КОРРУПСИЯ ВА ХАТАРИ ОН БА ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ
«Коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад. Мубориза бар зидди ин падидаи номатлуб ва паст кардани сатҳи он ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст». Ин андеша ба масъалаи коррупсия ва оқибатҳои манфии он бахшида шуда, аҳаммияти муқовимати пайваста ба ин падидаро таъкид менамояд. Дар ин замина, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар суханрониҳои худ ба масъалаи муқовимат ба коррупсия ва пешгирии оқибатҳои он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Дар воқеъ, коррупсия барои фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар асоси талаботи ҳуқуқу қонун ва таъмини волоияти қонун хатари ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Ин падида эътимоди аҳолиро ба мақомоти давлатӣ коҳиш дода, ба рушди устувори иқтисодиёти кишвар таъсири манфӣ мерасонад.
Коррупсия ҳамчун падидаи иҷтимоӣ бо иқтисодиёт, сиёсат, давлат, ҳуқуқ, қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, низоми ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, ниҳодҳои демократӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва ахлоқ робитаи зичу мураккаб дорад. Аз ин рӯ, омӯзиши моҳият, сабабҳо ва оқибатҳои он барои дарки равандҳои иҷтимоию сиёсӣ ва муайян намудани роҳҳои самараноки пешгирии ин зуҳуроти номатлуб аҳаммияти муҳим дорад.
Таърихи пайдоиши коррупсия бо ташаккули муносибатҳои ҷамъиятӣ ва давлатдорӣ алоқаманд аст. Баъзе муҳаққиқон зуҳуроти ибтидоии муносибатҳои коррупсиониро ҳатто ба давраҳои пеш аз пайдоиши давлат нисбат медиҳанд. Бо ташаккули муносибатҳои мураккаби иҷтимоӣ, тақсимоти вазифаҳо ва пайдоиши сохторҳои идоракунӣ барои ба вуҷуд омадани шаклҳои гуногуни сӯиистифода аз мавқеъ ва ваколатҳо замина фароҳам омад. Аз ин рӯ, коррупсия ва муносибатҳои ба он алоқаманд таърихи тӯлонӣ дошта, дар давраҳои гуногуни таърихӣ бо шаклу усулҳои мухталиф зуҳур кардаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ низ бо мушкилоти марбут ба ин падида рӯ ба рӯ мебошад. Коррупсия метавонад боиси поймол гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, халалдор шудани адолати иҷтимоӣ, табъиз ҳангоми дастрасӣ ба имкониятҳо ва ишғоли мансабҳои давлатӣ, инчунин заиф гардидани пояҳои давлатдорӣ шавад. Бинобар ин, пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия яке аз масъалаҳои муҳимми таъмини волоияти қонун, таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёд ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.
Бояд таъкид намуд, ки муқовимат ба коррупсия танҳо вазифаи мақомоти дахлдори давлатӣ набуда, балки масъулияти муштараки тамоми ҷомеа мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия дар доираи сиёсати давлатӣ мавқеи муҳим дошта, барои мубориза бо ин падида заминаҳои зарурии ҳуқуқӣ ва ташкилӣ фароҳам оварда шудаанд. Дар ин самт як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, тадбирҳои гуногун ҷиҳати такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ваколатдор ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон амалӣ карда мешаванд.
Бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими низоми муқовимат ба коррупсия ва баланд бардоштани самаранокии назорати давлатии молиявӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла, 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ин мақоми ваколатдори давлатӣ дар доираи салоҳияти муқаррарнамудаи қонунгузорӣ фаъолияти худро дар самти ошкорсозӣ, пешгирӣ ва муқовимат ба ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта амалӣ менамояд.
Мавриди зикр аст, ки қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳияи барномаҳои мушаххаси давлатӣ, татбиқи стратегияҳои дахлдор ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз омилҳои муҳимми таҳкими низоми муқовимат ба коррупсия мебошанд. Бо вуҷуди ин, самаранокии чунин тадбирҳо на танҳо аз мавҷудияти заминаи ҳуқуқӣ, балки аз иҷрои воқеии талаботи қонунгузорӣ, таъмини шаффофият, ҷавобгарии шахсони гунаҳкор ва иштироки фаъоли ҷомеа вобастагӣ дорад.
Бояд қайд кард, ки коррупсия мушкилоти танҳо як миллат ё як давлат набуда, балки яке аз масъалаҳои фаромиллӣ ва ҷаҳонӣ мебошад. Ин падида метавонад ба рушди иқтисодӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, амнияти ҳуқуқӣ ва фаъолияти самараноки ниҳодҳои давлатӣ дар кишварҳои гуногун таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, ҳамкории байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия аҳаммияти махсус дорад.
Созмони Милали Муттаҳид дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба коррупсия нақши муҳим дорад. Қабули Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия барои ташаккули заминаи умумии ҳамкории давлатҳо, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, тақвияти мубодилаи иттилоот ва мусоидат ба баланд бардоштани шаффофияту масъулиятшиносӣ замина фароҳам овард.
Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сентябри соли 2006 ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия ҳамроҳ гардид. Иштирок дар ин санади байналмилалӣ барои густариши ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои дигар ва ниҳодҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия аҳаммияти муҳим дорад. Ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт метавонад ба такмили таҷрибаи ҳуқуқӣ, таҳкими шаффофият ва баланд бардоштани масъулиятшиносии мақомоти давлатӣ мусоидат намояд.
Хулоса, паст кардани сатҳи коррупсия танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ набуда, балки масъулияти ҳар як узви ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Барои ташаккули ҷомеаи одилона ва таъмини рушди устувори давлат зарур аст, ки тамоми шаҳрвандон ба риояи қонун, поквиҷдонӣ, адолат ва масъулиятшиносӣ арҷ гузоранд. Ҳар як шахс метавонад бо роҳи иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои худ, худдорӣ аз амалҳои ғайриқонунӣ ва бетараф набудан нисбат ба зуҳуроти коррупсионӣ дар пешгирии ин падида саҳм гузорад.
Пас, вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки дар доираи қонун барои пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими волоияти қонун ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми арзанда гузорем.
С. МИРЗОЕВ,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат ба коррупсия
Ҳ. Носиров,
ассистенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат ба коррупсия
Тоҷ
Рус
Eng