МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ВА ФАРҲАНГИ ЗИДДИКОРРУПСИОНИИ ҶОМЕАРО БОЯД ТАҚВИЯТ ДОД
Коррупсия, ё ба ибораи дигар, ришва ва порахӯрӣ, яке аз зуҳуроти бисёр хатарноки иҷтимоӣ ба шумор рафта, ба рушди устувори давлат ва ҷомеа таъсири манфии ҷиддӣ мерасонад. Ин дарди носур пешрафти иқтисодӣ, суботи иҷтимоӣ, адолати ҳуқуқӣ ва эътимоди шаҳрвандонро ба ниҳодҳои давлатӣ халалдор намуда, барои ташаккули ҷомеаи солим монеа эҷод мекунад.
Дар шароити ҷаҳони муосир инсоният бо таҳдидҳои гуногун, аз қабили терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккил, паҳншавии маводи мухаддир, буҳронҳои молиявӣ ва дигар хатарҳои глобалӣ рӯ ба рӯ мебошад. Дар ин радиф, коррупсия низ ҳамчун яке аз таҳдидҳои ҷиддии ҷаҳонӣ эътироф гардида, имрӯз ба мушкили умумии бисёр кишварҳои ҷаҳон табдил ёфтааст. Он ба рушди иқтисоди миллӣ осеби ҷиддӣ расонида, нуфуз ва эътибори давлатҳоро дар арсаи байналмилалӣ коҳиш медиҳад.
Коррупсия боиси густариши иқтисодиёти пинҳонӣ, истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлатӣ, поймол гардидани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад. Маҳз аз ҳамин сабаб Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи мубориза бо коррупсия аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. Дар яке аз паёмҳои худ Сарвари давлат таъкид намудаанд: «Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад ва дар маҷмуъ ба рушди ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад».
Ба андешаи Пешвои миллат, мубориза алайҳи коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, балки масъулияти шаҳрвандии ҳар як фарди худшинос, ватандӯст ва қонунмеҳвар мебошад. Ҳар як шаҳрванд метавонад бо риояи қонун, поквиҷдонӣ дар фаъолияти меҳнатӣ, рад намудани ҳар гуна амалҳои ғайриқонунӣ ва ҳамкории фаъол бо мақомоти дахлдор дар пешгирии коррупсия саҳми арзанда гузорад.
Таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон собит менамояд, ки коррупсия яке аз монеаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Ашхоси манфиатҷӯ бо истифода аз мақом ва ваколатҳои худ маблағҳои калони буҷети давлатро аз худ намуда, онҳоро ба манфиатҳои шахсӣ равона мекунанд, ки дар натиҷа, сатҳи зиндагии аҳолӣ паст гардида, нобаробарии иҷтимоӣ афзоиш меёбад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади коҳиш додан ва решакан намудани коррупсия тадбирҳои муҳим андешида шудаанд. Таъсиси Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия далели равшани иродаи сиёсӣ дар самти муборизаи оштинопазир бо ин амали номатлуб мебошад. Фаъолияти ин ниҳод ба таҳкими қонуният, шаффофият ва масъулияти мансабдорон равона гардидааст.
Бо вуҷуди ин, танҳо чораҳои маъмурию ҳуқуқӣ барои пурра бартараф намудани коррупсия басанда нестанд. Зарур аст, ки корҳои густурдаи маърифатӣ, вохӯриҳо, семинарҳо, барномаҳои тарбиявӣ ва маъракаҳои иттилоотӣ, махсусан дар байни ҷавонон, роҳандозӣ карда шаванд. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги зиддикоррупсионии ҷомеа яке аз роҳҳои самараноки пешгирии ин амал мебошад.
Хулоса, мубориза бо коррупсия вазифаи умумимиллӣ ва масъулияти ҳар як шаҳрванд аст. Танҳо дар фазои иттиҳод, ҳамбастагӣ ва дастаҷамъӣ метавон ба коҳиши ин амали хатарнок ноил гардид. Илова бар ин, барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии мардум, махсусан ҷавонон, тавассути барномаҳои таълимӣ, маъракаҳои иттилоотӣ ва расонаҳо метавонад ба шаклгирии фарҳанги зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа мусоидат кунад. Ҳаминро бояд қайд намуд, ки мо метавонем бо меҳнати ҳалол, виҷдони пок, қаноатпешагӣ ва садоқат ба қонун ҷомеаи солим, адолатпарвар ва пешрафтаро бунёд намоем.
Манучеҳр Ҳамроев –
ассистенти кафедраи забонҳои хориҷӣ
Тоҷ
Рус
Eng