Истиқлолият барои ҳар як миллат неъмати бузург, рамзи озодӣ, худшиносӣ ва сарбаландӣ ба шумор меравад. Барои мардуми тоҷик низ истиқлолияти давлатӣ дастоварди таърихӣ буда, барои бунёди давлати миллӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва муайян намудани роҳи мустақили рушди кишвар заминаи мусоид фароҳам овард.

9 сентябри соли 1991 дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун рӯзи тақдирсоз ва фаромӯшнашаванда сабт гардид. Дар ин рӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Аз ҳамон лаҳза мардуми тоҷик имконият пайдо карданд, ки сарнавишти худро мустақилона муайян намуда, дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр қадамҳои устувор гузоранд.

Истиқлолият ба Тоҷикистон имкон дод, ки ҳамчун давлати мустақил дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардад, бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд барқарор намояд.

Имрӯз Тоҷикистон узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ буда, дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ саҳми худро мегузорад.

Дар даврони истиқлолият дар соҳаҳои иқтисодиёт, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва роҳсозӣ корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.Бунёди роҳҳо, нақбҳо, неругоҳҳои барқӣ, муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамоянд. Ҳамзамон, эҳёи анъанаҳои миллӣ, гиромидошти забони тоҷикӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги ниёгон дар таҳкими худшиносии миллӣ нақши муҳим доранд.

Албатта, истиқлолият танҳо ҳуқуқу озодӣ нест, балки масъулияти бузург низ мебошад. Ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи арзишҳои давлатӣ ва саҳм гузоштан дар пешрафти Ватан вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Хусусан, ҷавонон бояд бо омӯзиши илму дониш, азхуд намудани технологияҳои муосир ва риояи ахлоқи ҳамида дар ободии кишвар саҳм гузоранд.

Мо бояд қадри истиқлолиятро донем, зеро сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ асоси пешрафти ҳар як ҷомеа мебошанд. Танҳо бо меҳнати содиқона, ҳисси баланди масъулият ва муҳаббати самимӣ ба Ватан метавонем Тоҷикистони азизро боз ҳам ободу пешрафта гардонем.Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар замони муосир мебошад. Он нишонаи озодӣ, сарбаландӣ ва ояндаи дурахшони кишвар аст. Бинобар ин, ҳар яки мо бояд ин неъмати бебаҳоро ҳифз намуда, барои таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузорем.

Истиқлолият пояи ҳастии миллат, ваҳдат кафили субот ва ватандӯстӣ омили пешрафти Тоҷикистони азиз аст!

 

Қиёмиддин ЁРЗОДА, 

ассистенти кафедраи назарияи иқтисодӣ