ПАЁМЕ БА МИЛЛАТИ СОҲИБВАТАН
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат санади муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва тамоми сохторҳои давлатиро вазифадор менамояд, то кулли нақшаҳои вазорату муассисоти хешро бар асоси ин ҳуҷҷати муҳими дурнамосоз омода намоянд.
Сароғоз бояд маънидод кард, ки пешкаш кардани Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти кишвар ба ҳукми анъана даромадааст. Омӯзиш ва таълими ин санади муҳими сиёсӣ, ки ҳамчун ҳуҷҷати пайваста ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа рушд бахшида, ҳамчунин, тақвияти равобити гуногунҷанбаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷии дуру наздик ва созмонҳои ҷаҳониву минтақавӣ бахшида мешавад, худ тақозои бевоситаи онро дорад, ки Паём ҳам аз ҷониби кулли аъзои ҷомеаи кишвар ва ҳам аз ҷониби тамоми муаллимону муҳассилини чӣ мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва чӣ устодону донишҷӯёни макотиби олии кишвар муфассал омӯхта шавад ва ҳамчун дастурамал пайваста мавриди истифода қарор гирад.
Бояд зикр намуд, ки соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд. 12 декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба “Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ” қабул карда шуд, ки масъалаи рӯз мебошад.
Илова бар ин, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим зимни иҷлосияи 47-уми кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж баёнгари эътирофи ташаббусҳои Тоҷикистон мебошад.
Он ҳам боиси ифтихор аст, ки 12 декабри соли ҷорӣ бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмонм Милали Муттаҳид доир ба эълон гардидани соли 2027 ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” қабул гардид.
Пазируфтани ин ташаббусҳо шоҳиди эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ибтикороти созанди Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзмарраи глобалӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин, соли 2025 “Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026-2030” ҳамчун марҳилаи ниҳоии Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 қабул гардид.
Амалисозии саривақтӣ ва сифатнокии он имкон медиҳад, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҷмуаи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз кам карда шуд.
Илова бар ин, Сарвари давлат зикр намуданд, ки он бойигарии диниву дунявии моро ҳеҷ кас намегирад, яъне “мусулмонии моро ҳеҷ кас намегирад” он чизе ки мо дорем аз худамон аст ва барои дарёфт намудани илму фарҳанг мо бояд кӯшиш намоем, барои беҳбудии зиндагии худ бояд заҳмат кашем ва онро ба наслҳои оянда ба мерос гузорем.
Мардуми тоҷик, ки аз қадим бофарҳанг буданд, аз рӯи се ибораи муқаддас - пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек, дар тӯли 6 ҳазор сол пеш ҳамчун арзиши бузурги башардӯстона шиори зиндагии хеш қарор додаанд.
Инчунин, бо назардошти ҳикмати ҷашнҳои милливу байналмилалӣ пешниҳод гардид, ки ҷашни ҷовидонаи Наврӯз, суннат ва истифодаи он, дар шаҳри Душанбе “Маркази баёналмилалии Наврӯз” бунёд карда шавад. Ва зикр гардид, ки Наврӯз ҷанбаи динӣ надорад ва на зардуштӣ, на ислом.... Ҳар яки моро зарур аст, ки дар баробари ифтихор, онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем, эҳтиром кунем ва ба наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи ҳуввиятсоз ба мерос гузорем.
Бояд тазаккур дод, ки дар кадом давлати пешқадами ҷаҳон набошад, соҳаи маориф, илму фарҳанг пешрафта бошад, ҳамон давлат обрӯю нуфузи зиёд дорад. Аз ҳамин ҷиҳат, Президенти мамлакат доир ба соҳаи маориф ғамхорӣ зоҳир намуда, бештар ба тарбияи насли наврас, тарзи илму ҳунаромӯзии онҳо диққати махсус доданд. Аз ин сабаб, дар Паёми ҳарсолаашон ба қадри лозима музди маоши кормандони соҳаи маорифро баланд мебардоранд.
Ҳамаи ин масъалаҳо сабаби пешкаш гардидани Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷаласаи он кулли раҳбарияти вазорату муассисаҳои давлатӣ ва ҳамчунин сарпарастони ҳайатҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ иштирок мекунанд, мегардад.
Масъалаи дигар, ки бояд дар ҷараёни омӯзиш ва таълим рӯшан карда шавад, масъалаи пешкаш гардидани Паём дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мебошад. Моҳияти ин масъала дар он аст, ки маҷлисҳои номбаршуда мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд ва Паёми Президент ҳамчун паёми Сарвари давлат ва Ҳукумат, то андозае ба қабули саривақтии қонунҳои сарнавиштсози мамлакат раҳнамоӣ менамояд.
Чунончи, дар Паёми кунунӣ, Президент роҷеъ ба тарбияи ҷавонон ва рушди соҳаи маориф аҳамияти махсус зоҳир намуда, онро ҳамчун яке аз муҳимтарин санадҳои батанзимоварандаи одобу ахлоқ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон арзёбӣ карданд.
М. ШОКИРИЁН,
устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ
Тоҷ
Рус
Eng