Парчам яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдорӣ ва соҳибистиқлолии ҳар як миллат ба шумор меравад. Дар тули таърих аз даст рафтани парчам дар майдони муҳориба аксаран нишонаи шикаст ва суқути давлат маҳсуб мешуд. Дар набардҳои таърихӣ парчамдор, ки одатан шахси далеру шуҷоъ ва паҳлавон буд, дар мавқеи баланд қарор мегирифт ва бо ҳузури худ рӯҳияи ҷангии сипоҳро тақвият мебахшид. Барои сарбозон дидани парчам рамзи зинда будани умед, нангу номус, садоқат ба Ватан ва идомаи мубориза ба ҳисоб мерафт.

Одатан парчам дар қасрҳо, назди тахти шоҳон ва дигар мавзеъҳои муҳими давлатӣ афрохта мешуд. Дар замони ҷанг бошад, онро дар нуқтаҳои баланд мегузоштанд, то аз масофаи дур низ намоён бошад. Ҳамин хусусият нишон медиҳад, ки парчам аз замонҳои қадим на танҳо нишонаи фарқкунандаи неруҳои ҳарбӣ, балки рамзи қудрат, соҳибихтиёрӣ ва сарҷамъии мардум низ ба шумор мерафт.

Таърихи парчамдорӣ дар сарзамини таърихии тоҷикон бо суннатҳои қадимаи давлатдорӣ ва фарҳанги мардумони эронитабор пайванди амиқ дорад. Дар ривоятҳои бостонӣ пайдоиши яке аз дирафшҳои машҳур - Дирафши Ковиён ба замони шоҳони пешдодӣ, аз ҷумла Фаридун нисбат дода мешавад. Дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ омадааст, ки Коваи оҳангар ҳангоми қиём бар зидди зулму ситами Заҳҳоки морон пешдомани чармини худро бар сари найза афрохта, мардумро ба мубориза даъват мекунад. Ин дирафш баъдан ба рамзи озодӣ, адолат ва пирӯзии неруҳои некӣ табдил меёбад.

Тибқи ривоятҳои ҳамосавӣ, Фаридун пас аз пирӯзӣ дирафши Коваро бо рангҳои гуногун ва ҷавоҳирот оро дода, онро ба яке аз рамзҳои муҳими давлатдорӣ табдил медиҳад. Аз ин ҷост, ки Дирафши Ковиён дар хотираи таърихии мардум ҳамчун нишонаи мубориза бар зидди зулм, ҳифзи сарзамин ва пойдории адолат боқӣ мондааст.

Дар баъзе ривоятҳои таърихию адабӣ ба истифодаи тасвирҳои ҳайвонот, аз ҷумла гов, шер ва дигар рамзҳои қудрату шуҷоат дар дирафшҳои қадима ишора мешавад. Ин тасвирҳо дар ҷаҳонбинии мардумони бостон маънои рамзӣ дошта, нерумандӣ, ҷасорат, ҳимоя ва устувории давлатро ифода мекарданд. Бояд қайд намуд, ки барои муайян намудани шакл, ранг ва таркиби аслии дирафшҳои давраҳои қадим истифодаи сарчашмаҳои бостоншиносӣ ва таърихӣ аҳаммияти махсус дорад.

Дирафши Ковиён дар сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ ҳамчун яке аз рамзҳои муҳими шоҳаншоҳии Сосониён низ ёд мешавад. Он дар низоми давлатдорӣ ва ҳарбии ин сулола мақоми хосса дошта, тибқи маълумоти маъхазҳои таърихӣ, аз матои гаронбаҳо сохта шуда, бо ҷавоҳирот оро дода мешуд. Ин дирафшро ҳангоми лашкаркашиҳо ва муҳорибаҳо ҳамчун нишонаи ҳокимияти шоҳаншоҳӣ ҳамроҳ мебурданд. Ҳамин далел аз устувории суннати парчамдорӣ дар таърихи давлатдории мардумони эронитабор шаҳодат медиҳад.

Дар «Шоҳнома» аз дирафшҳои гуногуни шоҳону паҳлавонон ёд мешавад. Ҳар як паҳлавон ва сипаҳсолор метавонист нишони хоси худро дошта бошад, ки тавассути он дар майдони набард шинохта мешуд. Тасвирҳои рамзии ҳайвонот, аз ҷумла шер ва аждаҳо, дар чунин дирафшҳо таҷассумгари қудрат, шуҷоат ва корномаҳои паҳлавонон буданд. Ин анъана дар фарҳанги ҳарбӣ ва сиёсӣ нақши муҳим дошта, барои ташаккули суннатҳои рамзсозии давлатдорӣ замина фароҳам овардааст.

Дар давраҳои давлатдории Кушониён, Ҳайтолиён ва дигар ҳокимиятҳои маҳаллии Осиёи Марказӣ низ истифодаи нишонаҳои рамзӣ ва тасвирҳои ҳайвонот дар осори санъат, муҳрҳо, тангаҳо ва дигар ёдгориҳои таърихӣ ба назар мерасад. Ин рамзҳо бештар ифодагари қудрати ҳокимият, мақоми иҷтимоӣ ва эътиқоду ҷаҳонбинии мардум буданд. Омӯзиши чунин ёдгориҳо имкон медиҳад, ки ҷанбаҳои гуногуни фарҳанги сиёсӣ ва суннатҳои давлатдории халқҳои минтақа боз ҳам амиқтар шинохта шаванд.

Дар таърихи давлатдории тоҷикон давлати Сомониён мавқеи махсус дорад. Ин давлат дар асрҳои IX-X ба яке аз марказҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Осиёи Марказӣ табдил ёфта, дар эҳёи забони тоҷикӣ, рушди адабиёт, илму фарҳанг ва таҳкими худшиносии миллӣ нақши бузург бозид. Сомониён дар идоракунии давлат, низоми ҳарбӣ ва муносибатҳои сиёсӣ аз суннатҳои пешинаи давлатдорӣ истифода мебурданд. Истифодаи аламҳо ва дирафшҳо низ яке аз ҷузъҳои фарҳанги сиёсиву ҳарбии он давра ба ҳисоб мерафт.

Исмоили Сомонӣ ҳамчун яке аз чеҳраҳои барҷастаи таърихи давлатдории тоҷикон дар таҳкими сохтори марказонидашудаи давлат, таъмини суботи сиёсӣ ва рушди фарҳанги миллӣ саҳми арзанда гузоштааст. Маҳз дар давраи ҳукмронии Сомониён заминаҳои муҳими ташаккули худшиносии таърихӣ ва фарҳангии тоҷикон мустаҳкам гардиданд. Гарчанде дар бораи шаклу рангҳои дақиқи парчами расмии давлати Сомониён маълумоти мустақими кофӣ мавҷуд нест, истифодаи рамзҳои давлатӣ ва ҳарбӣ дар он давра аз идомаи суннатҳои қадимаи давлатдорӣ шаҳодат медиҳад.

Бо вуҷуди суқути давлати Сомониён, анъанаҳои сиёсӣ, маъмурӣ ва фарҳангии он барои давлатҳои минбаъдаи минтақа аҳаммияти бузург доштанд. Осори таърихию сиёсӣ, аз ҷумла «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, масъалаҳои идоракунии давлат, тартиботи сиёсӣ, низоми ҳарбӣ ва муносибати ҳокимиятро бо ҷомеа инъикос намуда, барои шинохти фарҳанги давлатдории асрҳои миёна сарчашмаи муҳим ба ҳисоб мераванд.

Дар асри XX, бо ташаккули сохторҳои нави сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ, низоми рамзҳои давлатӣ низ тағйир ёфт. Соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт ва дар баробари он рамзҳои расмии ҷумҳурӣ, аз ҷумла парчам, шакли нав гирифтанд. Дар ин давра ранги сурх, ки рамзи низоми шӯравӣ маҳсуб мешуд, дар парчами ҷумҳурӣ мавқеи асосӣ дошт. Баъдан, вобаста ба тағйир ёфтани мақоми сиёсию ҳуқуқии ҷумҳурӣ ва қабули конститутсияҳои нав, тарҳи парчам низ чанд маротиба таҷдид гардид.

Пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатии ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ зарурати эҳёи рамзҳои миллӣ ва қабули нишонаҳои мустақили давлатдориро ба миён овард. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин марҳилаи муҳим роҳи бунёди давлати соҳибистиқлолро пеш гирифт. 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман қабул карда шуд. Ин рӯйдод дар таърихи давлатдории муосири тоҷикон марҳилаи муҳим ба шумор рафта, ифодагари оғози давраи нави эҳёи рамзҳои миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории соҳибистиқлол мебошад.

Парчами давлатии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин рамзҳои истиқлолияти миллӣ, соҳибихтиёрии давлат ва ҳувияти миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Он аз се рахи уфуқии сурх, сафед ва сабз иборат буда, дар маркази рахи сафед тоҷ ва ҳафт ситора ҷойгир шудаанд. Ин унсурҳо дар маҷмуъ таърихи пурғановати миллат, арзишҳои миллӣ, ормонҳои созанда ва умед ба ояндаи дурахшони кишварро таҷассум менамоянд.

Рангҳои Парчами давлатӣ дорои мазмуни рамзии хос мебошанд. Ранги сурх бо муборизаҳои таърихии халқ барои озодӣ, истиқлолият ва ваҳдат пайванд дода мешавад. Ранги сафед рамзи покӣ, сулҳу осоиштагӣ ва саодат буда, инчунин бо пахтакорӣ ва барфҳои кӯҳсори кишвар иртибот дорад. Ранги сабз бошад, сарсабзии табиат, ҳаёт, ободӣ ва шукуфоии Ватанро ифода мекунад. Тоҷ рамзи давлатдорӣ ва соҳибихтиёрии миллӣ буда, ҳафт ситора маънои рамзии худро дар фарҳанги мардумӣ ва тафсирҳои давлатӣ доранд.

Яке аз иқдомҳои муҳим дар роҳи баланд бардоштани мақоми Парчами давлатӣ ва таҳкими эҳтироми шаҳрвандон ба он эълон гардидани 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами миллӣ мебошад. 29 октябри соли 2009 дар конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ, ки ба 15-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, ташаббуси эълон намудани ин рӯз ҳамчун Рӯзи Парчами миллӣ пешниҳод гардид. Баъдан, бо ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба қонунгузории кишвар, 24 ноябр расман ба тақвими рӯзҳои ид ворид карда шуд.

Таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ барои таҳкими худшиносии миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ аҳаммияти хосса дорад. Ин сана имконияти муносиб барои омӯзиши таърихи парчамдорӣ, шиносоӣ бо суннатҳои қадимаи давлатдорӣ ва тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ мебошад.

Эълон гардидани рӯзи махсус барои гиромидошти Парчами миллӣ ба баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ ва тақвияти масъулияти ҳар як фарди ҷомеа дар назди давлату миллат мусоидат мекунад. Эҳтиром ба Парчам, пеш аз ҳама, эҳтиром ба истиқлолият, таърих, фарҳанг, забон ва арзишҳои миллии тоҷикон мебошад.

Рӯзи Парчами миллӣ ба ҷомеа, бахусус ба насли ҷавон, паёми муҳим медиҳад, ки эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, ҳифзи истиқлолият, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва идомаи суннатҳои неки давлатдорӣ вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар мебошад. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки Парчам танҳо як матои ранга нест, балки таҷассумгари нангу номус, хотираи таърихӣ, ҳувияти миллӣ ва ормони давлати соҳибистиқлоли тоҷикон аст.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйироти босуръати сиёсиву иҷтимоӣ ҳифзи ҳувияти миллӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Аз ин рӯ, омӯзиши таърихи парчамдорӣ, ташаккули ҷаҳонбинии таърихӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ бояд яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа бошад. Зеро миллате, ки таърих ва арзишҳои давлатдории худро мешиносад, метавонад онҳоро ҳифз намуда, барои наслҳои оянда мероси арзанда боқӣ гузорад.

Хулоса, Парчами миллӣ рамзи давлатдорӣ, истиқлолият, ҳувият ва пойдории миллат мебошад. Он пайванди маънавии наслҳои гузашта, имрӯза ва ояндаро таҷассум намуда, моро ба эҳтироми таърих, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан ҳидоят мекунад. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд Парчами давлатиро ҳамчун муқаддасоти миллӣ гиромӣ дошта, бо рафтору фаъолияти созандаи худ барои баланд бардоштани нуфузу эътибори давлат ва таҳкими ваҳдати миллӣ саҳм гузорад.

 

А. МУЛЛОҶОНЗОДА,

номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ