ОБОДОНИИ ДОНИШГОҲ - САҲМГУЗОРӢ ДАР ОБОДИИ ВАТАН
Мусоҳибаи ихтисосии сардори шуъбаи иттилооти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Очилдиев бо муовини ректори донишгоҳ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагӣ Диловаршо Муродзода
Соли 2026 барои мардуми Тоҷикистон соли фаромӯшнопазир ва дорои аҳамияти вижаи таърихист. Дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар заминаи иқдомҳои созандагии Соли ободонӣ ва ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон масъалаи ободониву тозагӣ, ҳифзи муҳити таълиму тарбия ва таҳкими фарҳанги масъулиятшиносӣ аҳамияти бештар касб мекунад. Дар ин замина, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳамчун марказҳои илму маърифат, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ дар татбиқи ҳадафҳои мазкур масъулияти муҳим бар дӯш доранд. Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ бо дарназардошти рисолати таълимиву тарбиявии худ ба масъалаҳои беҳтар намудани муҳити таълим, ободонии инфрасохтор, нигоҳдории биною иншоот, истифодаи самараноки захираҳои моддиву молиявӣ ва тарбияи ҷавонони ватандӯст таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Ободонии муҳити донишгоҳ танҳо ба тозаву озода нигоҳ доштани биноҳо ва саҳни муассиса маҳдуд намешавад. Он, пеш аз ҳама, ифодаи фарҳанги баланди ташкилӣ, муносибати масъулона ба моликияти давлатӣ, эҳтиром ба меҳнати дастаҷамъона ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбия мебошад.
Вобаста ба муҳимияти ин масъалаҳо ва нақши сохторҳои маъмурию хоҷагӣ дар татбиқи ташаббуси мазкур, сардори шуъбаи иттилооти донишгоҳ Муҳаммадалӣ Очилдиев бо муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагӣ Диловаршо Муродзода суҳбат анҷом дод, ки манзури цазовати ащли назар мегардад.
- Муҳтарам Диловаршо Муродзода, нахуст мехостем назари Шуморо ба иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати соли 2026 эълон гардидани «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» бидонем. Аҳаммияти ин ташаббусро дар чӣ мебинед?
- Пеш аз ҳама, мехоҳам таъкид намоям, ки ин иқдоми муҳими давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар, аз ҷумла аҳли илму маориф, аҳамияти бузурги сиёсиву иҷтимоӣ ва маънавӣ дорад. Эълон гардидани соли 2026 бо чунин унвон моро водор месозад, ки масъулияти худро дар назди давлату миллат боз ҳам амиқтар дарк намуда, барои ободии Ватан ва таҳкими арзишҳои миллӣ саҳми бештар гузорем.
Зеро ободониву созандагӣ яке аз омилҳои муҳими пешрафти ҷомеа мебошад. Ҳар як иқдоми созанда, новобаста аз ҳаҷму миқёси он, метавонад ба беҳтар гардидани муҳити зисту фаъолият ва баланд шудани сатҳи фарҳанги ҷамъиятӣ мусоидат намояд. Дар баробари ин, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ маънои эҳтиром ба таъриху фарҳанг, забон, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро дорад. Вақте инсон худро узви масъули ҷомеа медонад, барои ҳифзи дастовардҳо ва ободии сарзамини худ талош мекунад. Аз ин рӯ, мо бояд ин ташаббусро на танҳо ҳамчун як чорабинии рамзӣ, балки ҳамчун роҳнамои амалии фаъолияти ҳаррӯзаи худ қабул намоем.
- Дар доираи ин ташаббус вазифаҳои асосии сохторҳои маъмурию хоҷагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз чӣ иборатанд?
- Вазифаи асосии сохторҳои маъмурию хоҷагӣ фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти самараноки таълимиву илмӣ ва маъмурии донишгоҳ мебошад. Ин кор доираи васеи масъалаҳоро дар бар мегирад: нигоҳдории дурусти биною иншоот, таъмини тозагӣ ва тартибот, назорати ҳолати техникии таҷҳизот, нигоҳубини ҳудуди донишгоҳ ва андешидани тадбирҳо барои истифодаи оқилонаи захираҳо.
Дар шароити имрӯза танҳо бунёд ё навсозии иншоот кофӣ нест. Муҳим он аст, ки онҳо дуруст истифода шуда, ҳамеша дар ҳолати хуби техникӣ ва санитарӣ нигоҳ дошта шаванд. Барои ин ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои дахлдор, масъулияти кормандон ва риояи талаботи муқарраргардида зарур мебошад.
Мо бояд ба ҳар як ҷузъиёти муҳити донишгоҳ, аз ҳолати синфхонаю роҳравҳо то тозагии саҳни бино ва сарфаи неруи барқ, об ва дигар захираҳо, муносибати ҷиддӣ дошта бошем. Зеро маҳз ҳамин омилҳо сатҳи ташкили кор ва фарҳанги истифодаи моликияти давлатиро инъикос менамоянд.
Соли 2026 бо 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдомҳои созандагӣ алоқаманд аст. Ин санаҳои муҳим ба фарҳанги ободонӣ чӣ иртибот доранд?
- Истиқлол барои мардуми Тоҷикистон на танҳо дастоварди бузурги таърихӣ, балки заминаи воқеии бунёдкорӣ, худшиносии миллӣ ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мебошад. Дар даврони истиқлол дар кишвар иншооти зиёди иҷтимоӣ, таълимӣ, фарҳангӣ ва истеҳсолӣ бунёд гардида, барои рушди инфрасохтор ва беҳтар шудани шароити зиндагии мардум заминаҳои нав фароҳам оварда шудаанд.
Таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ моро водор месозад, ки ба дастовардҳои бадастомада бо нигоҳи масъулона назар андозем ва барои ҳифзу афзун намудани онҳо саҳм гузорем. Арҷгузорӣ ба истиқлол танҳо бо баргузории чорабиниҳои идона маҳдуд намешавад. Он пеш аз ҳама дар меҳнати созанда, муносибати ғамхорона ба муҳити зист, ҳифзи моликияти ҷамъиятӣ ва обод нигоҳ доштани муассисаву маҳалли зист ифода меёбад.
Соли ободонӣ низ моро ба чунин муносибат ҳидоят мекунад. Ҳар як иқдоми созанда, ҳар дарахти шинонидашуда, ҳар гӯшаи тозаву озода ва ҳар иншооти нигоҳубиншуда метавонад саҳми хурд, вале арзишманд дар ободии Ватан бошад. Муҳим он аст, ки ин корҳо на танҳо ба хотири санаҳои ҷашнӣ, балки ҳамчун меъёри доимии зиндагӣ идома ёбанд.
- Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии таъсисёбии худ чӣ гуна метавонад фарҳанги ободонӣ ва созандагиро тақвият бахшад?
- Барои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 50-солагии таъсисёбӣ марҳилаи муҳими таърихӣ ва фурсати муносиб барои бознигарии дастовардҳо, муайян намудани вазифаҳои минбаъда ва таҳкими масъулияти ҷомеаи донишгоҳ мебошад. Дар тӯли фаъолияти худ муассиса дар омода намудани мутахассисони соҳаи молия, иқтисод, баҳисобгирӣ, бонкдорӣ ва дигар самтҳои муҳим саҳм гузоштааст.
Дар баробари рушди сифати таълим ва таҳкими заминаи илмӣ, ободонии муҳити донишгоҳ низ бояд аз самтҳои муҳимми фаъолияти ҷомеаи он бошад. Зеро шароити муносиб, синфхонаву озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз, толорҳои барҳаво, китобхонаҳои замонавӣ ва ҳудуди тозаву озода ба самаранокии раванди таълим мусоидат мекунанд.
Дар ин замина, ҳифзи инфрасохтори мавҷуда, истифодаи оқилонаи таҷҳизоту воситаҳои таълимӣ, нигоҳубини сабзазорҳо ва риояи қоидаҳои санитариву беҳдоштӣ аҳаммияти махсус доранд. Ҳар як корманд ва донишҷӯ бояд дарк намояд, ки муҳити донишгоҳ моли умумии ҷомеаи мост ва ҳифзи он вазифаи ҳар яки мо мебошад.
30-солагии донишгоҳро метавон на танҳо ҳамчун санаи гиромидошти таърихи муассиса, балки ҳамчун марҳилаи нави таҳкими фарҳанги созандагӣ, масъулиятшиносӣ ва ташаббускорӣ низ арзёбӣ кард.
- Барои он ки корҳои ободонӣ натиҷаи устувор диҳанд, кадом омилҳо бояд ба назар гирифта шаванд?
- Пеш аз ҳама, бояд ба масъала на ҳамчун як маъракаи муваққатӣ, балки ҳамчун раванди пайваста муносибат кард. Баъзан таваҷҷуҳ ба корҳои ободонӣ дар арафаи санаҳои ҷашнӣ зиёд мешавад, аммо муҳим он аст, ки натиҷаи ин иқдомҳо дар оянда низ ҳифз гардад.
Барои ин чанд самти асосӣ муҳиманд: нигоҳдории мунтазами биною иншоот, риояи тозагӣ ва тартибот, истифодаи сарфакоронаи обу неруи барқ, ҳифзи таҷҳизоти таълимӣ, нигоҳубини дарахту гулҳо ва баланд бардоштани маърифати экологӣ.
Ҳамчунин, бояд дар миёни донишҷӯён ҳисси соҳибӣ нисбат ба муҳити донишгоҳ ташаккул дода шавад. Вақте ҷавонон дар корҳои ободонӣ бо ташаббуси худ иштирок мекунанд, онҳо на танҳо ба беҳтар шудани муҳити атроф мусоидат менамоянд, балки дар амал масъулиятшиносӣ, ҳамкорӣ ва эҳтиром ба меҳнати дигаронро меомӯзанд.
Албатта, чунин фаъолият бояд бо назардошти имконият, талаботи бехатарӣ ва хусусияти корҳои иҷрошаванда ба роҳ монда шавад. Ҳадафи асосӣ ҷалби бошууронаи ҷомеаи донишгоҳ ба ҳифзи муҳити таълиму тарбия ва ташаккули фарҳанги баланди шаҳрвандӣ мебошад.
- Санаҳои ҷашнӣ, аз ҷумла 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии донишгоҳ, барои муайян кардани вазифаҳои минбаъда чӣ аҳамият доранд?
- Ҳар санаи муҳимми таърихӣ моро водор месозад, ки ба роҳи тайшуда назар афканем, дастовардҳоро қадр намоем ва барои оянда ҳадафҳои мушаххас гузорем. 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи роҳи тайкардаи кишвар дар самти таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва густариши имкониятҳои созандагӣ мебошад.
Дар баробари ин, 30-солагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фурсатест барои арҷгузорӣ ба заҳмати наслҳои омӯзгорону кормандон, хатмкардагон ва ҳамаи онҳое, ки дар рушди муассиса саҳм гузоштаанд.
Албатта, натиҷаи воқеии таҷлили чунин санаҳо бояд дар фаъолияти минбаъда эҳсос шавад: беҳтар гардидани сифати таълим, рушди иқтидори илмӣ, фароҳам омадани шароити муносиб барои донишҷӯён, истифодаи самараноки захираҳо ва нигоҳдории инфрасохтори донишгоҳ.
Мо бояд ин санаҳоро на танҳо ҳамчун рӯйдодҳои тақвимӣ, балки ҳамчун ангезаи нав барои меҳнати созанда, таҳкими ҳамбастагӣ ва баланд бардоштани масъулияти касбӣ қабул намоем.
- Барои беҳтар намудани ҳолати инфрасохтор ва муҳити таълимии донишгоҳ кадом самтҳоро афзалиятнок меҳисобед?
- Пеш аз ҳама, нигоҳдории босифати биноҳои таълимӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва дигар иншооти донишгоҳ аз самтҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Муҳити таълим бояд ба талаботи зарурии санитарӣ, бехатарӣ ва ташкили дурусти раванди таълим ҷавобгӯ бошад.
Самти дигар нигоҳубини ҳудуди донишгоҳ, сабзкорӣ, ободонии майдонҳо ва нигоҳ доштани тозагии муҳити атроф мебошад. Муҳити зебову озода на танҳо ба ҳолати равонии донишҷӯёну кормандон таъсири мусбат мерасонад, балки дар тарбияи ҳисси зебоипарастӣ ва масъулиятшиносии онҳо низ нақш дорад. Ҳамзамон, ба масъалаҳои таъмиру нигоҳдории саривақтии иншоот, истифодаи самараноки таҷҳизот ва пешгирии хароҷоти нолозим таваҷҷуҳ бояд зоҳир гардад. Ҳар як кор бояд дар асоси эҳтиёҷоти воқеӣ, имкониятҳои молиявӣ ва талаботи мавҷуда ба роҳ монда шавад. Мақсади ниҳоӣ фароҳам овардани муҳити мусоидест, ки дар он омӯзгор тавонад самаранок дарс диҳад, донишҷӯ бо шароити муносиб таҳсил намояд ва корманд вазифаҳои худро босифат иҷро кунад.
- Яке аз масъалаҳои муҳим дар фаъолияти хоҷагӣ истифодаи мақсадноки маблағҳо ва захираҳои моддию техникӣ мебошад. Дар ин самт риояи кадом принсипҳоро зарур мешуморед?
- Истифодаи самараноки захираҳо яке аз талаботи муҳими идоракунии муосир мебошад. Барои муассисаи таҳсилоти олӣ ин масъала аҳаммияти махсус дорад, зеро маблағу захираҳои мавҷуда бояд пеш аз ҳама ба ҳалли масъалаҳои зарурӣ ва таъмини фаъолияти босамари донишгоҳ равона карда шаванд.
Дар ин раванд банақшагирии дуруст, муайян намудани афзалиятҳо, назорати хароҷот ва риояи талаботи қонунгузорӣ аҳаммияти калон доранд. Ҳар як хароҷот бояд асоснок, мақсаднок ва мутобиқ ба эҳтиёҷоти воқеии муассиса бошад.
Ҳамчунин, сарфакорӣ набояд ба паст шудани сифати хизматрасонӣ ё ҳолати техникии иншоот оварда расонад. Баръакс, муносибати оқилона ба захираҳо имкон медиҳад, ки аз имкониятҳои мавҷуда бештар истифода бурда, хароҷоти нолозим пешгирӣ карда шавад.
Мо бояд фарҳанги сарфакориро ба одати ҳамарӯза табдил диҳем. Хомӯш кардани таҷҳизоти барқии нолозим, истифодаи оқилонаи об, эҳтиёткорӣ ҳангоми истифодаи мебелу таҷҳизот ва ҳифзи амволи донишгоҳ аз ҷумлаи амалҳои одие мебошанд, ки дар маҷмуъ натиҷаи назаррас медиҳанд.
- Дар доираи соли ободониву созандагӣ иштироки кормандону донишҷӯён дар корҳои дастаҷамъонаи ободониро то чӣ андоза муҳим мешуморед?
- Иштироки фаъолонаи кормандону донишҷӯён дар корҳои ободонӣ яке аз омилҳои муҳими таҳкими рӯҳияи ҳамкорӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад. Ободонӣ танҳо вазифаи як сохтор ё гурӯҳи муайяни кормандон нест. Он бояд ба фарҳанги умумии муассиса ва муносибати ҳар як узви ҷомеаи донишгоҳ табдил ёбад.
Ташкили шанбегиҳо ва дигар иқдомҳои дастаҷамъона барои тозаву озода нигоҳ доштани муҳити донишгоҳ мусоидат мекунад. Аммо аҳамияти чунин чорабиниҳо танҳо бо натиҷаи зоҳирии онҳо маҳдуд намешавад. Дар ҷараёни фаъолияти муштарак ҳисси ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ба меҳнат ва масъулият барои муҳити умумӣ тақвият меёбад.
Албатта, чунин корҳо бояд бо риояи қоидаҳои бехатарӣ, талаботи санитарӣ ва тартиби дохилии донишгоҳ ташкил карда шаванд. Муҳим он аст, ки иштироки ҳар як нафар бошуурона ва ба манфиати муҳити таълимӣ равона бошад.
Мо бояд ба ҷавонон фаҳмонем, ки тозагии синфхона, ҳифзи таҷҳизот, нигоҳубини сабзазор ва муносибати эҳтиёткорона ба моликияти донишгоҳ низ шаклҳои муҳими саҳмгузорӣ дар ободии Ватан мебошанд.
- Мафҳуми ободонӣ дар шароити имрӯза на танҳо корҳои сохтмонию таъмирӣ, балки муносибати бомасъулиятона ба муҳити зистро низ фаро мегирад. Дар ин самт кадом тадбирҳоро муҳим медонед?
- Дуруст қайд кардед. Ободонӣ танҳо бо бунёди иншоот ё таъмири биноҳо анҷом намеёбад. Нигоҳ доштани муҳити тоза, ҳифзи сабзазорҳо, истифодаи оқилонаи обу неруи барқ ва пешгирии ифлосшавии атроф низ аз ҷузъҳои муҳими фарҳанги созандагӣ мебошанд.
Дар муҳити донишгоҳ бояд ба масъалаҳои тозагии ҳудуд, нигоҳубини дарахту буттаҳо, истифодаи дурусти нуқтаҳои ҷамъоварии партов ва риояи меъёрҳои санитарӣ аҳаммияти зарурӣ дода шавад.
Ҳамчунин, баланд бардоштани маърифати экологӣ миёни донишҷӯён муҳим аст. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки захираҳои табиӣ маҳдуданд ва истифодаи бемасъулиятонаи онҳо метавонад ба муҳити зист таъсири манфӣ расонад.
Мо метавонем бо корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташкили иқдомҳои сабзкорӣ ва ҷалби донишҷӯён ба ҳифзи муҳити атроф ҳисси масъулиятшиносии онҳоро тақвият бахшем. Ин амалҳо ҳам ба ободонии донишгоҳ ва ҳам ба ташаккули фарҳанги экологӣ мусоидат мекунанд.
- Ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии иқтисодӣ, донишгоҳ дар самти истифодаи технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани усулҳои самараноки идоракунии хоҷагӣ чӣ имкониятҳо дорад?
- Технологияҳои муосир метавонанд ба баланд бардоштани самаранокии идоракунии хоҷагӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ мусоидат намоянд. Аз ҷумла, истифодаи воситаҳои рақамӣ дар баҳисобгирии таҷҳизот, назорати ҳолати иншоот, банақшагирии корҳои таъмирӣ ва таҳлили хароҷот имкон медиҳад, ки қарорҳо дар асоси маълумоти дақиқ қабул карда шаванд. Ҳамчунин, истифодаи таҷҳизоти каммасраф ва риояи низоми дурусти истифодаи захираҳо метавонад ба коҳиш ёфтани хароҷоти ҷорӣ мусоидат кунад. Барои ин пеш аз ҳама зарур аст, ки эҳтиёҷоти воқеии донишгоҳ муайян гардида, имкониятҳои молиявию техникии мавҷуда ба инобат гирифта шаванд.
Бартарии донишгоҳи мо дар он аст, ки дар он мутахассисони соҳаи молия, иқтисод, идоракунӣ ва технологияҳои рақамӣ омода карда мешаванд. Ҳамкории байни сохторҳои маъмурӣ ва мутахассисони соҳавӣ метавонад барои таҳияи пешниҳодҳои амалӣ дар самти идоракунии самаранок замина фароҳам оварад. Мо бояд ба таҷрибаҳои муосир таваҷҷуҳ намуда, усулҳоеро интихоб кунем, ки ба шароити донишгоҳ мувофиқ буда, натиҷаи воқеӣ ва устувор диҳанд.
- Дар баробари ободонии муҳити моддӣ, ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ низ аз ҳадафҳои асосии соли 2026 мебошад. Ба андешаи Шумо, ин ду самт чӣ иртибот доранд?
- Ин ду самт бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд. Худшиносиву худогоҳии миллӣ аз дарки таъриху фарҳанг, эҳтиром ба забони давлатӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ҳисси масъулият дар назди ҷомеа сарчашма мегирад. Ободониву созандагӣ бошад, яке аз шаклҳои амалии зоҳир гардидани ҳамин масъулият аст. Шахсе, ки ба Ватани худ эҳтиром дорад, бояд ин эҳтиромро на танҳо бо сухан, балки бо рафтору фаъолияти ҳаррӯзаи худ нишон диҳад. Ҳифзи моликияти давлатӣ, муносибати эҳтиёткорона ба муҳити атроф, иҷрои софдилонаи вазифаҳо ва саҳмгузорӣ дар корҳои ҷамъиятӣ аз чунин рафторҳо мебошанд.
Дар муҳити донишгоҳ ин арзишҳо бояд тавассути таълиму тарбия, риояи интизом, эҳтироми омӯзгорону ҳамкорон ва муносибати масъулона ба таҳсилу меҳнат тақвият ёбанд. Ҳамзамон, омӯзиши таърихи миллат, гиромидошти забони тоҷикӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва шиносоӣ бо мероси фарҳангии ниёгон дар ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ нақши муҳим доранд. Вақте донишҷӯ дорои дониши мукаммал ва худшиносии миллӣ мебошад, метавонад дар пешрафти ҷомеа саҳми арзанда гузорад.
- Дар ин раванд нақши ҷавонони донишгоҳро чӣ гуна арзёбӣ мекунед ва барои ҷалби онҳо ба корҳои созандагӣ чӣ зарурат вуҷуд дорад?
- Ҷавонон неруи созанда ва ояндаи давлату миллат мебошанд. Аз ин рӯ, иштироки онҳо дар корҳои ободонӣ, ҳифзи муҳити зист ва ташаббусҳои ҷамъиятӣ аҳаммияти хосса дорад. Донишҷӯ бояд дар баробари аз худ намудани донишҳои назариявӣ, малакаҳои амалӣ, масъулиятшиносӣ ва фарҳанги баланди шаҳрвандиро низ омӯзад. Иштирок дар иқдомҳои ободонӣ метавонад ба ташаккули чунин сифатҳо мусоидат намояд.
Ба андешаи ман, муҳим аст, ки ҷавонон на танҳо иҷрокунандаи чорабиниҳо, балки ташаббускори корҳои муфид бошанд. Онҳо метавонанд пешниҳодҳои худро оид ба беҳтар намудани муҳити донишгоҳ, сарфаи захираҳо, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва ташкили корҳои маърифатӣ ироа намоянд. Мо бояд ба андешаҳои созандаи ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир карда, барои амалӣ гардидани пешниҳодҳои қобили қабул шароит фароҳам оварем. Ин равиш ҳам масъулияти онҳоро зиёд мекунад ва ҳам барои ташаккули малакаҳои роҳбарӣ, ҳамкорӣ ва ташаббускорӣ мусоидат менамояд.
- Барои он ки иқдомҳои ободониву созандагӣ натиҷаи устувор диҳанд, назорати иҷро ва арзёбии натиҷаҳо бояд чӣ гуна ба роҳ монда шавад?
- Ҳар як иқдоми созанда бояд ҳадафи мушаххас, тартиби иҷро ва натиҷаи муайян дошта бошад. Бидуни банақшагирӣ ва назорати пайваста имкон дорад, ки баъзе корҳо сари вақт ё бо сифати зарурӣ анҷом наёбанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки корҳои хоҷагӣ вобаста ба афзалиятҳо ба нақша гирифта шуда, иҷрои онҳо мунтазам баррасӣ гардад. Ҳангоми арзёбии натиҷаҳо бояд на танҳо ҳаҷми корҳои иҷрошуда, балки сифати онҳо, самаранокии истифодаи маблағу мавод ва устувории натиҷаҳои бадастомада ба назар гирифта шаванд. Масалан, тоза намудани ҳудуди донишгоҳ муҳим аст, аммо нигоҳ доштани тозагӣ дар тамоми давраи минбаъда аҳаммияти бештар дорад. Ҳамин тавр, таъмири бино бояд бо риояи талаботи сифат ва нигоҳубини дурусти минбаъда анҷом дода шавад.
Ҳамоҳангии сохторҳои масъул, тақсимоти дурусти вазифаҳо ва муносибати ҷиддӣ ба интизоми меҳнат метавонанд барои иҷрои босифати корҳои ба нақша гирифташуда заминаи мусоид фароҳам оваранд. Мақсади мо бояд он бошад, ки корҳои ободонӣ натиҷаи воқеӣ ва дарозмуддат дошта, ба беҳтар гардидани шароити таҳсилу фаъолият мусоидат намоянд.
- Дар фарҷоми суҳбат ба кормандону донишҷӯёни донишгоҳ ва умуман ҷомеаи кишвар чӣ паём доред?
- Мехоҳам таъкид намоям, ки ободии Ватан аз муносибати ҳар яки мо ба меҳнат, масъулият ва муҳити атроф оғоз мегардад. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои пешгирифташуда зарур аст, ки ҳар як шаҳрванд дар доираи имконияту вазифаҳои худ саҳм гузорад.
Аз кормандони донишгоҳ даъват менамоям, ки вазифаҳои хизматии худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, ба ҳифзи моликияти давлатӣ, истифодаи сарфакоронаи захираҳо ва нигоҳдории муҳити корӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир кунанд.
Ба донишҷӯён муроҷиат намуда, мехоҳам бигӯям, ки дар баробари омӯзиши илм ва касбомӯзӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, риояи интизом, ҳифзи муҳити зист ва саҳмгузорӣ дар корҳои созандагиро вазифаи шаҳрвандии худ донанд.
Бовар дорам, ки бо ҳамкории самаранок, меҳнати софдилона ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ метавонем дар ободонии донишгоҳ ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзанда гузорем. Бигзор, имсолу ҳама солҳои дигар барои ҳар яки мо фурсату марҳилаи иқдомҳои нек, корҳои созанда ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ бошанд.
Ободии донишгоҳ ҷузъи ободии Ватан аст ва ҳифзи он вазифаи муштараки ҳамаи мост. Танҳо бо меҳнати софдилона, масъулияти баланд ва ҳамбастагии ҷомеа метавон муҳити созандаеро фароҳам овард, ки ба рушди дониш, тарбияи насли худогоҳу ватандӯст ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат намояд.
Бигзор 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии донишгоҳ барои ҳамаи мо сарчашмаи илҳом, масъулияти бештар ва ташаббусҳои созанда бошанд. Ҳар иқдоми нек, ҳар амали ободгарона ва ҳар қадами масъулона дар роҳи пешрафти донишгоҳ саҳмест дар ободии Тоҷикистони азиз.
P/S:
Суҳбат бо муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Диловаршо Муродзода бори дигар собит месозад, ки ободониву созандагӣ аз муносибати масъулона ба кор, истифодаи оқилонаи захираҳо ва саҳмгузории ҳар як узви ҷомеа оғоз меёбад.
Дар шароити эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ҳар як иқдоми муфид, новобаста аз ҳаҷми он, метавонад дар пешрафти муҳити иҷтимоӣ ва таҳкими фарҳанги шаҳрвандӣ нақши муассир дошта бошад.
Барои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ин раванд, пеш аз ҳама, ба беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, нигоҳдории босифати инфрасохтор, баланд бардоштани масъулияти кормандону донишҷӯён ва таҳкими арзишҳои миллӣ иртибот дорад.
Мусоҳиб: Муҳаммадалӣ ОЧИЛДИЕВ,
сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng