НАҚШИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
Дар шароити муосир рушди устувори иқтисоди миллӣ бе ташаккули низоми самараноки сармоягузорӣ ғайриимкон мебошад. Сармоягузорӣ барои васеъ намудани иқтидори истеҳсолӣ, азнавсозии фондҳои асосӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нав, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши рақобатпазирии маҳсулоти миллӣ замина фароҳам меорад.
Равандҳои ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ муносибатҳои байни иқтисодиёти кишварҳоро боз ҳам зичтар намуда, ҳаракати мол, хизматрасонӣ, технология ва сармояро васеъ карда истодаанд. Дар чунин шароит рақобат байни давлатҳо барои ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ зиёд мешавад. Аз ин рӯ, мавҷудияти сиёсати самараноки давлатӣ яке аз омилҳои муҳимтарини таъмини ҷолибияти сармоягузории кишвар ба ҳисоб меравад.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҷалби сармоя аҳамияти стратегӣ дорад. Иқтисоди кишвар ба сармоягузорӣ барои рушди саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, инфрасохтор, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок эҳтиёҷ дорад. Аз ин рӯ, сиёсати давлатии сармоягузорӣ бояд на танҳо ба зиёд намудани ҳаҷми сармоягузорӣ, балки ба баланд бардоштани сифати он ва самаранокии истифодаи захираҳои сармоявӣ равона карда шавад.
Мақсади таҳқиқот муайян намудани нақши сиёсати давлатӣ дар рушди фаъолияти сармоягузорӣ ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмили механизмҳои танзими давлатии сармоягузорӣ дар шароити ҳамгироии иқтисодӣ мебошад.
Сармоягузорӣ яке аз воситаҳои асосии рушди иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, раванди гузоштани захираҳои молиявӣ, моддӣ, технологӣ ва зеҳнӣ ба фаъолияти иқтисодӣ бо мақсади ба даст овардани натиҷаи иқтисодӣ ё иҷтимоии муайян мебошад.
Аз нуқтаи назари иқтисодӣ сармоягузорӣ метавонад ҳамчун воситаи табдил додани захираҳои молиявӣ ба иқтидори истеҳсолӣ баррасӣ карда шавад. Агар сармоя ба соҳаҳои истеҳсолӣ равона гардад, он метавонад ба афзоиши истеҳсолот, баланд шудани маҳсулнокии меҳнат ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат намояд.
Сиёсати давлатии сармоягузорӣ бошад, маҷмӯи тадбирҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, ташкилӣ ва институтсионалӣ мебошад, ки давлат барои ташаккули муҳити мусоиди сармоягузорӣ ва ҳавасманд намудани сармоягузорон истифода мебарад.
Дар шароити иқтисоди бозорӣ давлат набояд нақши сармоягузорро пурра ба зимма гирад. Баръакс, вазифаи асосии давлат фароҳам овардани шароите мебошад, ки дар он бахши хусусӣ ва сармоягузорони хориҷӣ имконияти татбиқи лоиҳаҳои самаранокро дошта бошанд.
Яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлатии сармоягузорӣ ташаккули заминаи муосири ҳуқуқӣ мебошад. Сармоягузори дохилӣ ва хориҷӣ пеш аз қабули қарор оид ба татбиқи лоиҳа ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи моликият, устувории қонунгузорӣ, имконияти интиқоли даромад, низоми андозбандӣ ва дигар омилҳо диққат медиҳад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 қадами муҳим дар самти такмили заминаи ҳуқуқии сармоягузорӣ гузошта шуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ» аз 14 майи соли 2025, №2173 қабул гардида, аз 16 майи соли 2025 мавриди амал қарор гирифт. Қонун асосҳои ҳуқуқию иқтисодии муносибатҳо дар соҳаи сармоя ва фаъолияти сармоягузорӣ, аз ҷумла низомҳои ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии давлатии сармоягузориро муайян менамояд.
Қонун инчунин усулҳои ҳавасмандгардонӣ ва танзими давлатии фаъолияти сармоягузориро пешбинӣ намуда, ба самаранокӣ ва натиҷабахшии фаъолияти сармоягузорӣ нигаронида шудааст. Дар он аз ҷумла дастгирии сармоягузорӣ ба азнавсозӣ ва муосиргардонии техникии корхонаҳои саноатӣ, соҳибкории хурду миёна, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва паркҳои илмию технологӣ пешбинӣ шудааст.
Қабули қонуни мазкур нишон медиҳад, ки сиёсати давлатӣ тадриҷан аз танзими умумии фаъолияти сармоягузорӣ ба ташаккули механизми нисбатан мукаммали ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии сармоягузор мегузарад.
Бо вуҷуди пешрафтҳои бадастомада, барои рушди минбаъдаи фаъолияти сармоягузорӣ як қатор масъалаҳо боқӣ мемонанд.
Якум, зарурати баланд бардоштани сатҳи пешбинишавандагии муҳити сармоягузорӣ мебошад. Сармоягузории дарозмуддат танҳо дар шароити устувории қоидаҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ самаранок амалӣ мегардад.
Дуюм, зарур аст, ки расмиёти маъмурӣ минбаъд низ содда карда шаванд. Кам кардани вақти бақайдгирӣ, гирифтани иҷозатҳо ва дигар хизматрасониҳо метавонад хароҷоти сармоягузорро коҳиш диҳад.
Сеюм, масъалаи рушди сармоягузории дохилӣ муҳим мебошад. Танҳо такя ба сармояи хориҷӣ наметавонад заминаи кофии рушди дарозмуддати иқтисоди миллӣ бошад.
Чорум, зарурати диверсификатсияи ҷуғрофӣ ва соҳавии сармоягузорӣ ба миён меояд. Сармоягузорӣ бояд ба доираи васеи соҳаҳо равона карда шавад, то вобастагии иқтисоди миллӣ аз якчанд соҳа коҳиш ёбад.
Панҷум, рушди инфрасохтори муосир, бахусус инфрасохтори нақлиётӣ, энергетикӣ ва рақамӣ, барои баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузорӣ аҳамияти калон дорад, ки метавонанд, дар оянда баҳри рушди фаъолияти сармоягузорӣ имконияти бештаре фароҳам оранд.
А. К. КИРОМИДДИНЗОДА,
омӯзгори кафедраи идораи давлатӣ ва маҳаллӣ
Тоҷ
Рус
Eng