ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН!
Парчами давлатӣ яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдорӣ, нишонаи соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва ҳувияти миллии ҳар як халқу миллат ба ҳисоб рафта, пеш аз ҳама, таҷассумгари таърихи пурифтихор, фарҳанги ғанӣ, ормонҳои миллӣ ва роҳи пуршарафи давлатдории миллати бузурги тоҷик маҳсуб меёбад. Барои миллати куҳанбунёди тоҷик Парчами миллӣ на танҳо як рамзи расмии давлатдорӣ, балки мояи ифтихору сарфарозӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии Ватани азизамон мебошад.
24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишвар саҳифаи тозаеро боз намуд. Ин рӯйдоди таърихӣ ба мардуми тоҷик умед ба ояндаи дурахшон, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро бахшид. Имрӯз парафшонии ин рамзи муқаддас дар фазои орому осудаи кишвар қалби ҳар як шаҳрванди ватандӯстро саршор аз ифтихору самимият мегардонад.
Анъанаи парчамдорӣ дар миёни ниёгони мо таърихи беш аз чаҳорҳазорсола дорад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ ва осори адабии классикӣ, бахусус «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, дирафш ҳамчун рамзи озодӣ, адолат ва мубориза бар зидди зулму истибдод тасвир ёфтааст. Намунаи барҷастаи он «Дирафши Ковиён» мебошад, ки Коваи оҳангар пешдомани чармини худро бар сари найза кашида, мардумро бар зидди Заҳҳоки морон муттаҳид сохт. Ин парчам дар тӯли асрҳо ҳамчун рамзи пирӯзӣ ва нангу номуси миллӣ дар давлатҳои Пешдодиён, Каёниён, Ҳахоманишиён, Ашкониён ва Сосониён ҳифз гардид. Баъдтар, дар замони давлатдории Сомониён низ ливо ва парчамҳои хос мавҷуд буданд, ки муттаҳидӣ ва қудрати давлатро нишон медоданд. Парчами имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи мантиқии ҳамин суннатҳои деринаи давлатдории ниёгонамон мебошад.
Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи навини тараққиёт ворид гардид ва Парчами миллӣ ҳамчун омили муҳими ваҳдату ҳамбастагии мардум шинохта шуд. Ҳукумати мамлакат барои арҷгузорӣ ба ин рамзи муқаддас тадбирҳои зиёдеро роҳандозӣ намудааст. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 ҳамасола 24 ноябр ҳамчун «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Инчунин, соли 2011 дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе - бунёд гардидани яке аз баландтарин сутунпояҳои парчам дар ҷаҳон (бо баландии 165 метр) далели эҳтироми бепоён ба муқаддасоти миллӣ мебошад. Имрӯз Парчами Тоҷикистон дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ парафшон аст, ки аз эътирофи Тоҷикистон ҳамчун давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёр гувоҳӣ медиҳад.
Парчами давлатӣ дар тамоми марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷой ва мақоми хосса дорад. Он дар чорабиниҳои муҳими давлатӣ, ҳамоишҳои байналмилалӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар рӯйдодҳои таърихӣ парафшон гардида, аз мавҷудияти давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддун шаҳодат медиҳад. Ҳар гоҳе ки Парчами Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта мешавад, қалби ҳар як шаҳрванди баору номуси кишварро эҳсоси ифтихор, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ фаро мегирад, ки ифодаи ин лаҳза тавассути қалам душвор аст.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассумгари гузаштаи пурифтихор, имрӯзи обод ва ояндаи дурахшони миллати тоҷик буда, моро ба сӯи марҳилаи созандагиву бунёдкорӣ, ваҳдату ягонагӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият раҳнамоӣ мекунад.
Парвина ОРЗУЗОДА,
устоди калони кафедраи забонҳои хориҷии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng