ҶОВИДОН ХАЛИФАЗОДА: ДДМИТ МАКОНЕСТ, КИ ДАР ОН ДОНИШ БА НЕРУ ВА АНДЕША БА РУШД ТАБДИЛ МЕЁБАД
Сӣ сол барои як муассисаи таҳсилоти олӣ танҳо як рақами таърихӣ нест, балки марҳилаи ташаккули мактаби илмӣ, таҷрибаи идорӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа мебошад. Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ин муддат тавонист ҳамчун яке аз марказҳои муҳими омодасозии мутахассисони соҳаи иқтисод, молия, идоракунӣ ва технологияҳои муосир мақоми арзанда касб намояд. Ин боргоҳи илму маърифат дар замони соҳибистиқлолии кишвар на танҳо дар самти таълиму тарбия, балки дар рушду густариши фаъолияти илмӣ ва инноватсионӣ низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Имрӯз, ки донишгоҳ ҷашни 30-солагии таъсисёбии худро таҷлил менамояд, таваҷҷуҳ ба масъалаҳои илм, навоварӣ, ихтироъкорӣ ва рақамикунонии фаъолияти таълимӣ беш аз ҳар вақти дигар аҳаммияти хос касб кардааст. Зеро ҷаҳони муосир пешрафти давлатҳо ва муассисаҳои бонуфузро маҳз аз рӯи сатҳи рушди илму технология ва тавоноии онҳо дар тавлиди идеяҳои нав арзёбӣ мекунад.
Дар ҳамин замина, мусоҳибаи сардори шуъбаи иттилоот ва нашрия Маҳмадалӣ Очилдиев бо сардори раёсати илм ва инноватсия Ҷовидон Халифазода ба масъалаҳои муҳимми рушди илм ва инноватсия дар донишгоҳ бахшида мешавад.
- Бо назардошти тағйирёбии босуръати иқтисоди ҷаҳонӣ ва гузариш ба иқтисоди рақамӣ, нақши илм ва инноватсия дар ДДМИТ дар 30 соли фаъолият чӣ гуна тағйир ёфт ва имрӯз он то куҷо ба талаботи иқтисоди муосири миллӣ ҷавобгӯ аст?
- Дар тӯли 30 соли фаъолият Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон роҳи пурифтихори ташаккул ва такомули илм ва инноватсияро тай намудааст. Агар дар оғози таъсисёбӣ илм бештар хусусияти назариявӣ дошт, имрӯз он ба як неруи воқеии пешбарандаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Зери сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таваҷҷуҳи пайваста махсусан ба рушди илму маориф, заминаҳои мусоиди рушди илмӣ фароҳам оварда шудаанд. Дар ин замина, донишгоҳ тавонистааст ба равандҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла гузариш ба иқтисоди рақамӣ, мутобиқ гардад.
Имрӯз фаъолияти илмии донишгоҳ танҳо бо нашри мақолаҳо маҳдуд намешавад. Он дар омодасозии кадрҳои баландихтисос, ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, иштироки фаъол дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва олимпиадаҳо таҷассум меёбад. Донишҷӯён ва муҳаққиқони мо борҳо дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён гардида, нуфузи донишгоҳро баланд бардоштаанд. Бо итминон метавон гуфт, ки имрӯз иқтидори илмии донишгоҳ ба талаботи иқтисоди муосири миллӣ ҷавобгӯ буда, дар таҳкими пояҳои иқтисоди рақамӣ ва рушди устувори кишвар саҳми арзанда мегузорад.
Ҳимояи пайвастаи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, афзоиши шумораи олимони ҷавон, рушди мактабҳои илмӣ дар соҳаҳои иқтисод, молия ва идоракунӣ - ҳамаи ин нишонаҳои равшани пешрафти илмии донишгоҳ мебошанд. Имрӯз мо метавонем бо ифтихор бигӯем, ки ДДМИТ ба як маркази парвариши неруи зеҳнии миллӣ табдил ёфтааст.
- Лутфан бигӯед, ки дар шароити рақобати шадиди илмию технологӣ, Раёсати илм ва инноватсия чӣ тадбирҳоро баҳри табдил додани дастовардҳои илмӣ ба маҳсулоти воқеии иқтисодӣ амалӣ намуда истодааст?
- Дар шароите, ки рақобати илмию технологӣ рӯз аз рӯз шиддат мегирад, масъалаи табдили дониш ба арзиши иқтисодӣ аҳамияти калидӣ касб менамояд. Раёсати илм ва инноватсия дар ин самт як қатор иқдомҳои муҳимро роҳандозӣ намудааст. Аз ҷумла, густариши ҳамкориҳо бо вазорату идораҳо, муассисаҳои молиявӣ ва бахши хусусӣ барои татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар амал, ташкили майдончаҳои инноватсионӣ ва дастгирии стартапҳои донишҷӯёну ҷавонон. Ҳамзамон, рушди фарҳанги иштирок дар озмунҳои илмӣ, грантҳо ва барномаҳои байналмилалӣ ба афзоиши қобилияти рақобатпазирии муҳаққиқон мусоидат намудааст.
Дар баробари ин, ҳимояи бомуваффақияти рисолаҳои илмӣ, омодасозии мутахассисони ҷавон ва ҷалби онҳо ба фаъолияти инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад. Ҳамаи ин тадбирҳо ба он равона шудаанд, ки илм аз марҳилаи назария гузашта, ба як воситаи воқеии эҷоди арзиши иқтисодӣ табдил ёбад.
- Бо дарназардошти афзалиятҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кадом самтҳои тадқиқотӣ дар ДДМИТ имрӯз ҳамчун самтҳои калидӣ ва ояндадор муайян шудаанд ва чаро маҳз онҳо?
- Самтҳои тадқиқотии ДДМИТ имрӯз ба таври возеҳ бо афзалиятҳои стратегии рушди кишвар ҳамоҳанг карда шудаанд. Аз ҷумла, иқтисоди рақамӣ, молияи муосир, амнияти иқтисодӣ, сиёсати андозу буҷет, рушди соҳибкории инноватсионӣ ва идоракунии самараноки захираҳо дар маркази таваҷҷуҳ қарор доранд. Ин интихоб тасодуфӣ нест. Он аз ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла саноатикунонии босуръат, рақамисозии иқтисод ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ бармеояд. Дар ин самтҳо, донишгоҳ на танҳо тадқиқоти назариявӣ анҷом медиҳад, балки тавассути ҷалби донишҷӯён ба олимпиадаҳо, озмунҳои илмӣ ва лоиҳаҳои амалӣ, насли нави муҳаққиқонро парвариш менамояд. Ҳамин омилҳо замина мегузоранд, ки натиҷаҳои илмӣ дар амал татбиқ шаванд.
- Масъалаи пайванди илм бо истеҳсолот ҳамеша яке аз мушкилоти асосӣ боқӣ мемонад. Ба назари Шумо, чӣ гуна метавон ин фосиларо коҳиш дод ва нақши донишгоҳ дар ин раванд чӣ гуна бояд тақвият ёбад?
- Пайванди илм бо истеҳсолот - ин на танҳо як масъала, балки як зарурати замони муосир аст. Агар илм аз истеҳсолот ҷудо монад, он арзиши амалӣ надорад. Ва агар истеҳсолот аз илм дур бошад, рушди он маҳдуд мегардад. Ба назари ман, барои коҳиш додани ин фосила бояд муносибатҳои шарикии воқеӣ ва мутақобилан судманд миёни донишгоҳ ва бахши иқтисодӣ ба роҳ монда шаванд. Донишгоҳ метавонад ҳамчун маркази тавлиди ғояҳои нав, таҳлилҳои амиқу инноватсионӣ баромад намояд. Ҷалби намояндагони истеҳсолот ба раванди таълим, ташкили таҷрибаомӯзиҳои мақсаднок, татбиқи лоиҳаҳои фармоишӣ ва таъсиси марказҳои муштараки тадқиқотӣ метавонанд ин робитаро таҳким бахшанд. Дар ин раванд, дастгирии сиёсати давлатии ҳавасмандгардонии илм ва инноватсия низ нақши муҳим мебозад.
Имрӯз мо ба марҳилае расидаем, ки илм бояд натиҷаи амалӣ диҳад. Дар ин самт, донишгоҳ тадриҷан робитаҳои худро бо бахши воқеии иқтисод тақвият дода истодааст. Иҷрои лоиҳаҳои муштарак, хизматрасониҳои машваратӣ (консалтингӣ), таҳияи тавсияҳои амалӣ барои сохторҳои давлатӣ ва хусусӣ - ҳамаи ин намунаҳои пайвастани илм бо амалия мебошанд. Ҳадафи асосии мо ин аст, ки ҳар як тадқиқот на танҳо дониш, балки арзиш низ эҷод намояд.
- Шумо рушди экосистемаи инноватсионии ДДМИТ-ро чӣ гуна тасаввур мекунед ва кадом ислоҳоту ташаббусҳо метавонанд донишгоҳро ба як маркази минтақавии илм ва технология табдил диҳанд?
- Ман рушди экосистемаи инноватсионии донишгоҳро ҳамчун як фазои зинда ва динамикӣ мебинам, ки дар он ҳар як идея метавонад ба як лоиҳаи муваффақ ва минбаъд ба як маҳсулоти рақобатпазир табдил ёбад. Ин экосистема бояд донишҷӯён, муҳаққиқон, соҳибкорон ва шарикони байналмилалиро муттаҳид намояд. Дар он озмунҳо, олимпиадаҳо, барномаҳои стартапӣ ва платформаҳои ҳамкорӣ ҳамчун муҳаррикҳои асосӣ хизмат мекунанд. Барои расидан ба ин ҳадаф, таъсиси технопаркҳо, марказҳои трансферти технология, ҷалби сармоягузорӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ ва дастгирии муҳаққиқони ҷавон аҳамияти калидӣ доранд. Ҳамзамон, татбиқи ташаббусҳои давлатӣ дар самти рақамисозӣ ва рушди илму инноватсия метавонад ин равандро суръат бахшад. Бо чунин равиши системавӣ, ДДМИТ метавонад на танҳо дар сатҳи миллӣ, балки дар сатҳи минтақавӣ ба як маркази бонуфузи илм ва технология табдил ёбад — марказе, ки дар он оянда сохта мешавад.
- Имрӯз илм ва инноватсия дар рушди иқтисоди миллӣ чӣ нақш мебозанд ва саҳми донишгоҳ дар ин раванд чӣ гуна аст?
- Дар шароити ҷаҳони муосир, ки иқтисод ба дониш ва технология такя мекунад, илм ва инноватсия ба омили ҳалкунандаи рушд табдил ёфтаанд. Донишгоҳи мо дар ин раванд ҳамчун таъминкунандаи асосии ғояҳои нав ва таҳлилҳои илмӣ баромад мекунад. Тадқиқотҳои мо ба масъалаҳои калидии иқтисоди миллӣ, аз ҷумла рақамисозӣ, такмили низоми молиявӣ, сиёсати андоз ва рушди соҳибкорӣ равона шудаанд. Ин тадқиқотҳо на танҳо хусусияти назариявӣ доранд, балки ба қабули қарорҳои идоракунӣ ва такмили сиёсати давлатӣ мусоидат менамоянд.
Имрӯз илм ва инноватсия ба неруи асосии рушди иқтисоди миллӣ табдил ёфтаанд. Донишгоҳ дар ин раванд ҳамчун як маркази тавлиди дониш ва пешниҳодҳои амалӣ фаъолона иштирок менамояд. Бо дарназардошти сиёсати давлатии дастгирии илм, ки зери роҳбарии Пешвои миллат амалӣ мегардад, мо тавонистем самтҳои тадқиқотиро ба талаботи замон мутобиқ созем. Ҳамзамон, иштироки донишҷӯён дар олимпиадаҳо ва озмунҳои илмӣ, аз ҷумла озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ба баланд бардоштани сифати тайёрии кадрҳо мусоидат менамояд. Ин раванд имкон медиҳад, ки дониш на танҳо омӯзонда шавад, балки ба як арзиши воқеии иқтисодӣ табдил ёбад.
- Чӣ гуна метавон ҷавононро бештар ба илм ва фаъолияти инноватсионӣ ҷалб намуд?
- Ҷалби ҷавонон ба илм пеш аз ҳама аз муҳити илҳомбахш ва имкониятҳои воқеӣ вобаста аст. Мо кӯшиш менамоем, ки чунин муҳитро дар донишгоҳ фароҳам созем. Ташкили озмунҳои илмӣ, олимпиадаҳо, конференсияҳои донишҷӯён, дастгирии стартапҳо ва пешниҳоди грантҳои дохилӣ — ҳамаи ин абзорҳое мебошанд, ки ҷавононро ба эҷод ва тадқиқот ҳавасманд мекунанд. Ҳамзамон, мо ба рушди тафаккури интиқодӣ ва малакаҳои таҳлилӣ диққати ҷиддӣ медиҳем, зеро маҳз ҳамин сифатҳо муҳаққиқи воқеиро ташаккул медиҳанд.
Ҷавонон ба илм замоне ҷалб мешаванд, ки муҳити муносиб ва ангезаҳои қавӣ вуҷуд дошта бошанд. Хушбахтона, имрӯз дар кишвар чунин муҳит бо дастгирии давлат фароҳам оварда шудааст. Озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳо, конференсияҳо ва барномаҳои илмӣ ба як мактаби бузурги тарбияи насли нав табдил ёфтаанд. Мо дар донишгоҳ кӯшиш мекунем, ки ин имкониятҳоро васеъ истифода барем ва донишҷӯёнро ба иштирок дар чунин чорабиниҳо фаъолона ҷалб намоем. Зеро маҳз дар чунин майдонҳо истеъдод ошкор ва неруи зеҳнӣ рушд меёбад.
- Дастовардҳои муҳими донишгоҳ дар самти илм ва инноватсияро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Дастовардҳои донишгоҳ дар ин самт бисёрҷанбаанд. Аз як тараф, мо шоҳиди афзоиши сифати тадқиқот ва нашри мақолаҳои илмӣ ҳастем. Аз ҷониби дигар, иштироки фаъолонаи донишҷӯён ва устодон дар озмунҳо ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ки бо гирифтани ҷойҳои намоён анҷом меёбанд, нишон медиҳад, ки сатҳи омодагии илмии мо боло рафтааст. Ҳимояи бомуваффақияти рисолаҳои илмӣ, татбиқи лоиҳаҳои грантӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ низ аз ҷумлаи дастовардҳои муҳим ба шумор мераванд. Ин ҳама ба таҳкими мавқеи донишгоҳ дар фазои илмии кишвар мусоидат менамоянд.
Дастовардҳои донишгоҳ пеш аз ҳама дар рушди сармояи инсонӣ ва таҳкими фарҳанги илмӣ зоҳир мегарданд. Махсусан, иштирок ва муваффақиятҳо дар озмунҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм — фурӯғи маърифат», нишон медиҳанд, ки дар донишгоҳ фазои илҳомбахши омӯзиш ва тадқиқот ташаккул ёфтааст. Инчунин, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои илмӣ ба баланд гардидани нуфузи донишгоҳ мусоидат менамоянд.
- Ояндаи рушди илм ва инноватсияро дар донишгоҳ чӣ гуна мебинед?
- Ояндаи илм ва инноватсияро ман ҳамчун як раванди пайвастаи навсозӣ ва рушд мебинам. Мо бояд ба самти рақамисозии илм, рушди экосистемаи инноватсионӣ ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ қадамҳои устувор гузорем. Таъсиси марказҳои инноватсионӣ, технопаркҳо, платформаҳои рақамӣ ва дастгирии муҳаққиқони ҷавон метавонад донишгоҳро ба як маркази пешбари илм ва технология табдил диҳад. Ҳадафи мо танҳо ҳамқадам будан бо замон нест, мо бояд як қадам пештар бошем. Ояндаи илм ва инноватсияро мо дар идомаи ҳамин сиёсати созанда ва дастгириҳои пайвастаи Њукумати мамлакат мебинем. Бо такя ба ташаббусҳои Пешвои миллат ва афзалиятҳои стратегии кишвар, мо бояд як экосистемаи пурраи илмӣ ва инноватсионӣ бунёд намоем. Дар он озмунҳо, олимпиадаҳо, марказҳои тадқиқотӣ, стартапҳо ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ба таври ҳамгиро амал хоҳанд кард. Ҳадафи асосии мо тарбияи насли эҷодкор, рақобатпазир ва дорои ҷаҳонбинии муосир мебошад.
Тоҷ
Рус
Eng