Конститутсия дар низоми давлатдорӣ ва танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ мавқеи муайянкунанда дорад. Он асосҳои сохтори давлат, тартиби фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муносибатҳои байни давлат ва шаҳрвандон, инчунин принсипҳои бунёдии ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро муқаррар менамояд. Аҳаммияти Конститутсия на танҳо дар муайян намудани сохтори давлат ва ваколатҳои мақомоти он, балки дар танзими муносибатҳои муҳимми ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд низ зоҳир мегардад. Аз ин рӯ, Конститутсия ҳамчун заминаи устувори ҳуқуқӣ барои таъмини суботи сиёсӣ, таҳкими қонуният ва татбиқи принсипҳои адолат хизмат мекунад.

Дар шароити рушди ҷомеаи муосир ташаккул ва такмили низоми мукаммали ҳуқуқӣ яке аз талаботи асосии фаъолияти самараноки давлат ба ҳисоб меравад. Давлат тавассути қонунгузорӣ муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим дароварда, ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандонро муайян ва фаъолияти мақомоти давлатиро дар доираи меъёрҳои ҳуқуқӣ ба роҳ мемонад. Дар сохтори чунин низом Конститутсия мақоми олиро ишғол менамояд, зеро тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд ба муқаррароти он мутобиқат кунанд. Маҳз ҳамин хусусият Конститутсияро ба воситаи муҳимми таъмини ягонагии қонунгузорӣ ва танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ табдил медиҳад.

Қонуният дар илми ҳуқуқшиносӣ ҳамчун принсип ва ҳолати ҳуқуқии ҷомеа маънидод мешавад, ки тибқи он талаботи Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон риоя ва иҷро мегарданд. Он яке аз принсипҳои муҳимми ташкили ҳаёти давлат ва ҷомеа буда, баробарии иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ, эҳтироми меъёрҳои қонунгузорӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳоро фаро мегирад. Конститутсия бо муқаррар намудани асосҳои ҳуқуқии қонуният барои татбиқи ин принсип дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ шароити зарурӣ фароҳам меорад.

Нақши Конститутсия дар таҳкими қонуният пеш аз ҳама аз мақоми олии ҳуқуқии он сарчашма мегирад. Қонуни асосӣ принсипҳои ташкили давлат, самтҳои фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳудуди ваколатҳои онҳоро муайян менамояд. Дар ин замина, фаъолияти ҳар як мақоми давлатӣ ва шахси мансабдор бояд ба талаботи Конститутсия ва қонунҳо мувофиқат кунад. Амалӣ намудани ваколатҳои давлатӣ берун аз доираи салоҳияти муқарраргардида мухолифи принсипи қонуният мебошад. Аз ин ҷиҳат, Конститутсия ҳамчун воситаи муҳими ҳуқуқии маҳдудсозии ҳокимият ва пешгирии худсарии шахсони мансабдор аҳаммияти махсус дорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсия ҳамчун Қонуни асосии давлат дорои эътибори олии ҳуқуқӣ мебошад. Мутобиқи моддаи 10-и Конститутсия, Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳои онҳо бевосита амал мекунанд. Ин муқаррарот мавқеи махсуси Қонуни асосиро дар низоми ҳуқуқии кишвар муайян намуда, мутобиқати дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба талаботи он зарур мегардонад. Ҳамин тариқ, Конститутсия ҳамчун санади бунёдии ҳуқуқӣ барои фаъолияти мақомоти давлатӣ, танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва таъмини ягонагии низоми қонунгузорӣ заминаи устувор фароҳам меорад.

Таҳкими қонуният дар фаъолияти давлат бо принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ робитаи зич дорад. Тақсим намудани ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ яке аз асосҳои муҳими сохтори конститутсионии давлат мебошад. Ҳар як шохаи ҳокимият дорои вазифаҳо ва салоҳияти муайян буда, фаъолияти худро дар доираи меъёрҳои ҳуқуқӣ амалӣ менамояд. Ҳокимияти қонунгузор тавассути қабули қонунҳо заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятиро муайян мекунад. Ҳокимияти иҷроия татбиқи қонунҳо, амалисозии сиёсати давлатӣ ва идоракунии соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро таъмин менамояд. Ҳокимияти судӣ бошад, бо роҳи баррасии парвандаҳо ва ҳалли баҳсҳои ҳуқуқӣ адолати судиро амалӣ намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад.

Моддаи 9-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷзияи ҳокимияти давлатиро ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар менамояд. Ин принсип барои ташкили фаъолияти муназзами мақомоти давлатӣ ва пешгирии тамаркузи ваколатҳои ҳокимият дар дасти як мақом ё шахс аҳаммияти муҳим дорад. Таҷзияи ҳокимият имкон медиҳад, ки ҳар як шохаи он дар доираи вазифаҳои муайян фаъолият намуда, муносибатҳои байни мақомоти давлатӣ дар асоси қонун ба роҳ монда шаванд. Дар чунин низом масъулияти ҳуқуқии мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мушаххас гардида, фаъолияти онҳо ба риояи талаботи Конститутсия ва қонунгузорӣ вобаста мегардад.

Муайян намудани мақом, вазифа ва салоҳияти мақомоти давлатӣ яке аз самтҳои муҳими таъсири Конститутсия ба таҳкими қонуният мебошад. Мақомоти давлатӣ ҳамчун сохторҳои амалисозандаи ҳокимияти давлатӣ уҳдадоранд ваколатҳои худро дар асоси меъёрҳои ҳуқуқӣ ва бо риояи тартиби муқарраргардида амалӣ намоянд. Сохтор, тартиби таъсис, вазифаҳо ва доираи фаъолияти ҳар як мақом тавассути санадҳои ҳуқуқӣ муайян карда мешавад. Чунин танзими ҳуқуқӣ барои пешгирии дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти мақомоти дигар, бартараф намудани ихтилофҳои салоҳиятӣ ва баланд бардоштани масъулияти шахсони мансабдор мусоидат мекунад.

Масъалаи масъулияти ҳуқуқӣ низ дар низоми таъмини қонуният мавқеи муҳим дорад. Масъулияти ҳуқуқӣ ҳамчун оқибати ҳуқуқии содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ ба миён омада, вобаста ба хусусият ва дараҷаи он шаклҳои гуногунро дар бар мегирад. Мақсади асосии татбиқи масъулияти ҳуқуқӣ таъмини риояи меъёрҳои қонун, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ мебошад. Конститутсия принсипҳои умумии муносибатҳои байни давлат ва шаҳрвандро муайян намуда, барои танзими масъалаҳои масъулияти ҳуқуқӣ дар қонунгузории соҳавӣ заминаи конститутсионӣ фароҳам меорад.

Адолат ҳамчун арзиши бунёдии ҷомеа ва принсипи муҳимми давлати ҳуқуқбунёд дар ташкили муносибатҳои ҷамъиятӣ аҳаммияти махсус дорад. Мазмуни ин мафҳум бо баробарҳуқуқии шаҳрвандон, эҳтироми шаъну шарафи инсон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва муносибати беғаразона ба иштирокчиёни муносибатҳои ҷамъиятӣ алоқаманд мебошад. Дар низоми ҳуқуқӣ адолат пеш аз ҳама тавассути муқаррар намудани ҳуқуқу уҳдадориҳои баробар ва таъмини муносибати одилона нисбат ба шахсон ифода меёбад. Мувофиқи ин принсип, миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқод, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва дигар хусусиятҳои шахсӣ набояд барои маҳдуд намудани ҳуқуқҳои қонунии шаҳрвандон асос гарданд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғояи адолатро ҳамчун яке аз самтҳои муҳими ташаккули давлатдорӣ ва рушди ҷомеа инъикос менамояд. Дар дебочаи Конститутсия бунёди ҷомеаи адолатпарвар ҳамчун яке аз мақсадҳои қабули Қонуни асосӣ ифода гардидааст. Ин муқаррарот мазмуни арзишии санади мазкурро нишон дода, робитаи онро бо принсипҳои озодӣ, баробарҳуқуқӣ, эҳтироми инсон ва масъулияти шаҳрвандӣ муайян мекунад. Ҷомеаи адолатпарвар ҷомеаест, ки дар он муносибатҳои байни шаҳрвандон, давлат ва ташкилотҳо дар асоси қонун, эҳтироми ҳуқуқи дигарон ва эътирофи арзиши инсон ба роҳ монда мешаванд.

Мутобиқи моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Хусусияти ҳуқуқбунёдии давлат пеш аз ҳама дар волоияти қонун, маҳдуд будани фаъолияти мақомоти давлатӣ бо меъёрҳои ҳуқуқӣ ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ифода меёбад. Дар чунин давлат қонун ҳамчун меъёри умумии танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ амал намуда, талаботи он нисбат ба ҳамаи иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ баробар татбиқ мегардад. Фаъолияти мақомоти давлатӣ, муносибатҳои байни шаҳрвандон ва ташкилотҳо, инчунин ҳалли баҳсҳои ҳуқуқӣ бояд дар асоси меъёрҳои қонунгузорӣ сурат гиранд. Аз ин рӯ, давлати ҳуқуқбунёд заминаи муҳимми таъмини адолат ва таҳкими қонуният дар ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Эътирофи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ яке аз принсипҳои асосии сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Моддаи 5-и Конститутсия ин арзишро муқаррар намуда, мавқеи инсонро дар муносибатҳои байни давлат ва ҷомеа муайян мекунад. Мазмуни ин меъёр аз он иборат аст, ки фаъолияти давлат ва мақомоти он бояд ба эҳтиром, ҳифз ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон равона карда шавад. Ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ, дахлнопазирии шахс, ҳифзи шаъну шараф, моликият, таҳсил, меҳнат ва дигар ҳуқуқҳои конститутсионӣ унсурҳои асосии мақоми ҳуқуқии инсонро ташкил медиҳанд. Ҳифзи ин ҳуқуқҳо яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми фаъолияти давлати ҳуқуқбунёд ва татбиқи принсипҳои адолат мебошад.

Баробарии шаҳрвандон дар назди қонун ва суд яке аз меъёрҳои бунёдии адолати ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарии ҳамаро дар назди қонун ва суд муқаррар намуда, табъизро вобаста ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк манъ мекунад. Ин меъёр барои таъмини мақоми баробари ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии муносибати нобаробар дар татбиқи қонун замина фароҳам меорад. Баробарӣ дар назди қонун маънои онро дорад, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсон дар асоси меъёрҳои умумии ҳуқуқӣ муайян гардида, татбиқи онҳо бояд беғаразона ва бо риояи талаботи қонун сурат гирад. Ҳамин принсип мазмуни адолати ҳуқуқиро ифода намуда, барои таҳкими эътимоди шаҳрвандон ба низоми ҳуқуқӣ мусоидат мекунад.

Ҳифзи судии ҳуқуқу озодиҳои инсон яке аз кафолатҳои асосии амалисозии адолат дар ҷомеа мебошад. Суд ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ дар низоми ҳуқуқии кишвар мавқеи махсус дошта, вазифаи он баррасии парвандаҳо, ҳалли баҳсҳои ҳуқуқӣ ва татбиқи меъёрҳои қонун нисбат ба муносибатҳои мушаххаси ҷамъиятӣ мебошад. Муроҷиат ба суд ба шахсон имконият медиҳад, ки ҳуқуқу манфиатҳои вайроншуда ё мавриди баҳс қарордоштаи худро дар асоси тартиби муқаррарнамудаи қонун ҳимоя намоянд. Моддаи 19-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ҳар шахсро ба ҳифзи судӣ кафолат медиҳад. Ин муқаррарот яке аз воситаҳои муҳимми барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншуда ва таъмини адолати ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад.

Принсипи бегуноҳии шахс то исботи гуноҳ низ дар таъмини адолати ҳуқуқӣ ва судӣ аҳаммияти муҳим дорад. Мазмуни ин принсип дар он ифода меёбад, ки шахс то замоне гунаҳгор ҳисобида намешавад, ки гуноҳи ӯ бо тартиби пешбининамудаи қонун исбот нагардида ва ҳукми суд эътибори қонунӣ пайдо накардааст. Ин меъёр барои ҳифзи шаъну шарафи инсон, пешгирии муносибати худсарона ва таъмини баррасии одилонаи парвандаҳои судӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Ҳамзамон, ҳуқуқ ба ҳимоя, истифода аз ёрии ҳуқуқӣ ва баррасии парванда дар асоси қонун аз ҷумлаи кафолатҳои муҳимми адолати судӣ ба шумор мераванд.

Мазмуни адолат аз доираи муносибатҳои судӣ берун рафта, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро фаро мегирад. Дар муносибатҳои меҳнатӣ, оилавӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ низ риояи принсипҳои адолат барои таъмини муносибатҳои мутавозин ва ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон зарур мебошад. Баробарии имкониятҳо, ҳифзи ҳуқуқи моликият, дастрасӣ ба таҳсил, таъмини ҳуқуқ ба меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва амнияти шахс аз ҷумлаи ҷанбаҳои муҳимми адолати ҷамъиятӣ мебошанд. Конститутсия принсипҳои асосии танзими ин муносибатҳоро муайян намуда, барои таҳияи қонунҳои соҳавӣ ва ташаккули низоми мукаммали ҳифзи ҳуқуқ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.

Конститутсия ҳамчун Қонуни асосии давлат дар ташаккул ва таҳкими низоми қонуният ва адолат нақши муайянкунанда дорад. Он принсипҳои бунёдии давлатдорӣ, тартиби фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва уҳдадориҳои шаҳрвандонро муқаррар намуда, муносибатҳои байни давлат ва ҷомеаро дар асоси меъёрҳои ҳуқуқӣ ба танзим медарорад.

Қонуният ва адолат ҳамчун арзишҳои муҳимми ҷомеаи ҳуқуқбунёд дар шароити риояи қонун, баробарҳуқуқии шаҳрвандон, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва масъулияти ҳуқуқии иштирокчиёни муносибатҳои ҷамъиятӣ таҳким меёбанд. Дар ин замина, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии ташаккули ҷомеаи адолатпарвар, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандонро муайян менамояд.

Мақоми махсуси Конститутсия дар он зоҳир мегардад, ки он қонуният, волоияти қонун, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва адолатро ҳамчун принсипҳои бунёдии фаъолияти давлат ва ташкили ҳаёти ҷамъиятӣ муқаррар намуда, барои татбиқи онҳо заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Аз ин рӯ, омӯзиш, эҳтиром ва риояи Конститутсия вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванд буда, омили асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад.

 

Қаландар САФАРЗОДА,

декани факултети иқтисод ва идоракунии давлатии ДДМИТ