Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддасоти миллӣ, рамзи соҳибистиқлолӣ, озодӣ, ваҳдати миллӣ ва нишонаи ҳастии давлату миллат мебошад. Он таҷассумгари таъриху фарҳанги куҳан, тамаддуни пурғановати халқи тоҷик ва орзуву ормонҳои неки мардуми сарбаланди мо ба ҳисоб меравад.

Ҳамасола 24 ноябр дар саросари Тоҷикистони азиз Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳтирому ифтихори хосса таҷлил карда мешавад. Ин санаи фархунда барои ҳар як шаҳрванди кишвар рӯзи ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ ва эҳтиром ба арзишҳои истиқлолият мебошад.

Парчами давлатӣ дар таърихи ҳар як миллат мақоми хосса дорад. Он на танҳо рамзи давлатдорӣ, балки нишонаи озодӣ, соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Вақте ки Парчами давлатии Тоҷикистон дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ парафшон мегардад, қалби ҳар як фарди ватандӯст аз эҳсоси ифтихору сарфарозӣ лабрез мешавад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се ранг - сурх, сафед ва сабз иборат буда, ҳар кадоми онҳо мазмуну муҳтавои амиқи таърихию фарҳангӣ доранд.

Ранги сурх рамзи мубориза, шуҷоат ва ҷоннисориҳои фарзандони далери миллат дар роҳи озодӣ ва истиқлолият мебошад. Ранги сафед рамзи покӣ, сулҳу оромӣ, бахту саодат ва нияти неки мардуми тоҷик аст. Ранги сабз бошад, сарсабзии табиат, ободӣ, зиндагии осоишта ва шукуфоии Ватани азизамонро таҷассум менамояд.

Тоҷ ва ҳафт ситора, ки дар маркази Парчам ҷой гирифтаанд, рамзи давлатдории миллӣ, соҳибихтиёрӣ, сарбаландӣ, саодат ва ормонҳои волои халқи тоҷик мебошанд.

Имрӯз Парчами давлатӣ моро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободиву шукуфоии Тоҷикистони азиз ҳидоят менамояд.

Мо бояд ҳамеша дарк намоем, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ, пеш аз ҳама, эҳтиром ба таъриху фарҳанг, забон, миллат ва давлатдории худ мебошад. Ҳар як шаҳрванди ватандӯст вазифадор аст, ки бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва худшиносии миллӣ ба ин муқаддасоти давлатӣ арҷ гузорад ва онро ҳамчун рамзи шарафу номус, сарбаландӣ ва ҳастии миллат эҳтиром намояд.

Хусусан, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва садоқат ба Ватан яке аз вазифаҳои муҳимми ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад. Зеро ҷавонони худогоҳу ватандӯст ояндаи давлату миллат, неруи пешбарандаи ҷомеа ва идомадиҳандагони роҳи созандагию ободкорӣ мебошанд.

Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар фазои сулҳу субот ва осоиштагӣ парафшон бошад!

Бигзор дар зери ин Парчами муқаддас миллати тоҷик муттаҳид, сарбаланд, соҳибиқбол ва хушбахтона зиндагӣ намояд!

 

АМИРШОЕВ У.Р.,

сардори бахши банақшагирӣ ва дурнамои иқтисодиёт