ПАРЧАМ - РАМЗИ ИФТИХОР ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН
Дар таърихи ташаккули давлатҳо ва рушди тамаддунҳои башарӣ рамзҳои миллӣ ҳамеша мақоми муҳим доштаанд. Яке аз чунин рамзҳои арзишманд Парчам мебошад, ки дар тӯли асрҳо ифодагари қудрат, соҳибихтиёрӣ, пирӯзӣ ва ҳувияти халқҳо ба шумор меравад. Парчам дар баробари муаррифии давлат, бозгӯкунандаи таърихи сиёсӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва ормонҳои миллии ҷомеа низ мебошад.
Дар хотираи таърихӣ ва фарҳангии тоҷикон низ Парчам бо ривоятҳои қаҳрамонӣ, мубориза барои адолат ва суннатҳои давлатдорӣ пайванди амиқ дорад. Яке аз намунаҳои барҷастаи ин пайванд дар достони Коваи оҳангар, ки дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба таври ҷолиб инъикос ёфтааст, равшан ба назар мерасад. Тибқи ин ривоят, Коваи оҳангар барои раҳоии мардум аз зулму истибдоди Заҳҳок қиём намуда, пешбанди чармии худро ба нишони мубориза ва эътироз баланд мекунад. Ин пешбанди одӣ баъдан ба «Дирафши Ковиёнӣ» табдил ёфта, дар ривоятҳои миллӣ ҳамчун рамзи озодӣ, адолат, шуҷоат ва пирӯзии мардум маъруф мегардад.
24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоб баргузор гардид, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Ин рӯйдод дар шароити ҳассоси сиёсиву иҷтимоии кишвар аҳаммияти бузурги таърихӣ дошта, дар ташаккули рамзҳои давлати соҳибистиқлол марҳилаи муҳим ба ҳисоб меравад. Аз соли 2009 инҷониб 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Парчами давлатии Тоҷикистон аз се рахи уфуқии сурх, сафед ва сабз иборат буда, дар маркази он тоҷ ва ҳафт ситора тасвир ёфтаанд. Ҳар яке аз ин рангҳо ва унсурҳо дорои маънои рамзии хос буда, дар маҷмӯъ таърихи давлатдорӣ, фарҳанги миллӣ ва ормонҳои созандаи мардуми тоҷикро инъикос менамоянд.
Ранги сурх рамзи ҷасорат, шуҷоат, матонат ва муборизаи таърихии халқ барои озодӣ ва истиқлолият мебошад. Ранги сафед покӣ, сулҳ, адолат ва равшании зиндагиро таҷассум намуда, ҳамзамон ба қуллаҳои барфпӯши кӯҳҳои Тоҷикистон ишора мекунад. Ранги сабз бошад, нишонаи ҳаёт, эҳёи табиат, сарсабзӣ, баракат ва шукуфоии сарзамини тоҷикон аст. Ҳамин тавр, ҳамбастагии ин рангҳо ифодагари пайванди гузаштаи пурифтихор, имрӯзи созанда ва ояндаи умедбахши миллат мебошад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки равандҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба ҳувияти ҷомеаҳо таъсири назаррас мерасонанд, ҳифзи арзишҳои миллӣ аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Аз ин ҷиҳат, Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи ягонагӣ ва худшиносии миллӣ дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ нақши муассир дорад. Хусусан, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва омӯзиши таърихи рамзҳои миллӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва тарбиявӣ ба шумор меравад.
Ҳамасола таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар саросари кишвар бо баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, илмӣ ва маърифатӣ сурат мегирад. Ин чорабиниҳо барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон аз таърихи давлатдорӣ, таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ мусоидат менамоянд. Дар чунин рӯзҳо Парчам ҳамчун рамзи муттаҳидкунандаи ҷомеа ва нишонаи эҳтироми умумӣ ба истиқлолияти давлатӣ боз ҳам бештар арҷгузорӣ мешавад.
Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ кишвари моро муаррифӣ менамояд. Парафшон будани он дар назди созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, нишонаи иштироки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Сутуни баландпояи Парчами давлатӣ дар шаҳри Душанбе низ ба яке аз рамзҳои намоёни пойтахти кишвар табдил ёфта, ифодагари эҳтироми ҷомеа ба истиқлолият ва арзишҳои давлатдорӣ мебошад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи муқаддаси миллат ҳамеша моро ба ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, ватандӯстӣ ва созандагӣ ҳидоят мекунад. Парафшонии он нишонаи пойдории истиқлолият, сарбаландии миллат ва эътимоди мардум ба ояндаи ободу осудаи Ватани азизамон мебошад.
Эраҷи МАҲМАД,
эдвайзер оид ба таълими факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng