Конститутсия аз калимаи лотинии constitutio гирифта шуда, маънои «муқаррар кардан», «сохтан» ё «тасдиқ кардан»-ро дорад. Конститутсия қонуни асосии давлат буда, дорои қувваи олии ҳуқуқӣ мебошад. Он асосҳои сохтори сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии давлат, инчунин принсипҳои асосии ҳаёти ҷомеаро муайян мекунад.

Дар моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд».

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, минбаъд 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба он тавассути раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Қабул ва татбиқи Конститутсия барои таҳкими дастовардҳои давлат, мустаҳкам намудани рукнҳои давлатдорӣ, таъмини ваҳдату осоиштагӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи устувор фароҳам овард.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни асосии кишвар буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрвандро муайян мекунад. Ҳамчун санади дорои қувваи олии ҳуқуқӣ он принсипҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеаро муқаррар намуда, муносибатҳои вобаста ба татбиқи ҳокимияти давлатӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба танзим медарорад.

Яке аз хусусиятҳои муҳими Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ эътироф гардидааст. Ин меъёр уҳдадории давлатро ҷиҳати фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва имкониятҳои рушди озодонаи инсон таъкид мекунад. Ҳамзамон, соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани давлат аз ҷумлаи принсипҳои асосии сохтори конститутсионии Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Талаботи муҳимтарини Конститутсия риояи ҳатмии меъёрҳои он аз ҷониби тамоми шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва дигар субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад. Барои амалӣ намудани ин мақсад ҳар яки мо бояд меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳоро хуб донем, эҳтиром намоем ва дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ ба онҳо такя кунем.

Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла озодии сухан ва озодии виҷдонро кафолат медиҳад. Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини баробарӣ дар назди қонун ва фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагии шоиста аз вазифаҳои муҳими давлати ҳуқуқбунёд ба ҳисоб мераванд.

Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки ба Конститутсия эҳтиром гузошта, ҳуқуқу уҳдадориҳои худро дарк намояд ва кору фаъолияти хешро дар доираи талаботи он ва қонунгузории амалкунанда ба роҳ монад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Конститутсияро дар бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кардаанд: «Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд».

Яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Конститутсия мебошад. Ин санади таърихӣ заминаи ҳуқуқии ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ, таҳкими истиқлолият ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро фароҳам овард. Конститутсия ҳамчун кафили ҳуқуқу озодиҳо, шаъну шараф ва манфиатҳои қонунии инсон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар нақши калидӣ дорад.

Дар муқаддимаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди насли гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас дониста, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».

Ин суханон ифодагари иродаи халқ, масъулияти наслҳои имрӯзу оянда дар назди Ватан ва азми устувори мардуми Тоҷикистон барои бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошанд. Онҳо ҳар як шаҳрвандро ба ҳифзи истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва саҳмгузорӣ дар рушди давлату ҷомеа ҳидоят мекунанд.

Дар ҳақиқат, ҳар яки мо бояд барои сарбаландӣ, ободӣ ва пешрафти Ватани азизамон - Тоҷикистон саҳми арзанда гузорем. Эҳтиром ба Конститутсия ва риояи меъёрҳои он нишонаи масъулияти шаҳрвандӣ, худшиносии миллӣ ва садоқат ба давлату миллат мебошад.

Конститутсияро аксаран шиносномаи давлату миллат меноманд, зеро дар он номи давлат, шакли давлатдорӣ, асосҳои сохтори давлатӣ ва принсипҳои ташкили ҳокимият инъикос ёфтаанд. Он пояи низоми ҳуқуқии кишвар буда, барои таҳия ва қабули қонунҳо заминаи асосӣ фароҳам меорад. Ин санади тақдирсоз ҳамчун роҳнамои рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон хизмат намуда, самти пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаро муайян мекунад.

Шоҳкитоби даврони истиқлол - Сарқонуни мо,

Достони қавми хушбахт аст Сарқонуни мо.

Пас, ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки бо эҳтиром ба Конститутсия, риояи қонунҳо ва иҷрои масъулиятҳои шаҳрвандӣ дар пешрафту ободии Ватан саҳм гузорад. Зеро Конститутсия яке аз пояҳои асосии сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва амнияти кишвар мебошад.

 

А. ХУШВАХТОВ,

ассистенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор