Суҳбати озоди ректори ДДМИТ бо донишҷӯёни соли аввали факултети молия ва қарзӣ дар атрофи донишандӯзӣ, масъулиятшиносӣ ва худогоҳии миллӣ

11 ноябри соли 2026, дар арафаи таҷлили даҳумин солгарди Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон вохӯрии озоду самимии ректори донишгоҳ, н.и.п., дотсент Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор бо донишҷӯёни соли аввали факултети молия ва қарз баргузор гардид.

Ин мулоқот, ки бо ҳадафи шиносоии наздик бо муҳити таҳсил, мушкилоту ниёзҳои донишҷӯёни навқабулшуда ва баланд бардоштани сатҳи масъулиятшиносии онҳо роҳандозӣ гардид, ба як суҳбати самимӣ ва ҳамзамон пурмуҳтавои тарбиявию роҳнамоӣ табдил ёфт. Ректори донишгоҳ дар оғози суҳбат таъкид намуд, ки донишҷӯӣ танҳо марҳилаи гирифтани маълумоти олӣ нест, балки давраи муҳимтарини ташаккули шахсият, ҷаҳонбинӣ, одобу ахлоқ ва муайян намудани мавқеи инсон дар ҷомеа мебошад.

ТАРТИБУ ИНТИЗОМ - ПОЯИ МУВАФФАҚИЯТИ ДОНИШҶӮ

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаи риояи рафтору одоби шоистаи донишҷӯӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, қонунгузории амалкунанда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф, ҳуқуқу уҳдадориҳои донишҷӯ ва риояи қатъии тартибу интизоми дохилидонишгоҳӣ аз мавзуъҳои меҳварӣ буданд.

Ректор бо таъкид бар он ки донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бояд пеш аз ҳама намунаи одобу ахлоқ, интизом ва фарҳанги муошират бошад, аз онҳо даъват намуд, ки ба талаботи оиннома ва қоидаҳои дохилии донишгоҳ эҳтиром гузошта, сару либоси тавсиявиро риоя намоянд, бо тамоми лавозимоти зарурии таълимӣ таъмин бошанд ва ба ҳар як машғулият сари вақт ва бо омодагии ҳамаҷониба ҳозир шаванд.

Ба таъкиди ӯ, дарсшиканӣ, муносибати саҳлангорона ба таҳсил, беэътиноӣ ба супоришҳои таълимӣ ва дур будан аз муҳити созандаи донишгоҳӣ на танҳо ба пешрафти таълимии донишҷӯ таъсири манфӣ мерасонад, балки метавонад дар ташаккули шахсияти ӯ низ монеа эҷод кунад. Аз ин рӯ, ҳар як донишҷӯ бояд вақти худро самаранок истифода бурда, аз муҳити носолим ва рафторҳои ғайрисозанда дурӣ ҷӯяд.

ДОНИШ - САРМОЯИ АСОСИИ ОЯНДАИ ШУМОСТ

Қисмати муҳими суҳбати сарвари донишгоҳ ба масъалаи азхудкунии донишҳои замонавӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинӣ ва омода намудани донишҷӯён ба талаботи рӯзафзуни бозори меҳнат бахшида шуд.

Бобоҷон Сатторзода бо муроҷиати самимӣ ба донишҷӯён таъкид кард, ки онҳо бояд дарк намоянд, ки ояндаи касбӣ ва иҷтимоии ҳар кадомашон, пеш аз ҳама, аз муносибати имрӯзаашон ба таҳсил вобастагӣ дорад. Чор соли донишҷӯӣ фурсати муносибест, ки дар он бояд на танҳо донишҳои назариявӣ аз худ карда шаванд, балки малакаҳои амалӣ, тафаккури таҳлилӣ, қобилияти мустақилона андешидан ва маҳорати истифодаи технологияҳои муосир низ ташаккул ёбанд.

Зимни суҳбат ректор ба масъалаи масъулияти падару модар ва аҳли оила дар таъмини шароити таҳсили фарзандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, иброз дошт, ки ҳар як донишҷӯ бояд заҳмату меҳнати волидонро қадр кунад. Падару модар барои таҳсили фарзанди худ аз ҳисоби даромади оила маблағ сарф намуда, бо умеди он ки ӯ соҳиби маълумоти олӣ, касбу ҳунар ва мақоми шоиста дар ҷомеа мегардад, аз бисёр ниёзҳои хонавода сарфи назар мекунанд. Аз ин рӯ, донишҷӯ набояд нисбат ба ояндаи худ ва заҳмати падару модар бетараф бошад. Ҳар як соати дарс, ҳар як имконияти фароҳамовардаи донишгоҳ ва ҳар як маблағи барои таҳсил сарфшуда бояд самараи воқеӣ дошта бошад.

Ректор барои фаҳмондани ин андеша як мисоли ибратбахш оварда, донишҷӯи донишро азхуднакардаро ба шахсе монанд кард, ки ба бозор рафта, моли гаронарзиш мехарад, аммо онро истифода накарда, дасти холӣ ба хона бармегардад. Яъне, донишҷӯе, ки аз имкониятҳои таҳсил истифода намебарад ва донишҳои пешниҳодкардаи устодонро аз худ намекунад, дар асл вақт, маблағ ва имкониятҳои гаронбаҳои худро беҳуда сарф мекунад.

“Кӯшиш кунед, ки маблағи сарфшуда, вақти гузаронидаатон ва умеди падару модаратон барҳадар нараванд”, - таъкид намуд ректор.

Дар идома ӯ донишҷӯёнро ба таҳсили аъло, азхудкунии амиқи фанҳои тахассусӣ ва саъю талош барои дарёфти стипендия ҳидоят намуда, иброз дошт, ки донишҷӯи фаъолу пешқадам метавонад бо натиҷаҳои хуби таълимӣ на танҳо ифтихори оила ва донишгоҳ гардад, балки бо дарёфти стипендия қисме аз эҳтиёҷоти шахсии худро низ таъмин намояд.

Ба таъкиди ректор, дар шароити рақобати шадиди бозори меҳнат танҳо доштани диплом кофӣ нест. Мутахассиси оянда бояд дониш, малака, ҷаҳонбинии васеъ ва қобилияти мутобиқ шудан ба талаботи замонро дошта бошад. Зеро агар шахс нахонад, дониш наандӯзад ва маҳорати касбии худро такмил надиҳад, дар бозори меҳнат барои ӯ харидор пайдо намешавад.

УСТОДРО ЭҲТИРОМ КУНЕД ВА АЗ ТАҶРИБАИ Ӯ БАҲРА БАРЕД

Ректори донишгоҳ дар идомаи мулоқот ба масъалаи эҳтиром ба омӯзгор ва нақши устод дар ташаккули шахсияти донишҷӯ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Ӯ таъкид кард, ки омӯзгор танҳо интиқолдиҳандаи донишҳои назариявӣ нест, балки роҳнамои маънавию касбӣ, таҷрибадор ва шахсест, ки метавонад дар интихоби роҳи дурусти зиндагӣ ба донишҷӯ кумак расонад.

“Устодони худро эҳтиром кунед, аз дониш ва таҷрибаи онҳо ҳарчи бештар баҳра бардоред. Кӯшиш кунед, ки дар байни омӯзгорон шахсиятеро пайдо намоед, ки барои шумо намуна ва идеали касбӣ бошад. Аз таҷрибаи чунин устодон омӯзед, ба онҳо пайравӣ кунед ва барои расидан ба сатҳи дониш ва маҳорати онҳо талош намоед”, - иброз дошт Бобоҷон Сатторзода.

Дар ин замина, донишҷӯён ба иштироки фаъолона дар машғулиятҳо, муоширати созанда бо омӯзгорон, истифодаи имкониятҳои таълимии донишгоҳ ва ташаккули муносибати ҷиддӣ ба омӯзиши фанҳои тахассусӣ ҳидоят карда шуданд.

ОЛИМПИАДАҲО ВА ОЗМУНҲО - МАЙДОНИ САНҶИШИ ДОНИШУ ИСТЕЪДОД

Дар бахши дигари вохӯрӣ ректор ба зарурати иштироки донишҷӯён дар олимпиадаҳои донишгоҳӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ишора намуда, онҳоро ба ҷустуҷӯ, омӯзиши мустақилона ва нишон додани қобилиятҳои зеҳнӣ ташвиқ кард.

Зикр гардид, ки имрӯз барои ҷавонони соҳибистеъдод имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудаанд. Аз ҷумла, бо ташаббус ва таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор озмунҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ, аз қабили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», “Илм - фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»», озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ва дигар чорабиниҳои маърифатӣ роҳандозӣ гардидаанд, ки ҳадафи онҳо кашфу рушди истеъдод, тақвияти тафаккури илмӣ, китобхонӣ, худшиносии миллӣ ва дастгирии ҷавонони лаёқатманд мебошад.

Ректор таъкид намуд, ки донишҷӯён бояд аз ин имкониятҳо самаранок истифода баранд, дар озмунҳо фаъолона ширкат варзанд ва барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас талош намоянд. Ғолибони чунин озмунҳо ҳамасола бо ҷоизаҳои арзишманди пулӣ ва дигар имтиёзҳо қадрдонӣ мешаванд, ки ин низ имконияти хубест барои муаррифии истеъдод ва дастовардҳои ҷавонон.

Ҳамзамон, ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки узвияти китобхонаи илмии донишгоҳро ба даст оварда, аз имкониятҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ васеъ истифода баранд. Боздид аз осорхонаҳо, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва маконҳои дорои аҳаммияти миллӣ низ яке аз роҳҳои муҳими баланд бардоштани маърифати таърихӣ ва тақвияти худшиносии ҷавонон арзёбӣ гардид.

Дар ин робита, ректори донишгоҳ аз фаъолияти устоди кафедраи фаъолияти бонкӣ Сорбон Шарбатов ёдовар шуда, ҷиҳати ташаббусу таваҷҷуҳи пайвастаи ӯ дар самти шинос намудани донишҷӯён бо мавзеъҳои таърихӣ, осорхонаҳо ва Китобхонаи миллӣ изҳори сипос намуд. Ба гуфтаи ректор, чунин иқдомҳо дар баробари таълиму тарбияи касбӣ баҳри васеъ гардидани ҷаҳонбинӣ, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ ва шинохти таъриху фарҳанги миллӣ аҳамияти калон доранд.

ТЕЛЕФОН ВОСИТАИ ДОНИШАНДӮЗӢ БОШАД, НА ОМИЛИ САРФИ БЕҲУДАИ ВАҚТ

Дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ масъалаи истифодаи мақсадноки телефонҳои мобилӣ ва фазои маҷозӣ низ аз мавзуъҳои муҳими вохӯрӣ буд.

Бобоҷон Сатторзода аз донишҷӯён даъват намуд, ки аз имкониятҳои технологияҳои муосир, бахусус телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, барои омӯзиш, такмили дониш, азхудкунии забонҳои хориҷӣ ва дарёфти иттилооти муфид истифода баранд. Ҳамзамон, зарурати эҳтиёткорӣ ҳангоми истифодаи муҳтавои шабакаҳои иҷтимоӣ, худдорӣ аз пайравӣ ба равияҳои ифротгароёна, гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва ҳар гуна даъватҳои дорои хусусияти зиддиқонунӣ таъкид гардид.

Ректор махсусан ҳушдор дод, ки донишҷӯён набояд ба ҳар гуна маводи шубҳанок дар фазои маҷозӣ бовар кунанд, онро беандеша паҳн намоянд ё бо гузоштани нишонаҳои писандидан (лайк) ба муҳтавои ифротӣ ва иғвоангез ба таблиғу густариши чунин андешаҳо мусоидат намоянд.

Дар ин замина, масъалаи шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот, оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Таъкид шуд, ки зиндагӣ ва таҳсил дар фазои амну осуда, истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат ва доштани шароити мусоид барои донишандӯзӣ неъмати бузург буда, ҳифзу таҳкими ин дастовардҳо вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Ба андешаи ректор, донишҷӯи муосир бояд меҳру муҳаббат, завқу шавқ ва садоқати худро пеш аз ҳама ба донишомӯзӣ, худтакмилдиҳӣ ва бунёди ояндаи шоиста равона созад, на ин ки тамоми таваҷҷуҳаш ба телефонҳои гаронбаҳо, мошин, сарватҷӯӣ ва айшу ишрат нигаронида шавад. Зеро арзиши воқеии инсонро на дороии зоҳирӣ, балки дониш, маърифат, ахлоқ, қобилият ва хизматаш ба ҷомеа муайян мекунад.

ФАРҲАНГИ ШАҲРНИШИНӢ ВА МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ

Дар идомаи суҳбат масъалаи риояи одоби шаҳрнишинӣ, фарҳанги истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ, тозагию озодагӣ, муносибати эҳтиромона бо сокинон ва риояи меъёрҳои рафтори ҷамъиятӣ низ матраҳ гардид.

Ректор иброз дошт, ки донишҷӯ ҳамчун намояндаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ на танҳо дар дохили донишгоҳ, балки дар кӯчаву хиёбонҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ низ бояд бо рафтору гуфтор ва фарҳанги баланди муошираташ намуна бошад. Одоби шаҳрнишинӣ ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги умумии инсон буда, риояи он аз сатҳи маърифат ва масъулиятшиносии ҳар як шахс дарак медиҳад.

Ҳамзамон, зарурати эҳтиром ба қонун, арзишҳои миллӣ, муқаддасоти давлатӣ ва ҳифзи муҳити солими иҷтимоӣ ҳамчун вазифаи муҳими ҳар як донишҷӯ таъкид карда шуд.

БОВАРӢ БА ОЯНДАИ ШОИСТАИ ДОНИШҶӮЁН

Дар фароварди вохӯрӣ ректори донишгоҳ ба донишҷӯёни соли аввал муроҷиат намуда, изҳори боварӣ кард, ки онҳо бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, заҳмати пайваста, азму иродаи қавӣ ва муносибати масъулона ба таҳсил дар давоми чор соли оянда ба мутахассисони соҳибтахассус табдил ёфта, мояи ифтихори падару модар, аҳли оила, устодон ва донишгоҳ хоҳанд шуд.

Ӯ ҳамзамон таъкид намуд, ки роҳбарияти донишгоҳ барои дастгирии донишҷӯён, баррасии мушкилоти мавҷуда ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ҳамеша омода аст. Аз ҷумла, рӯзҳои сешанбе ва шанбе рӯзҳои қабули ректор буда, донишҷӯён метавонанд дар сурати пайдо шудани мушкилот ва зарурати ҳалли масъалаҳои вобаста ба таҳсилу зиндагии донишҷӯӣ бевосита ба роҳбарияти донишгоҳ муроҷиат намоянд.

Инчунин, иттилоъ дода шуд, ки силсилаи чунин вохӯриҳои озоду самимии ректори донишгоҳ бо донишҷӯёни курсҳои аввали дигар факултетҳо низ идома ёфта, ҳадафи онҳо таҳкими робитаи роҳбарияти донишгоҳ бо донишҷӯён, шиносоии бевосита бо мушкилоти онҳо ва баланд бардоштани сатҳи масъулиятшиносӣ, худогоҳӣ ва фаъолияти таълимию ҷамъиятии ҷавонон мебошад.

Дар маҷмуъ, вохӯрии мазкурро метавон як дарси муҳими зиндагӣ ва роҳнамоии касбӣ барои донишҷӯёни навқадам арзёбӣ намуд. Паёми меҳварии он равшан буд: донишҷӯӣ танҳо соҳиби мақоми таълимӣ шудан нест, балки масъулияти бузург дар назди худ, падару модар, ҷомеа ва Ватан аст. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавон бояд аз фурсати тиллоии донишҷӯӣ самаранок истифода бурда, бо дониш, одоб, фарҳанг ва маҳорати касбӣ барои ояндаи худ заминаи устувор гузорад.

 

Муҳаммадалӣ ОЧИЛДИЕВ,

сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ