НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР РУШДИ САМТҲОИ МУҲИМИ ҲАЁТИ ҶОМЕА
Конститутсия дар низоми ҳуқуқии ҳар як давлат мақоми олиро ишғол намуда, ҳамчун санади асосии ҳуқуқӣ самтҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро муайян менамояд. Он на танҳо маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ, балки таҷассумгари иродаи халқ, арзишҳои миллӣ, принсипҳои давлатдорӣ ва заминаи устувори танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлол рӯйдоди муҳими таърихию сиёсӣ ба шумор меравад. 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин рӯйдод дар шароити мураккаби сиёсиву иҷтимоии кишвар марҳилаи нави рушди давлатдории миллиро оғоз бахшид. Аз ин рӯ, ҳамасола таҷлил намудани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба 6 ноябр рост меояд, на танҳо эҳтиром ба санади олии ҳуқуқии давлат, балки арҷгузорӣ ба истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёрии миллӣ ва арзишҳои ҳуқуқии ҷомеа мебошад.
Дар соли 2026 аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 сол сипарӣ мегардад. Дар ин давра Конститутсия ҳамчун санади асосии ҳуқуқӣ дар таҳкими низоми давлатдорӣ, ташаккули қонунгузории миллӣ ва муайян намудани самтҳои рушди ҷомеа нақши муҳим бозидааст.
Дар ин замина, эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» бо ҳадафҳои стратегии рушди давлат ва ҷомеа робитаи зич дорад. 17 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармони №1102-ро «Дар бораи эълон намудани соли 2026 ҳамчун Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ба имзо расониданд. Ин иқдом бо мақсади густариши корҳои созандагӣ, ободонии шаҳру ноҳияҳо, баланд бардоштани сатҳи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Ободонии Ватан танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ набуда, масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар низ мебошад. Ҳар як шахс метавонад бо меҳнати ҳалол, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳм гузорад.
Яке аз ҳадафҳои муҳимми эълон гардидани соли 2026 тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ мебошад. Худшиносии миллӣ маънои шинохти таърих, забон, фарҳанг, анъанаҳо ва арзишҳои миллиро дорад. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд аз таърихи пурғановати халқи тоҷик огоҳ бошад ва барои ҳифзу гиромидошти мероси фарҳангии ниёгон талош намояд. Дар ин самт нақши муассисаҳои таълимӣ, оила, ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма хеле муҳим аст. Ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа бояд тавассути донишомӯзӣ, касбомӯзӣ, эҳтиром ба қонун ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ дар ободонии Ватан саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар замони муосир рушди технологияҳои рақамӣ, иттилоотию коммуникатсионӣ ва зеҳни сунъӣ яке аз омилҳои асосии пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, №483, Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 қабул гардидааст, ки барои рушди технологияҳои муосир, иқтисоди рақамӣ ва пешрафти соҳаҳои гуногуни мамлакат заминаи муҳими стратегӣ фароҳам меорад.
Татбиқи стратегияи мазкур метавонад ба рушди неруи зеҳнӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва беҳтар гардидани сифати хизматрасониҳо мусоидат намояд. Технологияҳои нав ба ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва таълимии инсон таъсири назаррас мерасонанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо мақсади рушди иқтисоди рақамӣ, истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Дар ин раванд Конститутсия ҳамчун заминаи ҳуқуқии фаъолияти давлат ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аҳаммияти муҳим дошта, барои ташаккули муҳити ҳуқуқии мусоид ҷиҳати истифодаи технологияҳои муосир замина мегузорад.
Рушди технологияҳои рақамӣ, иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ метавонад ба пешрафти иқтисодиёт, маориф, тандурустӣ, илм ва дигар соҳаҳои ҳаёти мамлакат мусоидат намояд. Аз ин рӯ, вазифаи муҳимми ҷомеа аз он иборат аст, ки дастовардҳои илму техника ва имкониятҳои зеҳни сунъӣ ба манфиати инсон, рушди иқтисодиёт ва ободонии Ватан истифода шаванд. Ҳамзамон, ҳифзи маълумоти шахсӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ ва риояи ҳуқуқи шаҳрвандон ҳангоми истифодаи технологияҳои нав бояд дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта бошанд.
Суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ яке аз шартҳои асосии рушди устувори ҳар як давлат мебошад. Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии ҷомеа арзишҳое мебошанд, ки ҳифзи онҳо масъулияти тамоми шаҳрвандонро тақозо менамояд.
Конститутсия барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, муайян намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ ва таъмини фаъолияти низоми ҳуқуқӣ заминаи ягонаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Меъёрҳои конститутсионӣ бо муқаррар намудани принсипҳои соҳибихтиёрӣ, баробарҳуқуқӣ, волоияти қонун ва ягонагии давлат ба таҳкими суботи ҷомеа мусоидат мекунанд.
Дар шароити муосир таҳкими ваҳдати миллӣ бояд на танҳо ҳамчун арзиши сиёсӣ, балки ҳамчун фарҳанги муносибатҳои ҷамъиятӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон, таҳаммулпазирӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва риояи қонун арзёбӣ гардад. Маҳз эҳтироми арзишҳои умумимиллӣ ва риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ барои нигоҳ доштани фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва суботи ҷомеа мусоидат менамоянд.
Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванд бояд дар таҳкими сулҳу субот, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва пешгирии омилҳои халалдоркунандаи амнияти ҷомеа масъулияти баланд эҳсос намояд.
Конститутсия на танҳо санади сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, балки заминаи муҳимми рушди иқтисодии давлат низ мебошад. Мавҷудияти низоми устувори ҳуқуқӣ, ҳифзи моликият, кафолати фаъолияти соҳибкорӣ ва таъмини баробарии субъектҳои муносибатҳои иқтисодӣ барои ҷалби сармоя, рушди истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аҳаммияти калон дорад.
Дар шароити соли 2026 масъалаҳои таъмини шуғли аҳолӣ, рушди иқтисоди рақамӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ва коҳиш додани нобаробарии иҷтимоӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимми рушди кишвар ба шумор мераванд.
Меъёрҳои конститутсионӣ оид ба хусусияти иҷтимоии давлат аз мақомоти давлатӣ тақозо менамоянд, ки барои фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва рушди озодонаи инсон чораҳои зарурӣ андешанд. Ҳамзамон, татбиқи самараноки ин ҳадафҳо танҳо дар сурати ҳамкории давлат, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва худи шаҳрвандон имконпазир мегардад.
Бояд таъкид намуд, ки рушди иқтисодӣ бе волоияти қонун, шаффофияти муносибатҳои иқтисодӣ, ҳифзи ҳуқуқи моликият ва масъулияти ҳуқуқии иштирокчиёни муносибатҳои ҷамъиятӣ устувор буда наметавонад. Аз ин рӯ, Конститутсия ҳамчун санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ барои ташаккули муҳити мусоиди иқтисодӣ, рушди соҳибкорӣ ва ҳифзи манфиатҳои қонунии шаҳрвандон нақши муҳим мебозад.
Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар мавқеи муҳим дорад. Он асосҳои ҳуқуқии фаъолияти иқтисодӣ, соҳибкорӣ, ҳифзи моликият, рушди маориф, тандурустӣ, муносибатҳои меҳнатӣ ва таъминоти иҷтимоиро муайян менамояд. Дар шароити соли 2026 Конститутсия ҳамчун заминаи ҳуқуқии татбиқи барномаҳои рушди миллӣ, саноатикунонии кишвар, беҳтар намудани шароити зиндагии мардум ва таҳкими иқтидори иқтисодии миллӣ хизмат мекунад.
Дар маҷмуъ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва пояи устувори давлатдорӣ дар тамоми самтҳои муҳими ҳаёти ҷомеа нақши муассир дорад. Он барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.
Дар шароити муосир, ки ҷомеа бо тағйироти босуръати сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва технологӣ рӯ ба рӯ мебошад, омӯзишу эҳтироми Конститутсия ва татбиқи воқеии меъёрҳои он аҳаммияти боз ҳам бештар пайдо мекунад. Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки рушди устувори давлат танҳо дар заминаи риояи қонун, масъулияти шаҳрвандӣ, донишомӯзӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеа имконпазир аст.
Аз ин рӯ, эҳтиром ба Конститутсия ва риояи меъёрҳои он вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа буда, омили муҳимми таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини зиндагии шоиста ва бунёди Тоҷикистони ободу пешрафта мебошад.
Б. ЮНУСОВ,
ҲАДЯТУЛЛОИ Н.,
устодони кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ
Тоҷ
Рус
Eng