ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - РАМЗИ ИФТИХОР, ВАҲДАТ ВА СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
«Парчами давлатӣ барои ҳар як миллати соҳибтамаддун рамзи истиқлоли давлатӣ, ифтихори ватандорӣ, ҳувияти миллӣ, озодихоҳӣ ва азму иродаи қавии мардум мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳар як миллати соҳибтамаддун ва давлати мустақил дорои муқаддасоти миллии худ мебошад, ки онҳо шиносномаи ҳастӣ, таърих ва фарҳанги он миллат ба шумор мераванд. Дар миёни ин муқаддасот Парчами давлатӣ мақоми хосса дошта, ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ ва таҷассумгари ормонҳои таърихии миллат эътироф гардидааст.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи муқаддаси давлатдорӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мақоми махсус касб намуда, ифодагари озодӣ, истиқлолият, ваҳдат ва сарҷамъии мардуми тоҷик мебошад. Парчамдорӣ дар фарҳанги мардуми тоҷик таърихи чандинҳазорсола дошта, аз замонҳои қадим аҷдодони мо зери дирафшҳои муқаддас барои ҳифзи марзу буми Ватан, озодӣ ва адолат мубориза мебурданд. Яке аз намунаҳои машҳури он «Дирафши Ковиён» мебошад, ки дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ ҳамчун рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ, адолат бар ситам ва озодихоҳии мардум таҷассум ёфтааст.
Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид. Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ дар яке аз марҳилаҳои ҳассосу сарнавиштсози кишвар ба вуқӯъ пайваста, барои муттаҳид сохтани миллат, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва муайян намудани рамзҳои давлати навини тоҷикон заминаи муҳим фароҳам овард.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се ранг — сурх, сафед ва сабз иборат буда, дар қисми марказии он тоҷ ва ҳафт ситора ҷойгир шудаанд. Ҳар яке аз ин унсурҳо дорои маънои амиқи таърихию рамзӣ буда, арзишҳо, ормонҳо ва ҳувияти миллии тоҷиконро таҷассум менамоянд. Ин рамзҳои давлатӣ ҳамчун пайванди ногусастании гузашта, имрӯз ва ояндаи миллат барои ҳар як шаҳрванди кишвар аҳаммияти бузург доранд.
Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар баландтарин нуқтаҳои кишвар парафшон буда, дар қалби ҳар як шаҳрванди ватандӯст эҳсоси ифтихору сарфарозиро бедор менамояд. Вақте ки Парчами миллии мо дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ ба ифтихори пирӯзии варзишгарони тоҷик баланд бардошта мешавад ё дар назди созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, парафшон мегардад, эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандони кишвар боз ҳам тақвият меёбад. Зеро парафшонии Парчами давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ нишонаи муаррифии давлати соҳибистиқлол ва иштироки шоистаи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Парчами давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди ватандӯст бояд ҳамчун рамзи давлатдорӣ, мактаби худшиносӣ, эҳтиром ба таърих ва масъулиятшиносӣ дар назди Ватан хизмат намояд. Эҳтиром ба Парчам дар асл эҳтиром ба давлат, миллат, забон, фарҳанг ва арзишҳои миллии хеш аст. Аз ин рӯ, ҳар як фарди ҷомеа бояд ба ин муқаддасоти миллӣ арҷ гузошта, барои ҳифз ва гиромидошти он саҳми муносиб гузорад.
Мо — ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ, бояд хуб дарк намоем, ки парафшонии Парчами миллӣ натиҷаи муборизаҳо, талошҳо ва ормонҳои таърихии миллати тоҷик мебошад. Ин рамзи муқаддас моро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди давлати соҳибистиқлол ҳидоят менамояд. Аз ин рӯ, ҳифзу гиромидошти Парчами давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар маҷмӯъ, эҳтиром гузоштан ба Парчами давлатӣ қарзи шаҳрвандӣ ва вазифаи виҷдонии ҳар як фарди бедордилу ватандӯст мебошад. Зеро арҷгузорӣ ба Парчам пеш аз ҳама арҷгузорӣ ба Ватан, модар, забони миллӣ, таърих ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик аст.
Мукаррам САИДЗОДА,
донишҷӯйи курси чоруми факултети молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Тоҷ
Рус
Eng