Дар шароити муосири рушди муносибатҳои байналмилалӣ ва тағйирёбии хусусияти таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ масъалаи таъмини амнияти миллӣ ба яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти ҳар як давлати соҳибистиқлол табдил ёфтааст. Тағйирёбии вазъи геополитикӣ, густариши ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, таҳдидҳои террористӣ, паҳншавии ғояҳои ифротгароӣ, ҷиноятҳои коррупсионӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб зарурати таҳкими механизмҳои ҳуқуқии ҳифзи давлат, ҷомеа ва инсонро ба миён мегузорад. Амнияти миллӣ танҳо ҳифзи сарҳадҳои давлатӣ, истиқлолияти сиёсӣ ва тамомияти арзии кишварро дар бар намегирад, балки маҷмӯи шароитҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, иттилоотӣ ва маънавиро низ фаро мегирад, ки барои фаъолияти устувори давлат, рушди ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон заруранд. Терроризм, экстремизм ва коррупсия аз ҷумлаи зуҳуроте мебошанд, ки ба суботи сиёсӣ, амнияти ҷамъиятӣ, рушди иқтисодӣ, эътимоди шаҳрвандон ба мқомоти давлатӣ ва пояҳои давлатдории миллӣ таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунанд. Ин зуҳуротҳо метавонанд на танҳо ба амнияти шаҳрвандон, балки ба истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, ягонагии миллӣ ва рушди устувори ҷомеа таъсири манфӣ расонанд. Дар ин раванд нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Сарвари давлат ва субъекти дорои ваколатҳои махсуси конститутсионӣ аҳамияти хосса касб менамояд. Мақоми Президенти давлат ҳамчун маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие фаҳмида мешавад, ки тартиби интихоб, мавқеи конститутсионӣ, ваколатҳо, муносибат бо дигар мақомоти давлатӣ, кафолатҳои фаъолияти хизматӣ ва масъулияти конститутсионии ӯро муайян менамоянд.

Мувофиқи моддаи 64 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) буда, ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо мебошад. . Мазмуни ин меъёр  мавқеи Президентро дар низоми ҳокимияти давлатӣ муайян менамояд, балки ӯро ҳамчун ҳомии арзишҳои асосии конститутсионӣ ва кафили пойдории давлат муаррифӣ мекунад. Аз таҳлили мазмуни ин модда бармеояд, ки фаъолияти Президент дар самти таъмини амнияти миллӣ дорои якчанд ҷанбаҳои ба ҳам алоқаманд мебошад.

Якум, ҷанбаи ҳифзи соҳибихтиёрии давлатӣ. Истиқлолияти миллӣ яке аз арзишҳои бунёдии давлатдории муосири Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳифзи он вазифаи муҳими тамоми мақомоти давлатӣ мебошад. Дар ин замина, Президент ҳамчун кафили истиқлолияти миллӣ дар доираи ваколатҳои конститутсионии худ барои муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таҳкими қобилияти мудофиавии давлат ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ нақши муҳим дорад.

Дуюм, ҷанбаи ҳифзи сохтори конститутсионӣ. Сохтори конститутсионӣ низоми асосҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии давлатро дар бар мегирад. Таъмини устувории он аз фаъолияти муназзами мақомоти давлатӣ, риояи қонунгузорӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешгирии ҳама гуна кӯшишҳои ғайриқонунии халалдор намудани низоми конститутсионӣ вобаста мебошад.

Сеюм, ҷанбаи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ. Яке аз меъёрҳои муҳими моддаи 64-уми Конститутсия муқаррар намудани масъулияти Президент ҳамчун кафили мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо мебошад. Ин меъёр барои таъмини ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар самти муқовимат ба таҳдидҳои амнияти миллӣ заминаи конститутсионӣ фароҳам меорад.

Чорум, ҷанбаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд. Амнияти миллӣ дар шароити давлати ҳуқуқбунёд набояд аз ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ҷудо карда шавад. Баръакс, ҳуқуқу озодиҳои инсон яке аз унсурҳои асосии амнияти миллӣ ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, ҳар гуна чорабинии давлатӣ дар самти муқовимат ба таҳдидҳои амниятӣ бояд дар асоси қонун, бо риояи зарурати ҳуқуқӣ ва кафолатҳои судӣ амалӣ карда шавад.

Терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи падидаҳое мебошанд, ки метавонанд ба амнияти миллӣ, сохтори конститутсионӣ, суботи сиёсӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва фаъолияти муътадили ниҳодҳои давлатӣ таъсири манфӣ расонанд.Муқовимат ба чунин зуҳурот танҳо бо истифодаи чораҳои ҷазодиҳӣ маҳдуд намегардад. Он бояд пешгирии омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, мафкуравӣ ва иттилоотии ба пайдоиш ва паҳншавии онҳо мусоидаткунандаро низ дар бар гирад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Конститутсия, қонунҳои соҳавӣ ва санадҳои стратегии давлатӣ муқаррар гардидаанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» аз 23 декабри соли 2021, №1808, дар моддаи 4 салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин самт муайян намудааст. Мутобиқи ин модда, Президент самтҳои асосии сиёсати давлатиро оид ба муқовимат ба терроризм муайян намуда, роҳбарии умумиро дар ин соҳа амалӣ менамояд. Мазмуни чунин ваколатҳо нишон медиҳад, ки Президент дар сатҳи олии давлатӣ барои ташаккули самтҳои стратегӣ ва таъмини ҳамоҳангии сиёсати зиддитеррористӣ нақши конститутсионӣ-ҳуқуқӣ дорад. Дар ин ҷо бояд фарқияти муҳими ҳуқуқӣ риоя карда шавад: муайян намудани сиёсати давлатӣ ва роҳбарии умумӣ ба маънои бевосита амалӣ намудани ҳамаи чорабиниҳои оперативӣ, тафтишотӣ ва махсус нест. Ин вазифаҳо тибқи қонунгузорӣ ба салоҳияти мақомоти дахлдори давлатӣ мансуб мебошанд.

Аз ин рӯ, нақши Президент пеш аз ҳама дар ташаккули заминаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, муайян намудани самтҳои афзалиятнок, фароҳам овардани шароити институтсионалӣ ва таъмини фаъолияти ҳамоҳангшудаи субъектҳои муқовимат ба терроризм ифода меёбад. Дар самти муқовимат ба экстремизм низ мақоми Президент аҳамияти махсус дорад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» аз 2 январи соли 2020, №1655, асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба экстремизмро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Аз мазмуни қонуни мазкур бармеояд, ки муқовимат ба экстремизм на танҳо вазифаи мақомоти махсусгардонидашуда, балки самти муҳимми сиёсати умумии давлатӣ мебошад.

Дар ин замина нақши Президентро дар чанд самти асосӣ метавон муайян намуд:

муайян намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизм;

таъмини ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар доираи салоҳияти конститутсионӣ;

фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии пешгирии зуҳуроти экстремистӣ;

мусоидат ба таҳкими маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ;

муайян намудани самтҳои ҳамкории байналмилалӣ дар доираи ваколатҳои конститутсионӣ ва қонунгузорӣ;

таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷараёни татбиқи чораҳои муқовимат ба экстремизм.

                Масъалаи муҳими дигар он аст, ки терроризм ва экстремизмро набояд ҳамчун мафҳумҳои комилан якхела баррасӣ намуд. Гарчанде онҳо дар баъзе ҳолатҳо робитаи мутақобила дошта метавонанд, аз ҷиҳати ҳуқуқӣ хусусият ва аломатҳои мустақили худро доранд. Аз ин рӯ, сиёсати давлатӣ ва механизмҳои ҳуқуқии муқовимат ба ҳар яке бояд бо назардошти хусусияти ҳуқуқии онҳо таҳия ва амалӣ карда шаванд. Ба андешаи ман, самаранокии сиёсати зиддитеррористӣ ва зиддиэкстремистӣ пеш аз ҳама аз он вобаста аст, ки давлат то чӣ андоза метавонад чораҳои пешгирикунандаро бо ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими маърифати ҳуқуқӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва баланд бардоштани эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ пайваст намояд. Дар ин самт сиёсати пешгирикунанда бояд нисбат ба сиёсати танҳо ҷазодиҳанда афзалияти воқеӣ дошта бошад. Зеро пешгирии сабабу шароитҳои пайдоиши таҳдидҳо на танҳо хароҷоти иҷтимоӣ ва ҳуқуқиро коҳиш медиҳад, балки барои таҳкими суботи дарозмуддати ҷомеа низ мусоидат менамояд.

Қобили зикр аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, №73, Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 тасдиқ гардидааст. Қабули чунин санади стратегӣ имконият медиҳад, ки масъалаҳои пешгирӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар доираи сиёсати дарозмуддати давлатӣ баррасӣ карда шаванд. Дар робита ба ин, зарур аст, ки нақши конститутсионии Президент дар таъмини иҷрои самараноки самтҳои стратегӣ бо риояи принсипҳои қонуният, масъулияти мақомоти давлатӣ, шаффофият ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон арзёбӣ гардад.

Коррупсия яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Он метавонад ба фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ, эътимоди ҷомеа ба ҳокимияти давлатӣ, таъмини баробарии шаҳрвандон дар назди қонун ва татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ таъсири манфӣ расонад.

Дар муқоиса бо терроризм ва экстремизм, хусусияти хоси коррупсия дар он зоҳир мегардад, ки ин зуҳурот метавонад аз дохили низоми идоракунии давлатӣ сарчашма гирифта, ба заиф шудани механизмҳои идоракунӣ ва назорати давлатӣ мусоидат намояд. Аз ин рӯ, муқовимат ба коррупсия бояд на танҳо ҳамчун самти фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки ҳамчун унсури муҳими таъмини амнияти миллӣ ва таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёд баррасӣ гардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия дар Конститутсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар шудаанд.

Мувофиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»аз 7 августи соли 2020, №1714, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия дорои як қатор ваколатҳои муҳим мебошад. Аз ҷумла:

муайян намудани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба муқовимат ба коррупсия;

тасдиқ намудани Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия;

таъсис додани Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

тасдиқи ҳайат ва низомномаи Шӯрои мазкур;

амалӣ намудани дигар ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ.

Таҳлили ин меъёрҳо нишон медиҳад, ки нақши Президент дар муқовимат ба коррупсия пеш аз ҳама хусусияти стратегӣ, ташкилӣ ва сиёсати умумидавлатӣ дорад. Махсусан, ваколати тасдиқи стратегияи давлатӣ аҳамияти муҳим дорад, зеро он имкон медиҳад, ки самтҳои афзалиятноки пешгирии коррупсия, вазифаҳои мақомоти давлатӣ, муҳлатҳои иҷрои чорабиниҳо ва механизмҳои баҳодиҳии натиҷаҳо муайян карда шаванд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тасдиқ шудааст. Дар ин санад зарурати таҳкими қонуният, шаффофият, иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешгирии бархӯрди манфиатҳо, таҳлили хавфҳои коррупсионӣ ва такмили қонунгузорӣ таъкид гардидааст. Санади мазкурро метавон ҳамчун яке аз воситаҳои амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими қонуният арзёбӣ намуд.Бо вуҷуди ин, масъалаи муқовимат ба коррупсия дорои хусусияти мураккаби институтсионалӣ мебошад. Зеро танҳо қабули стратегия, барнома ва нақшаҳои давлатӣ барои бартараф намудани сабабу омилҳои коррупсия кофӣ нест. Самаранокии онҳо аз сифати иҷро, масъулияти шахсони мансабдор, шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, мустақилияти мақомоти ваколатдор дар доираи қонун ва таъмини ногузирии ҷавобгарии ҳуқуқӣ вобаста мебошад. Ба андешаи ман, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат ба коррупсия бояд на танҳо дар муайян намудани самтҳои сиёсати зиддикоррупсионӣ, балки дар ташаккули низоми муассири идоракунии давлатӣ, ки дар он барои пайдоиш ва паҳншавии муносибатҳои коррупсионӣ имкониятҳо маҳдуд карда мешаванд, зоҳир мегардад.Дар ин замина масъалаҳои рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, кам намудани робитаи бевоситаи шаҳрвандон бо шахсони мансабдор ҳангоми гирифтани хизматрасониҳо, ҷорӣ намудани механизмҳои шаффофи хариди давлатӣ, эъломиякунонии даромад ва дороиҳо дар доираи қонунгузорӣ ва пешгирии бархӯрди манфиатҳо аҳамияти махсус доранд.

Ҳамзамон, бояд таъкид намуд, ки муқовимат ба коррупсия танҳо дар ҳолате метавонад натиҷаи устувор диҳад, ки он ба принсипи ногузирии ҷавобгарии ҳуқуқӣ, баробарии ҳама дар назди қонун ва ҳифзи кафолатҳои мурофиавии шахс асос ёбад.

Ҳамин тариқ, таҳкими минбаъдаи асосҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии фаъолияти Президент, такмили механизмҳои идоракунии давлатӣ, рушди фарҳанги ҳуқуқӣ ва иштироки фаъоли шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятӣ аз шартҳои муҳими таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир мебошад. Таъмини амнияти миллӣ хусусияти маҷмӯӣ дошта, фаъолияти ҳамоҳангшудаи мақомоти қонунгузор, иҷроия, судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти махсусгардонидашуда ва дигар субъектҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро тақозо менамояд.Амнияти миллӣ танҳо ҳифзи марзу буми давлат нест, балки ҳифзи Истиқлолият, Конститутсия, арзишҳои миллӣ, ҳуқуқу  озодиҳои инсон, суботи ҷомеа ва ояндаи наслҳои минбаъда мебошад.

 

Гулрухсор БАРОТОВА,

омӯзгори ДДМИТ