Омили ҳастии ҳар як миллат ин андешаи Истиқлол ва бунёди давлати мустақили миллӣ ба ҳисоб меравад. Истиқлолият боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик аст, ки маҳз бо шарофати он Тоҷикистони азизи мо ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Маҳз дар ин даврон, Тоҷикистон ҳамчун давлати нави ҳуқуқбунёд ба арсаи сиёсати ҷаҳон қадам гузошт.

Таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати тоҷикон қомат рост кард ва ба бунёдкорию созандагиҳо рӯ ба фардои умед овард. Кори тамоми соҳаҳои кишвар дар ин айём ботадриҷ ва мувафақона пеш рафта, истеҳсолот афзуд, иқдисотиёти мамлакат оҳиста-оҳиста рӯ ба рушд ниҳод.

Тавре дар назар буд, мамлакати мо ба модели инноватсионии рушди иқтисодиёт расид. Амалишавии мақсадҳои иқтисодии ҷамъиятӣ бо намуди рушди  инноватсионӣ ба он алоқаманд мебошад, ки асоси онро раванди доимӣ ва мақсадноки ҷустуҷӯ, омодасозӣ ва амалисозии навовариҳо ташкил медиҳад. Таҷрибаи як қатор мамлакатҳо нишон медиҳад, ки ислоҳоти ба низоми рушди соҳаи навоварӣ равонашуда, нерӯи иқтисодиро ҳатто дар даврони буҳрон ҳам метавонад  мустаҳкам намояд.

 Яке аз бахшҳои пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон ва бо ҷои кор таъмин намудани аҳолӣ, соҳаи кишоварзӣ буда рушди он солҳои охир дар сатҳи устувор қарор дорад. Дар натиҷаи тадбирҳои то ба имрӯз андешидашуда, тараққиёти воқеии Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардида, дар даҳ соли охир 2 баробар зиёд шуд ва ҳоло ба ҳисоби миёна 24%-и Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишваро ташкил медиҳад. Тавре аён аст, давлат ва Ҳукутати мамлакат таъмин намудани пешрафти соҳаи соҳибкокиро яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти худ қарор дода, барои дастгирии соҳибкорон ва таъмини шароити мусоиди ташаккули соҳа, Вазоратҳои адлия, кишоварзӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук пешниҳодҳои заруриро ба Ҳукумати мамлакат манзур намудаанд.

Қобили зикр аст, ки дар замони Истиқлолият соҳаи маориф ва фарҳанг ба як рукни муҳимми иҷтимоӣ табдил ёфта, ҳамчун ҷавҳари ҳастии  миллат эътироф гардидаанд. Зеро, ин падидаҳои бузурги башарӣ дар ташакули маънавии ҷомеа хизмат намуда, дар тарбияи насли наврас, шинохти  рисолати таърихӣ, густариши эҳсоси ватандорӣ ва худшиносиву худогии миллӣ таъсири амиқ мегузорад.

Тайи солҳои охир, дар соҳаи маорифи кишвар ислоҳоти ҷидди амалӣ карда шуд. Дар ин самт Ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани низоми нави таҳсили миёнаи умумӣ, ворид сохтани паркҳои технологӣ дар ҷараёни таълим ва истифодаи усулҳои замонавӣ барномаҳои махсус қабул намуд, ки онҳо барои мутобиқ гардидани сатҳу сифати дониши хонандагон ва талаботи меъёрҳои ҷаҳони заминаи мусоид фароҳам овардаанд.

Яке аз ҳуҷҷатҳои муҳиме, ки ҳамчун дастоварди шоистаи давраи Истиқлолият дар соҳаи маориф ба имзо расид, Созишнома дар бораи эътирофи маълумоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аврупо ба шумор меравад. Ҳуҷҷати мазкур ба хатмкунандагони мактабҳои олии кишвар имкон медиҳад, ки дар давлатҳои Аврпо низ фаолият карда, донишу таҷрибаи худро таҳким бахшанд.

Тавре мебинем, тадбирҳои то ба имрӯз татбиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, боиси беҳтар шудани нишондиҳандаҳои рушди нерӯи инсонӣ гардида, ба амалишавии афзалиятҳои муайяншуда оид ба сатҳи зиндагӣ, маърифатнокӣ, давонокии умр, болоравии сатҳи зеҳнии он, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи аҳолӣ ва дар маҷмуъ ба пешравии ҷомеа таъсири мусбат мегузорад.

Шуруъ аз соли 2004, дар соҳаи маориф ислоҳоти навсозӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот оғоз гардид ва ин раванди созанда, фароҳам овардани механизми рушди устувори низоми маориф ва ба талаботи асри 21 мутобиқ намудани он, таъмин кардани рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар мебошад.

Бо ташаббуси Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020–2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидааст. Ҷиҳати гуманитарикунонии таълим дар низоми таҳсилот низ тадбирҳои назаррас амалӣ гардида, ба омӯзиши забони давлатӣ забони хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисӣ таваҷҷуҳи бештар дода шуда, фанҳои риёзӣ ва табиӣ соҳиби афзалият гардидаанд. Ин  иқдом боиси беҳтар гардидани шароити кор ва сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсилот мегардад. Воқеан ҳам, донистани забонҳои хориҷӣ дар навбати аввал русиву англисӣ,  ба ташакули мафкура ва ҷаҳонбинии наврасону чавонон мусоидат мекунад ва ҷиҳати азхудкунии техникаву технологияҳои муосир, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ ба онҳо роҳи васеъ мекушояд.

Таҷрибаи таърихӣ собит кардааст, ки инсони босаводу соҳибмаърифат барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо ва нерӯву захираи тавонои зеҳнӣ ба   шумор меравад. Агар мо хоҳем ки давлатамон пешрафтаву нерӯманд ва ҷомеаи кишварамон осуда бошад, бояд фарзандонамонро босаводу соҳибмаърифат ва ҳамқадам бо замон тарбия намоем .

Бояд гуфт, ки ояндаи ҷомеа, идораи давлату миллат, ҳифз кардан ва афзун намудани музаффариятҳои Истиқлолият аз ҷавонон вобаста аст. Аз ин рӯ дар шароити имрӯза тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ваҳдат, худшиносии миллӣ ва ватан  дӯстӣ аҳамияти калонро касб мекунад. Ин амр аз тамоми ҷомеа алалхусус аз устодони мактабҳои олӣ тақозо дорад, ки моҳияти ваҳдату якдилӣ, ватандорӣ ва ифтихори миллиро ба ҷавонон ташвиқ  намоянд, зеро,  дур  шудан аз асли хеш маҳву заволи миллат аст.  Воқеан, Истиқлолият ҳамон  вақт маънӣ ва моҳияти воқеӣ пайдо мекунад, ки ҷавонон  сабақҳои онро ҳамчун дастоварду неъмати бузурги таърихӣ ҳаматарафа омӯзанд, Ватан, миллат, забон ва фарҳанги миллии хешро азизу гиромӣ доранд.

Инак, 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки ба хотири боз ҳам таҳким бахшидан ба дастовардҳои Истиқлолият ва ободии Ватани азизамон, рисолати шаҳрвандии худро дар назди халқу давлат софдилона иҷро намоем.

 

Амирхон БАРОТОВ.

мудири кафедраи аудит ва назорати молиявӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент