Зи ҷӯе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,

Нашояд фикандан дар он сангу хок.

Об дар қатори нури офтоб, ҳаво ва хок асоси зиндагонист. Мардум беҳуда онро сарвати худодод, обу ободонӣ намегӯяд ва обро муъҷизаи табиат ҳисоб мекунанд. Аз чор се ҳиссаи сатҳи кураи Заминро табақоти об ташкил медиҳад.

Об хусусияте дорад, ки агар ифлос шавад, худаш худашро тоза мекунад. Агар ифлосии об аз меъёр гузарад, дигар об худашро поку тоза карда наметавонад. Тоҷикистони мо бо захираҳои обаш дар ҷаҳон ҷойи ҳаштумро ишғол мекунад. Тоҷикистон дарёҳои зиёде дорад. Дарёҳо асосан ба ҳавзаи дарёҳои Аму, Сир, Зарафшон ва Панҷ мансубанд. Дар Тоҷикистон қариб 1300 кӯл ҳаст. Аксарияти онҳо дар Помир ва кӯҳистони Зарафшону Ҳисор воқеъ гардидаанд.

Дар Тоҷикистон чашмаҳои оби зулол хеле бисёранд. Чашмаҳои Чилучорчашмаи Шаҳритӯс, Сарчашмаи Кӯлоб, Ҳафтчашмаи Файзобод, Хучи болои Ҳисор, Чашмаи Нияти Панҷакент, Чашмаи Лангари моҳиёни Исфара, Чашмаи Чинори Ашт, Чашмаҳои Чоруқдарон, Учбоғ, Қозибибӣ (дар кӯҳи Муғул), Ҳавзи моҳиёни Истаравшан, Сарчашмаи Рӯшон ва ғайра бо оби ширини нӯшиданиашон ном баровардаанд. Мутобиқи ҳисоботи пешакӣ, то соли 2030 зиёдшавии истифодвбарии об дар Осиёи Марказӣ 15-20%-ро ташкил медиҳад. Агар боз камшавии ҷараёни дарёҳоро дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба ҳисоб гирем, вазъияти бавуҷудомада хатарбор мегардад. Аз ин рӯ, ин гавҳари табиатро бояд сарфакорона истифода бурд.

Ташаббусҳои Сарвари хирадманди мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳаллу фасл ва дарёфти роҳу усулҳои рафъи мушкилоти вобаста ба об хеле муҳим ва саривақтианд. Пешниҳоди Сарвари тоҷикони ҷаҳон оид ба эълон намудани соли 2003 ҳамчун «Соли оби тоза», солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», соли 2013 ҳамчун «Соли байналмилалӣ ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва инак, пешниҳоди нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ ёфтанд.

Ҳамин аст, ки  аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028» боз як марҳалаи муњим дар раванди муттаҳид гардонидани талошҳои дастақамъонаи кишварҳои дунё баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об хоҳад шуд. Маҳз бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои бењтар намудани сифати оби ошомиданӣ, самаранокии истифодаи об таъкид карда шуд.

Оре, об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудияти олам аст. Об захирае бузургест, ки вокеияти он ҷаҳону зиндагиро таровату покизагӣ мебахшад. Ҳастии инсон, гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодиву пурбаракотӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад. Обро инсон барои нушидан, пухтани хурок, шустушуи ҷою манзил, тозагии кучаҳо истифода мебарад. Об ин сарчашмаи ҳаёт буда, инсоният худро бе об тасаввур карда наметавонад. Инсон тамоми лахзаҳои ҳаёташ бо об зинда аст.

Об ин неъмати бебаҳои Худованд буда,онро покиза нигоҳ доштан вазифаи ҳар як шаҳрванд аст. Мо мефахрем, ки дар Тоҷикистони соҳиб- истиқлол зиста аз Оби тоза ва ширини ӯ ҳаловат мебарем. Дар Тоҷикистон об яке аз қимматтарин неъмат шуморида мешавад ва тули чанд соли охир дар васфи оби тозаву ширини ин диёр достону шеърҳо хонда шудааст. Тоза нигоҳ доштани об, муқаддас шуморидани он, қиммат донистани ҳар як катраи он ин муъчизаи бузург ва қарзи ҳар як инсон аст.

Кори ягон соҳаи саноат бе об пеш намеравад. Дар фабрикаву заводҳо обро барои тайёр кардани оби маҳлули рангҳо, оҳар додани матоъ, коркарди пуст, тайёр кардани коғаз, собун, нонпазӣ, нушокиҳои гуногун истифода мебаранд. Инсон бе об зиндагӣ карда наметавонад. Ҳатто қисмати зиёди вазни бадани инсоният аз об иборат мебошад. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин мегардонад. Об сабзавоту наботот ва ҳайвонотро, ки инсон ҳамеша ба онҳо сару кор дорад, манбаи асосист.

Обҳои минералӣ ва гарму ҷӯшонро бо мақсади муолиҷа, ҳамчун нӯшокӣ, барои гарм кардани биноҳои истиқомативу гармхонаҳо ва истихроҷи маъдан истифода бурдан мумкин аст. Чашмаҳои маъдании Хоҷаобигарм, Гармчашма, Шоҳамбарӣ, Ҳавотоғ, Хоҷасангхок (Анзоб) дар Тоҷикистон ва берун аз он шуҳрат пайдо кардаанд.

Дар Тоҷикистон чашмасор бисёр аст. Мо бояд ин чашмаҳоро нигоҳубин кунем, дар атрофи онҳо дарахту буттаҳо шинонида, тоза нигоҳ дорем.

Мо дар ҳама ҷо бо ифтихор Тоҷикистонро сарчашмаи обҳои Осиёи Марказӣ мегӯем. Ва имрӯз мебояд мутобиқи ҳамин ифтихор аз он самаранок ва оқилона истифода барем. Захираҳои об ва тозагии онро ҳифз кунем, ба қадри дарё, кӯлу чашмаҳои худ бирасем.

 

Асадулло Садуллоев,

 омӯзгори кафедраи иқтисодиёти  ҷаҳон ДДМИТ