бо дониш, меҳнати содиқона ва рафтори намунавӣ дар ободии Ватан саҳм гузорад.
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир нақши муҳим дорад. Боиси ифтихор аст, ки ДДМИТ имсол 30-солагии таъсисёбии худро таҷлил менамояд. Барои мо, ки маҳз дар солҳои ҷашнии донишгоҳ таҳсил мекунем, ин сана аҳамияти хос дошта, дар хотираҳо ҳамчун як давраи муҳими ҳаёт ва донишандӯзӣ боқӣ хоҳад монд.
Замони муосир аз ҳар як ҷавон дониши васеъ, ҷаҳонбинии баланд, малакаи истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва донистани забонҳои хориҷиро талаб мекунад. Мақсад ин ки мутахассиси замони нав бояд пайваста дониш омӯзад, забонҳои хориҷиро аз худ намояд, аз навгониҳои соҳаи худ огоҳ бошад ва тавонад донишу малакаи худро дар амал татбиқ кунад.
Аз ин нуқтаи назар, фароҳам гардидани имкониятҳои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар ДДМИТ барои мо аҳамияти калон дорад. Махсусан, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва густариши робитаҳои иқтисодию фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон, донистани забони англисӣ яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани рақобатпазирии мутахассисони ҷавон мебошад. Имрӯз мо метавонем дар синфхонаҳои муҷаҳҳази донишгоҳ, аз ҷумла синфхонаҳои лингафонӣ аз таҷрибаи устодони соҳибтаҷриба истифода бурда, малакаи гуфтор, навиштор ва муоширати касбии худро такмил диҳем.
Дар баробари ин, табодули таҷриба, ҷалби мутахассисони забондон ва истифодаи усулҳои муосири таълим барои васеъ гардидани ҷаҳонбинии мо -донишҷӯён мусоидат намуда истодааст. Чунин шароит моро водор месозад, ки ба таҳсил бо масъулияти бештар муносибат намуда, барои соҳиб шудан ба донишҳои муосир ва малакаҳои баланди касбӣ кӯшиш намоем.
Ҳар як шаҳрванди кишвар, махсусан ҷавонон ва донишҷӯён бояд забони давлатиро хуб омӯзанд, меъёрҳои онро риоя кунанд ва дар баробари он барои аз худ намудани забонҳои хориҷӣ низ талош намоянд.
Имрӯз мо, донишҷӯёни ДДМИТ дар фазое таҳсил менамоем, ки барои донишандӯзӣ имкониятҳои зарурӣ мавҷуданд. Аз ин рӯ, вазифаи мо бо натиҷаҳои хуби таҳсил, интизоми намунавӣ, эҳтироми устодон ва иштироки фаъолона дар ҳаёти донишгоҳ ба боварии ҷомеа сазовор шудан ба ҳисоб меравад.
Истиқлол ба мо озодии андеша, имконияти таҳсил ва роҳи васеи рушди шахсиятро фароҳам овардааст. Мо бояд ин имкониятҳоро самаранок истифода бурда, донишҳои иқтисодӣ, забонӣ ва техникии худро такмил диҳем. Зеро ояндаи Тоҷикистон ба дониш, ҷаҳонбинӣ, масъулият ва меҳнати созандаи насли ҷавон вобаста аст.
Шукргузорӣ аз Ватан бояд пеш аз ҳама, дар амал зоҳир гардад, хуб таҳсил кардан, касби интихобкардаро амиқ омӯхтан, забонҳои хориҷиро донистан, фарҳанги миллиро эҳтиром намудан ва барои ободии ҷомеа саҳм гузоштан шиори зиндагии мо бояд бошад. Мо - ҷавонони соҳибистиқлол бояд бо дониш, меҳнат ва ахлоқи ҳамида номбардори Ватан, донишгоҳ ва падару модари худ бошем. Зеро Ватани ободу озод ва ояндаи дурахшонро маҳз насли донишманду соҳибмаърифат ва дорои ҷаҳонбинии васеъ месозад.
Фахриддин РАҶАБОВ,
донишҷӯи курси 3 ихтисоси 1-25010300 - иқтисоди ҷаҳони факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng