Дар ҷаҳони муосир коррупсия яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеа ба ҳисоб рафта, ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии давлат таъсири манфӣ мерасонад. Ин амали номатлуб боиси коҳиш ёфтани эътимоди мардум ба мақомоти давлатӣ, халалдор гардидани адолат ва суст шудани пешрафти ҷомеа мегардад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди коррупсия яке аз вазифаҳои муҳимми ҳар як давлати ҳуқуқбунёд мебошад.

Коррупсия ин истифодаи мансаб ё ваколатҳои хизматӣ ба манфиати шахсӣ мебошад. Он метавонад дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла ришвахорӣ, суиистифода аз мақом, тасарруфи маблағҳои давлатӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ зоҳир гардад. Паҳншавии коррупсия ба иқтисодиёти кишвар зарари калон расонида, монеаи рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи муқовимат бо коррупсия диққати ҷиддӣ медиҳад. Дар кишвар қонунҳо, барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ қабул гардидаанд, ки ба пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ равона шудаанд. Ҳамчунин, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои назоратӣ дар самти мубориза бар зидди коррупсия тақвият дода мешавад.

Дар мубориза бо коррупсия нақши ҷавонон хеле муҳим аст. Ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа бояд дар рӯҳияи ростқавлӣ, масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба қонун ва адолат тарбия ёбанд. Баланд бардоштани сатҳи маърифат, дониш ва фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон метавонад барои коҳиш додани амалҳои коррупсионӣ мусоидат намояд.

Дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту идораҳо мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ, семинару конфронсҳо ва чорабиниҳои маърифатӣ баргузор мегарданд, ки ҳадафи онҳо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ташаккули муносибати оштинопазир нисбат ба коррупсия мебошад.

Бояд қайд кард, ки мубориза бар зидди коррупсия танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест, балки ҳар як шаҳрванди ҷомеа низ бояд дар ин самт саҳми худро гузорад. Риояи қонун, меҳнати ҳалол, масъулиятшиносӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ метавонанд барои ташкили ҷомеаи солим ва пешрафта замина гузоранд.

Хулоса, коррупсия яке аз хатарҳои ҷиддӣ ба рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Муқовимати муассир ба ин амали номатлуб метавонад барои таҳкими қонуният, рушди иқтисодиёт, болоравии сатҳи зиндагии мардум ва пешрафти давлат мусоидат намояд. Танҳо бо кӯшиши муштарак ва ҳисси баланди масъулият метавон ҷомеаи одилона ва аз коррупсия озодро бунёд кард.

 

М. БОДАМАЕВ,

муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷии ДДМИТ