ИСТИҚЛОЛИЯТ - КАФИЛИ СУЛҲУ ВАҲДАТ ВА СУБОТИ МИЛЛӢ
Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллату давлат муқаддастарин ва арзишмандтарин дастоварди таърихӣ ба ҳисоб меравад.Истиқлолият ба мардуми Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки роҳи мустақили рушди давлатро интихоб намуда, барои бунёди ҷрмеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаҳои устувор гузорад. 9 сентябри соли 1991 дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун рӯзи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ сабт гардид. Ин руйдоди бузург орзуи чандинсолаи мардуми тоҷикро амалӣ намуда, барои эҳёи давлатдории миллӣ шароити мусоид фароҳам овард. Аз ҳамон рӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро пайдо кард ва барои таҳкими давлатдорӣ қадамҳои устувор гузошт.
Аммо истиқлолият танҳо ба даст овардани озодии сиёсӣ нест. Ҳифзи он масъулияти бузург, ҳисси баланди ватандӯстӣ, ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсиро талаб мекунад.
Таърихи Тоҷикистон соҳибистиқлол нишон медиҳад ки сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ барои пешрафти давлат аҳамияти ҳалкунанда доранд.
Дар солҳои аввали истиқлолият Тоҷикистон ба мушкилоти ҷиддии сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Вазъи ноором ба ҳаёти мардум таъсири манфӣ расонида, рушди кишварро душвор сохт. Дар чунин шароит зарурати ба даст овардани сулҳу субот ва муттаҳид намудани тамоми қишрҳои ҷомеа ба масъалаи муҳимтарини рӯз табдил ёфт.
Истиқлолият инчунин барои рушди худшиносии миллӣ аҳамияти бузург дорад. Дар шароити соҳибистиқлолӣ забони давлатӣ, таъриху фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва арзишҳои маънавии халқ бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Ҷашну маросимҳои миллӣ эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва омӯзиши мероси бузурги гузаштагони миллат ба раванди таҳкими худшиносии миллӣ мусоидат мекунанд.
Пас, Истиқлолияти давлатӣ бояд ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз карда шавад. Ҳар қадаре ки мо ба қадри истиқлолият, сулҳ ва ваҳдати миллӣ бирасем, ҳамон қадар барои рушди устувори кишвар замина фароҳам меорем. Муҳаббат ба Ватан эҳтироми қонун, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва меҳнати софдилона вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Дар ин замина суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти махсус доранд. Моҳияти сиёсати давлат дар самти таҳкими сулқу ваҳдат ва суботи миллӣ ба он равона шудааст, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол осоишта ва рушдкунанда пеш равад. Сулҳ ва ваҳдати миллӣ бояд ҳамчун арзишҳои муқаддас ҳифз ва ба наслҳои оянда мерос гузошта шаванд.
Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки истиқлолият сарчашмаи соҳибихтиёри давлат, сулҳ асосии зиндагии осоишта, ваҳдат неруи муттаҳидкунандаи миллат ва суботи миллӣ кафили рушди минбаъдаи Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, ҳифзи истиқлолият ва ваҳдат вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст.
Бигзор, Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша ободу осуда бошад, сулху ваҳдат дар саросари кишвар пойдор бимонад ва насли ҷавон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ барои пешрафти Ватан саҳми арзандаи хукдро гузорад.
Акмал САФАРОВ,
раиси Созмони ҷавонони факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ, донишҷӯи соли сеюм
Тоҷ
Рус
Eng