ИСТИҚЛОЛИЯТ - РАМЗИ ОЛИИ ВАТАНУ ВАТАНДОРӢ
Имрӯз наметавон сарзаминеро номбар кард, ки Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибистиқлол нашиносад. Маҳз даврони истиқлолият барои тоҷикон имкониятҳои воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишварро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоянд. Худи калимаи «истиқлол» аз забони арабӣ ба забони мо ворид шуда, маънои аслии он мухтору мустақил будан, озод будан дар иҷрои кору амал, мустақилият ва соҳибихтиёриро ифода мекунад.
Сабақҳои таърихи минбаъдаи Тоҷикистон, ки бо ҳамин маъною мароми соҳибистиқлолӣ ва истиқлолият пайванд доранд, собит месозанд, ки дар роҳи ба эътидол овардани вазъи кишвар, рушди ҷомеа ва таҳкими низоми сиёсии демократӣ дар Тоҷикистон намояндагони мардумӣ дар рӯзҳои вазнини таърихӣ қарорҳои муҳим қабул намуданд. Яке аз чунин қарорҳои тақдирсоз интихоби раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар симои Эмомалӣ Раҳмон шахсияти нав ва нақши муассир дар ҳаёти сиёсии кишварро ба миён овард.
Дар нахустин баромади худ дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ба ҳайси раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибҳои даргирро ба сулҳу оштӣ даъват намуда, таъкид карда буд: «Биёед кинаву адовати байни якдигарии хешро ба як тараф монем, бародарвор бо ҳамдигар даст диҳем ва бо меҳнати софдилонаву бунёдкоронаи худ Ватани азизи хешро аз хатари ҳалокату порашавӣ наҷот бахшем ва онро ба давлати тараққикардаи соҳибистиқлол табдил диҳем». Ҳамзамон, Роҳбари давлат таъкид карда буд: «Ман бо хотири таъмини сулҳу осоиш ва баргардонидани гурезаҳо ба Ватан ҷони худро дареғ намедорам».
Дар солҳои минбаъда барои барқарор намудани сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва бозгашти гурезаҳо ба Ватан тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд. Барқарор намудани сохти давлатдорӣ, таҳкими низоми ҳуқуқӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва эҳёи ҳаёти осоиштаи ҷомеа аз ҷумлаи равандҳои муҳими даврони истиқлолият ба ҳисоб мераванд. Ҳамин равандҳо барои ташаккули давлати соҳибистиқлол ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Истиқлолият рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, созандагӣ ва натиҷаи азму талошҳои фидокорона дар роҳи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад. Он барои таҳкими меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ замина гузошта, ба рушди ҳаёти озодонаи ҳар фард ва болоравии ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ мусоидат менамояд.
Истиқлолият нишони барҷастаи пойдории давлат, бозгӯи симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва мояи шарафу эътибори кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Маҳз сиёсати «дарҳои боз» ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои байналмилалии кишвар мусоидат намуд. Эътирофи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқарор ва рушди муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои ҷаҳон, ифтитоҳи намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва назди созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, инчунин фаъолияти намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон аз ҷумлаи натиҷаҳои ин раванд мебошанд.
Аз замони ба ҳайси Роҳбари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқи тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар марҳилаи нави ташаккул ва таҳкими сохтори конститутсионӣ, рушди низоми идоракунии давлатӣ ва танзими ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оғоз гардид. Ба муомилот баровардани пули миллӣ ва эътирофи шиносномаи миллии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз рӯйдодҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ мебошанд. Аз ҷумла, раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ табдил ёфтани пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе, эътирофи ҷаҳонӣ пайдо намудани «Раванди Душанбе», инчунин амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои амният, об, экология, ҳифзи пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим аз иштироки фаъоли кишвар дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳанд. Ташаккули дипломатияи об ҳамчун яке аз самтҳои шинохтаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон низ дар ин раванд ҷойгоҳи муҳим дорад.
Тоҷикон воқеан табиатан мардуми озода ва озодапараст буда, истиқлолиятро бузургтарин арзиши миллӣ мешуморанд. Бинобар ин, ҳифзи истиқлолият ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Ҳеҷ гуна қувваи носолим ва пастиву баландиҳои ҳаёти иҷтимоӣ набояд ба арзишҳои истиқлолият, худшиносии миллӣ ва ваҳдати ҷомеа халал ворид созад.
Истиқлолият дурнамои рушду инкишоф, оғози марҳилаи нави худшиносии миллӣ ва воситаи муҳими расидан ба қуллаҳои маънавии инсонӣ мебошад. Ин раванди бузург ба ваҳдати воқеии миллӣ, рушди тафаккури таърихӣ, худшиносии миллӣ, бузургдошти забон ва мероси фарҳангӣ, инчунин болоравии шуури миллӣ сахт алоқаманд буда, тавассути таълиму тарбияи дуруст, дониш ва маърифати баланд тақвият меёбад.
Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «То даме, ки худшиносии миллӣ, пос доштани хотираҳои таърихӣ, ифтихор аз мансубияти миллӣ дар шуури ҳар яки мову шумо падид наояд, то даме, ки ҳар кадоми мо манфиати миллиро ҳамчун қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ эҳсос накунем ва эҳтиром нагузорем, то даме ки хидмат ба Ватан ва миллат бароямон ба арзиши олии зиндагӣ табдил наёбад, мо ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба камол намерасем».
Тадриҷан, дар раванди истиқлолияти бадастомада, пояҳои худшиносии миллӣ мустаҳкам гардида, мардум ба бунёдкорӣ рӯ оварданд ва якпорчагӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди ҷомеа ташаккул ёфт. Махсусан, зарурати дарки моҳияти истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби ҷавонон ва умуман қишри фаъоли ҷомеа, гиромидошт ва эҳтироми арзишҳои миллӣ ва давлатӣ, забони модарӣ, ҳифзи марзу буми кишвар ва огоҳӣ аз таъриху фарҳанги миллат аҳамияти хос дорад.
Ба ақидаи Арнолд Тойнбӣ, яке аз ҷомеашиносони маъруфи ҷаҳон тамаддун замоне шакл мегирад, ки корҳои ақлонии як миллат ба сурати одат дароянд. Аз ин рӯ, мо бояд бо роҳу усулҳои гуногун моҳият ва муҳтавои истиқлолияти сиёсиро ба мардум омӯзонем ва арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро воқеъбинона дарк намоем. Дар ин замина, омӯзиш ва баррасии моҳияти истиқлолият бояд барои насли фаъоли ҷомеа ба як раванди пайвастаи маърифатӣ табдил ёбад.
Дар шароити имрӯза ҳифзи истиқлолияти давлатӣ танҳо вазифаи сохторҳои давлатӣ набуда, масъулияти шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Эҳтиром ба Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ, омӯзиши таърих, рушди маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, саҳмгузорӣ дар ободии кишвар ва таҳкими ваҳдати миллӣ бояд ҷузъи муҳими фарҳанги шаҳрвандӣ бошад.
Хулласи калом, истиқлолият барои миллати тоҷик на танҳо соҳибихтиёрии сиёсӣ, балки рамзи Ватану ватандорӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва ояндасозӣ мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд тамоми дастовардҳои арзандаи миллиро бо истиқлолияти давлатӣ пайванд дода, моҳияти онро воқеъбинона дарк намоем ва барои тарбияи насли ояндасози бомаърифат, бозаковат, боирода ва ватандӯст саҳми арзанда гузорем.
Ҳифзи истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди давлатдории миллӣ вазифаи на танҳо имрӯз, балки масъулияти наслҳои оянда низ мебошад.
А. ТУРСУНОВА,
устоди кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng