Масъалаи оби тоза ва мушкилоти вобаста ба он аз зумраи масоили мубраме мебошад, ки вобаста ба аҳамияти гуногунпаҳлуи худ дар ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар мадди назари доимии сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Бо назардошти маҷмуи масъалаҳое, ки тайи чанд даҳсолаи охир дар иртибот ба коҳиши захираҳои обӣ, афзоиши истеъмоли он, тағйирёбии иқлим ва дигар омилҳо дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мушоҳида мегарданд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш менамоянд, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати ҳалли саривақтии онҳо ҷалб намоянд.

Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, ки соли 2009 дар Форуми панҷуми байналмилалии об муаррифӣ гардида буд, истеъмоли оби тоза дар давоми 50 соли охир се баробар зиёд шудааст. Дар минтақаҳои васеи ҷаҳони рӯ ба рушд то ҳол дастрасӣ ба оби нӯшокии безарар нобаробар боқӣ монда, имкониятҳои технологии поксозии об барои истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ва коркарди оби истифодашуда маҳдуд мебошанд. Дар сурати наандешидани тадбирҳои фаврӣ, тахмин меравад, ки то соли 2030 қариб 5 миллиард нафар, яъне тақрибан 67 фоизи аҳолии ҷаҳон аз оби тоза маҳрум хоҳанд шуд.

Айни ҳол дар рӯи замин тақрибан 9 миллиард нафар зиндагӣ мекунанд ва афзоиши солонаи аҳолӣ 80 миллион нафарро ташкил медиҳад. Пешбинӣ мешавад, ки то соли 2050 шумораи аҳолии ҷаҳон ба 12 миллиард нафар расида, ин афзоиш асосан ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ рост меояд, ки аллакай, бо мушкилоти норасоии об рӯ ба рӯ ҳастанд. Ҳамзамон, ҳамасола талабот ба оби тоза дар ҷаҳон ба миқдори 64 миллион метри мукааб меафзояд. Дар сурати идомаи ин раванд, то соли 2030 нисфи аҳолии ҷаҳон ба таҳдиди норасоии об мувоҷеҳ мегардад.

Мувофиқи маълумоти Институти захираҳои ҷаҳонӣ, захираҳои солонаи оби тоза дар Осиёи Марказӣ 293 миллиард метри мукаабро ташкил дода, ба ҳар сари аҳолӣ 6100 метри мукааб рост меояд. Тибқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми миёнаи истифодаи оби тоза ба ҳар нафар аз 2000 метри мукааб дар Тоҷикистон то 4900 метри мукааб дар Туркманистонро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда дар Қазоқистон 2,35 ҳазор м³, дар Қирғизистон 2,38 ҳазор м³ ва дар Узбекистон 3,42 ҳазор м³ мебошад. Гарчанде ин нишондиҳандаҳо нисбат ба баъзе минтақаҳои дигар паст бошанд ҳам, онҳо ҳатман маънои норасоии обро надоранд.

Тибқи меъёрҳои Институти захираҳои ҷаҳонӣ, норасоии об дар ҳолате ба вуҷуд меояд, ки истифодаи он ба ҳар сари аҳолӣ камтар аз 1700 метри мукаабро ташкил диҳад. Сабаби асосии норасоии об дар Осиёи Марказӣ ба истифодаи зиёди он дар кишварҳои поёноб вобаста аст, ки тақрибан 70 фоизи захираҳои обиро асосан барои кишоварзӣ истифода мебаранд.

Қайд кардан зарур аст, ки истеъмоли асосии об дар минтақа ба Узбекистон рост меояд, ки 59,2 миллиард метри мукааб дар як солро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда қариб ба ҳаҷми истифодаи муштараки Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон баробар аст. Дар Узбекистон 88,5 фоизи об барои кишоварзӣ сарф мегардад. Ҳамзамон, исрофи об дар ин соҳа нисбат ба нишондиҳандаҳои ҷаҳонӣ аз 3 то 10 баробар зиёд буда, сабаби он истифодаи системаҳои кӯҳна ва бесамари обёрӣ мебошад.

Яке аз масъалаҳои муҳими экологӣ дар минтақа хушкшавии баҳри Арал мебошад, ки пеш аз ҳама, натиҷаи истифодаи ғайриоқилонаи об дар кишоварзӣ аст. Масоҳати заминҳои обёришаванда аз 4 миллион гектар дар соли 1960 то имрӯз ба қариб 9 миллион гектар расидааст. Ҳамчунин, дар ин давра зиёда аз 100 обанбор сохта шудааст.

Дар айни замон, захираҳои асосии об (зиёда аз 80 фоиз) дар кишварҳои болооб - Тоҷикистон ва Қирғизистон ташаккул меёбанд, вале истифодаи асосии онҳо (зиёда аз 85 фоиз) ба кишварҳои поёноб рост меояд. Тоҷикистон танҳо 10 фоизи захираҳои худро истифода бурда, қисми зиёди он ба дигар кишварҳо ҷорӣ мегардад.

Бо вуҷуди захираҳои фаровон зиёда аз 40 фоизи аҳолии Тоҷикистон ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасии маҳдуд доранд. Ин ҳолат ба мушкилоти иқтисодӣ, норасоии инфрасохтор ва омилҳои табиӣ вобаста аст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъ як қатор барномаҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намудааст, аз ҷумла Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ (2008-2020), инчунин қонунҳо «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он» ва «Дар бораи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об».

Дар баробари ин, Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳсор бо офатҳои табиӣ, аз қабили сел ва обхезӣ, зуд-зуд рӯ ба рӯ мегардад. Ин ҳодисаҳо ба иқтисодиёт ва инфрасохтори кишвар зарари ҷиддӣ мерасонанд. Барои пешгирии онҳо сохтмони саддҳо, селпартоҳо ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ амалӣ карда мешаванд.

Дар маҷмуъ, барои рушди соҳаи об ва беҳтар намудани инфрасохтори он дар Тоҷикистон маблағҳои калон ҷудо гардида, як қатор барномаҳои давлатӣ амалӣ шудаанд.

Хулоса, новобаста ба захираҳои фаровони обӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз ҳам мушкилоти ҷиддӣ дар ин соҳа боқӣ мондаанд. Ҳалли онҳо на танҳо маблағ, балки вақти муайян ва ҳамкории васеи байналмилалиро талаб менамояд. Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Даҳсолаи «Об барои рушди устувор» (2018-2028) метавонад дар ҳалли масъалаҳои обии ҷаҳонӣ нақши муҳим бозад.

Маҳтоб ҲАМИДОВА,

муаллими калони кафедраи менеҷменти ДДМИТ