КОНСТИТУТСИЯ - КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНДОН
Таърих гувоҳ аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1929 то ин ҷониб 5 маротиба (солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994) Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст. Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 6-уми ноябри соли 1994 қабул гардидааст, аз Конститутсияҳои солҳои қаблӣ қабулкардашуда ба куллӣ фарқ дошта, меъёрҳои дар он муқарраргардида мустақиман амал намуда, ба стандартҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ дар доираи 64 ҳавзаи овоздиҳӣ, ки дар онҳо 2 миллиону 685 ҳазору 724 нафар шаҳрвандон ба қайд гирифта шуда буданд, пешниҳод гардида, дар раъйпурсӣ аз ин теъдод 2 миллиону 535 ҳазору 437 нафар, ё ин ки 94,4% ширкат варзида, ба тарафдории Конститутсия 2 миллиону 352 ҳазору 554 нафар (87,59%) овоз додаанд, қабул карда шуд ва то ба имрӯз 3 маротиба, яъне дар санаҳои 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.
Тағйиру иловаҳое, ки санаи 26 сентябри соли 1999 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст, дар бобати ташкили Парламенти доимоамалкунандаи касбӣ – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, таъсис намудани Шурои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки мақсади асосии ин ду ташкилоти бонуфузи давлатӣ таъмин ва таҳияи санадҳои танзимкунандаи фаъолияти самтҳои асосии ҷомеаро дар бар мегирифт.
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду маҷлис - Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат буда, Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва Маҷлиси Миллӣ даъватӣ мебошад.
Тайғиру иловаҳое, ки санаи 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст, аз 56 банд иборат буда, вобаста ба арзиши олӣ эътироф намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, ба муҳлати то 7 сол дароз намудани муҳлати муқаррароти ваколатҳои Президент ва дар ин замина, ба муҳлати то 10 сол зиёд намудани ваколати судяҳо равона карда шудааст. Ин тағйиру иловаҳо шаҳодат аз он медиҳад, ки роҳбарияти давлату Ҳукумат ба ҳокимияти судӣ диққати аввалиндараҷаро зоҳир намуда волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷумҳурӣ дар мадди аввал қарор дорад.
Санаи 22 майи соли 2016 раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар натиҷа, «Мутобиқи моддаи 31-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз 22 майи соли 2016 раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоргардида ҳисобида шуд». Ба ҷонибдорӣ аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 миллиону 814 ҳазору 477 нафар раъй додаанд, ки ин рақам 94,5%-ро ташкил дода 3,3% раъйдиҳандагон ба муқобили ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия овоз додаанд.
Дар натиҷаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия калимаи Сарқонун аз байн гирифта шуда, минбаъд танҳо "Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" амал менамояд.
Чӣ тавре ки қайд гардид, шуруъ аз 6-уми ноябри соли 1994 меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ ба стандартҳои байналмилалии ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида шуда, сарчашмаи он аз меъёрҳои “Эъломияи ҳуқуқи башар” оғоз мегирад. Чӣ хеле ба мо маълум аст, санаи 10 декабри соли 1948 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид “Эъломияи Ҳуқуқи Башар” қабул карда шудааст, ки иҷроиши он барои ҳама давлатҳои аъзои СММ ҳатмӣ мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҳама давру замонҳо бо зуҳури давлату давлатдорӣ зарурати муайян сохтани сохтор, ба низом даровардани муно-сибатҳои мухталифи табақаҳои иҷтимоии ҷомеа, ҳуқуқу манфиатҳои инсон ва шаҳрванд, тарғиби идеология ва пойдории давлату ҷамъият бояд санаде тартиб дода мешуд, ки фарогири тамоми ҳадафҳои давлату ҳукумат бошад. Ин санад дар таърих ба унвони Конститутсия эҷод гардида, то ба имрӯз ҳамчун санади асосӣ шинохта мешавад. Гарчанде, қаблан мо чунин санадро доро будем, аммо он пурра ҷавобгӯи ҳадафҳои давлату миллат набуд ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон зарурати ба низом даровардани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати мухтори тоҷиконро ба миён овард.
Афзалияти дигари ин санади тақдирсоз таҳияи боби алоҳида оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад, ки бо таъсис додани ин боби алоҳида аввалин маротиба мафҳуми инсон дар чаҳорчӯбаи қонуни асосии давлат баррасӣ ва эътироф гардида, мутобиқи Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд ва давлат ба ин кафолат медиҳад. Чӣ тавре ки дар моддаи 1-уми ҳамин боби Конститутсия гуфта шудааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд».
Чуноне ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намуданд: «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад».
Дар моддаи 5-и Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардида, дар навбати аввал, зери ҳимояи давлат қарор дорад.
Масъалаи дигаре, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он диққати махсус дода шудааст, ин бунёди оила буда, мақому мартабаи марду зан, падару модарон ва таълиму тарбияи фарзандон дар ин санади тақдирсоз аз мадди назар дур намондааст. Давлат ҳуқуқ ва манфиатҳои оиларо таҳти ҳимояи худ қарор дода, модару кӯдак ҳамеша зери ҳимояи махсуси давлату Ҳукумат қарор доранд. Ин нуқтаҳо дар моддаҳои 33 ва 34-и Конститутсия зикр гардидаанд.
Аз ҷониби дигар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро вазифадор менамояд, ки риояи тамоми талаботи ин санадро ба таври ҳатмӣ ба роҳ монда, бояд ки дар ҳама ҳолатҳо талаботи Конститутсияро ба таври қатъӣ риоя намоянд. Дар ҳолати аз ҷониби ягон нафар риоя нагардидани талаботи Конститутсия, мутобиқи қонун ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ барои чунин ашхос ҷавобгарӣ муайян карда мешавад.
Конститутсия бо гирифтани ҳукми Қонуни асосӣ тамоми самтҳои фаъолияти давлату давлатдориро танзим намуда, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шаҳрвандонро зери ҳимояи худ қарор додааст. Муҳимтар аз ҳама, роҳнамоест барои имрӯзу фардои давлату миллат ва чун бахтномаи сарнавиштсоз моро ба сӯйи ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол роҳнамоӣ мекунад.
Конститутсия ба таъсис ва рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, сохтору мақомоти давлатӣ, бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд асос гузошта, чӣ тавре ки дар боло қайд карда гузаштем, бо қабули ин санади тақдирсоз бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ дар қонуни асосии мамлакат эътироф гардидааст.
Бо қабули Конститутсия миллати тоҷик ба марҳилаи сифатан нави таърихии инкишофи худ ворид гардида, дар ҷомеаи навин дигаргуниҳои куллии соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ, ислоҳоти иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва судӣ-ҳуқуқӣ оғоз гардиданд. Дар ин замина, ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни муҳим ва зарурии сохтори ҳокимияти давлатӣ муаррифӣ гардида, принсипи конститутсионии мустақилияти судяҳо чун яке аз талаботи асосии давлати ҳуқуқбунёд барои таъмини фаъолияти суди босалоҳият, мустақил ва беғараз дар Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда мавқеи хосса пайдо намуд. Бояд тазаккур дод, ки ин санади олии ҳуқуқӣ дастоварди даврони истиқлол ва сутуни асосии таҳкимбахшандаи истиқлоли давлатӣ буда, рӯзи қабули он ҳамчун яке аз санаҳои таърихӣ дар саҳифаҳои китоби давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт карда шудааст. Дар ин давра бо таҳия намудани чунин санади тақдирсоз ба мо муяссар гардид, ки як силсила меъёрҳои усулии низоми демократиро, аз он ҷумла асосҳои демократии сохти конститутсионӣ, моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии давлат, муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, принсипи гуногунфикрии сиёсӣ, фаъолияти парлумони касбӣ, бунёдҳои ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ, дахлнопазирии моликияти хусусӣ, таъмини адолати судӣ, баробарии ҳама дар назди қонун, баробарии ҳуқуқҳои зану мард ва ғайраҳоро дар сатҳи Конститутсияи кишвар асоси устувори қонунӣ бахшида, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ва халқи Тоҷикистон ҳамчун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангдӯст дар арсаи байналмилалӣ шинохта шавад.
Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ созад. Бинобар ин, вазифаи ҳар як омӯзгор аз он иборат аст, ки ин дастоварди бебаҳои таърихиро тақвият бахшем, сулҳу ваҳдати миллӣ, озодӣ, оромию осудагӣ ва якпорчагии Тоҷикистони азизамонро, ки маҳз бо шарофати хизматҳои шоиставу беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, ба қадри арзишу меъёрҳои Конститутсия, ки Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пайваст кардааст, бирасем ва дар асоси ин санади тақдирсоз дар роҳи расидан ба иҷрои ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем ва ба саҳми ҷомеа расонем.
Бибигул Давлатёрова,
ассистенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор
Тоҷ
Рус
Eng