ИСТИҚЛОЛ НЕЪМАТЕСТ БЕБАҲО
Истиқлол неъматест, ки ба даст овардани он ганҷинаи бузурги сулҳ, ваҳдат, якдилӣ, ҳамбастагӣ ва имконияти аз нав зинда намудани таърихи миллат, тамаддун, фарҳанг ва дар меҳвари он бунёди давлати муосирест, ки тавони онро дошта бошад, ки аз хокистар бархеста, қомати худро дар ҷаҳони имрўзаи пуртазоди инкишофёбанда боз боло бардорад.
Миллати тоҷик таърих, тамаддун ва фарҳанги куҳанбунёдро доро мебошад. Нигоҳ ба таърихи гузашта намуда, мо боз ҳам огоҳ мешавем, ки новобаста ба муборизаву набардҳои дар ин сарзамин анҷомшуда, миллати тоҷик тавони дар арсаи ҷаҳони имрўза нигоҳ доштани марзу буми худро ҳамчун як давлати таърихи ғаниву рангиндошта ва ҳифзи худ аз парокандагӣ муаррифӣ намудааст.
Истиқлол волотарин мақсади бадастовардаи миллат мебошад, ки худ ганҷинаи хушбахтист. Аммо қайд кардан зарур аст, ки баъд аз барҳамхурии давлатдории Сомониён миллати тоҷик мақоми худро гум карда буд, аммо забони шевои тоҷикии худро ҳифз намуд. Ин аст тавоноиву истодагарии миллати тоҷик ба он набардҳои сангину зулму шиканҷа, ки оқибаташ истодагарии бузурги ин мардуми азобдида мебошад.
9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон дар арсаи таърих ҳамчун давлати соҳибистиқлол муаррифӣ гардид.
Соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баъзе гурўҳҳои манфиатхоҳ маъқул нашуд, ки сабаби дар байни мардуми бегуноҳ оташи кинаву кудуратро барангехтан гашт ва онҳоро бар зидди якдигар дар ҳолати нафрату ҷанг қарор дод. Моҳи майи соли 1992 ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд. Ҷанги даҳшатбори мазкур тамоми мардумро азоб дод, тифлаконро бе волидайн, модаронро бе фарзанд, хоҳарро бе бародар, занҳоро бе шавҳару мардумро муҳоҷир кард.
Аммо ин ниятҳои нопоки душманони миллат дер давом накард. Муъҷизае ба амал омад. Фарзанди далеру шуҷои ин миллат, ки дар ҷараёни парокандашавӣ, ноумедӣ, зулму шиканҷа аз миёни халқи тоҷик бархесту ба дилҳои ин мардуми озордида донаи умед ба ояндаи нек кошт, ин ҳам Эмомалӣ Раҳмон буданд.
Санаи тақдирсоз, ки дар ин рўз Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 12 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид, 16 ноябри соли 1992 буд, ки якчанд рўз пас аз он, яъне 19 ноябр Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардид ва савганди худро бо чунин суханҳо ёд карданд: “Ман оғози кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем”.
Савганди ёдкардаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадами бузурги хушбахтиву муваффақиятҳо барои мардуми тоҷик гардид.
Имрўз маълум аст, ки бо азму талошҳои шабонарўзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як давлати соҳибистиқлоли рушдёбанда ва пешрафта табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар тамоми гўшаву канори ҷаҳон мешиносанд ва эътироф менамоянд. Тоҷикистон дар айни замон аъзои созмонҳои зиёди байналмилалӣ буда, дар ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи ҷаҳони муосир саҳмгузор аст, ки шаҳодат аз узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ будани он аст.
Аз ин лиҳоз, моро мебояд, ки ин неъмати бебаҳоро ҳифз кунем ва нагузорем чашми нохалафе ба сарзамин ва миллати тоҷик афтад. Мо бояд талошу кўшишҳои зиёд барои боз ҳам рушду равнақ ёфтани кишвари соҳибистиқлоли худ анҷом диҳем. Инчунин, дар рафти тарбияи насли ҷавону ояндасоз саҳмгузор бошему онҳоро бо меҳру муҳаббати дучанд тарбият кунем, то ки чароғи умеди зиндагонии миллати тоҷик асрҳои аср фурўзон бошад.
Шаҳноза Абдуллоева,
ассистенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор
Тел.: 909 08 09 90
Тоҷ
Рус
Eng