НАҚШ ВА МАСЪУЛИЯТИ НАСЛИ ҶАВОН ДАР РУШДИ ТОҶИКИСТОН
Тоҷикистон кишварест, ки аз нигоҳи демографӣ яке аз ҷавонтарин кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Мувофиқи маълумоти Кумитаи омории Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2024), зиёда аз 62 дарсади аҳолии кишвар, яъне тақрибан 6,2 миллион нафар дар синни то 35 сол қарор доранд. Ин рақам иқтидори беназири инсониро ифода мекунад, иқтидоре, ки агар дуруст истифода бурда шавад, метавонад муҳаррики асосии тараққиёти миллӣ гардад.
Дар адабиёти иқтисодии ҷаҳонӣ ин ҳодисаро «бонуси демографӣ» меноманд. Кишварҳое, ки аз ин имконият самаранок баҳра бурданд, Ҷанубу Шарқии Осиё, Кореяи Ҷанубӣ, Чин тайи чанд даҳсола аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ ба абарқудратҳои иқтисодӣ табдил ёфтанд. Тоҷикистон имрӯз дар лаҳзаи ҳассосе меистад: ё ин неруро дуруст самт медиҳад ё имкониятро аз даст медиҳад. Ҷавонон дар ҳар ҷомеа неруи беназири созанда ва пешбарандаи тараққиёт ба ҳисоб мераванд. Онҳо на танҳо мероси фарҳангӣ ва таърихии халқро нигоҳ медоранд, балки бо ғояҳои нав ва нигоҳи нав ба оянда, дигаргунии мусбатро муяссар месозанд. Ин иттилоъ ҳам имконият аст ва ҳам масъулияти бузург аст:
Имконият зеро неруи меҳнатии фаровон, қобилияти азхудкунии технологияҳои нав ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ мавҷуд аст.
Масъулият зеро барои ин неру бояд заминаи муносиб фароҳам оварда шавад: таълими сифатнок, шуғли арзанда ва дастгирии аз ҷониби давлат.
Иқтисоди муосир ба захираи инсонии баландсифат ниёз дорад. Ҷавонони тоҷик имрӯз дар соҳаҳои гуногун аз кишоварзӣ то технологияи иттилоот иштироки фаъол доранд. Мувофиқи маълумоти Созмони байналмилалии меҳнат (МБМ), 2024), кишварҳое ки дар таълим ва тайёр намудани мутахассисони ҷавон сармоягузорӣ мекунанд, дар муддати 10 сол рушди ММД-и 1,5-2 баробар баландтар нишон медиҳанд.
Стартапҳо ва ташаббусҳои ҷавонони тоҷик дар солҳои охир ба таваҷҷуҳи ҷомеа ҷалб гардидаанд. Ширкатҳои хурд дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, тиҷорати электронӣ ва хадамоти рақамӣ имрӯз беш аз 15 000 ҷойи корӣ дар шаҳрҳои бузурги кишвар фароҳам овардаанд. Ин раванд нишон медиҳад, ки ҷавонон қодиранд бо дастгирии кам маҳсулоти рақобатпазир эҷод намоянд.
Таълим асоси ҳама гуна созандагӣ мебошад. Ҷавоне, ки дониш дорад, ба ҷомеа арзиши беандоза меофарад. Дар Тоҷикистон имрӯз садҳо мактаби олӣ, коллеҷ ва маркази таълими касбӣ фаъолият мекунанд. Аммо мушкилоти асосӣ набудани пайвасти мустаҳкам байни таълим ва бозори кор аст.
Таҷрибаи кишварҳои Ҷануби Шарқии Осиё нишон медиҳад, ки таҳлили инноватсионии ҷавонон бевосита ба рушди иқтисодӣ мусоидат мекунад. Малайзия ва Сингапур бо сармоягузории ҳадафмандона дар соҳаи таълими ҷавонон тайи 30 сол аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ ба маркази иқтисодии минтақа табдил ёфтанд.
Ҷавонон танҳо объекти сиёсат нестанд, онҳо субъект ва созандаи он ҳастанд. Иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ кафолати рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Дар Тоҷикистон ташкилотҳои гуногуни ҷавонон фаъолият мекунанд, ки ба шаклгирии шахсияти шаҳрвандии насли нав мусоидат мекунанд.
Ҷавонон неруи созандаи ҳар ҷомеа ва рукни асосии пешрафти миллатанд. Барои он ки ин неру ба амал дароварда шавад, якчанд шарт зарур аст: таълими сифатнок ва дастрас, бозори меҳнати кушода ва одилона, дастгирии ташаббусҳо ва эҷодкорӣ, ҳамчунин фароҳам овардани фазои иштироки сиёсӣ ва иҷтимоӣ.
Сармоягузорӣ ба ҷавонон ин сармоягузорӣ ба оянда аст. Тоҷикистон, бо захираи бузурги ҷавонон метавонад ва бояд ин имконияти таърихиро пурра истифода барад. Барои ин ҳам давлат, ҳам ҷомеа ва ҳам ҳар як ҷавони тоҷик масъулияти муштарак доранд.
Бахтоваршоҳи АСОМУДДИН,
ассистент кафедраи иқтисоди рақамӣ ва логистикаи факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ
Тоҷ
Рус
Eng