Парчами давлатӣ яке аз муқаддастарин рамзҳои ҳар як давлат ба шумор меравад. Он таҷассумгари соҳибистиқлолӣ, озодӣ, таърих, фарҳанг ва ормонҳои мардум буда, ҳамчун рамзи соҳибихтиёрӣ ва ҳастии давлат дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мегардад. Барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон Парчами миллӣ рамзи ифтихор, ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан мебошад. Ҳар боре ки Парчами кишвари мо дар майдонҳо, муассисаҳо ва чорабиниҳои расмӣ парафшон мегардад, дар қалби мардум эҳсоси муҳаббат ба Тоҷикистони азиз ва ифтихори миллӣ боз ҳам қавитар мешавад.

Ҳамасола 24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Ин сана барои мардуми кишвар аҳаммияти бузурги сиёсӣ, таърихӣ ва маънавӣ дошта, ҳамчун рӯзи арҷгузорӣ ба яке аз муқаддасоти асосии миллӣ таҷлил мегардад. Ҷашни мазкур моро ба эҳтироми рамзҳои давлатӣ, ҳифзи истиқлолият ва таҳкими ваҳдати миллӣ ҳидоят менамояд.

Таърихи қабул ва ташаккули Парчами миллӣ

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муайян намудани рамзҳои миллии худ ниёз пайдо кард. Рамзҳои давлатӣ бояд таърихи пурғановат, фарҳанги қадима, анъанаҳои давлатдорӣ ва ормонҳои мардуми тоҷикро инъикос менамуданд.

24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистон қабул гардид. Қабули он дар яке аз марҳилаҳои муҳим ва ҳассоси таърихи кишвар сурат гирифта, барои эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои истиқлолият ва муттаҳид сохтани ҷомеа аҳаммияти бузург дошт.

Парчами миллӣ аз рӯзи қабул то имрӯз ҳамчун рамзи соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти Тоҷикистон мақоми махсус дорад. Он дар назди биноҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, майдонҳои шаҳру ноҳияҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ парафшон гардида, ба ҳар як шаҳрванд хотиррасон менамояд, ки Ватан арзиши муқаддас ва ҳифзи он масъулияти умумии мост.

Рангҳо ва унсурҳои рамзии Парчам

Парчами давлатии Тоҷикистон аз се рахи уфуқӣ иборат аст: рахи боло сурх, рахи миёна сафед ва рахи поён сабз мебошад. Дар қисми марказии рахи сафед тоҷ ва ҳафт ситора ҷойгир шудаанд. Ҳар як ранг ва унсури Парчам дорои маънои рамзии хос буда, бо таърих, фарҳанг, табиат ва ормонҳои мардуми тоҷик робитаи ногусастанӣ дорад.

Ранги сурх рамзи ҷасорат, шуҷоат, мубориза барои озодӣ ва истиқлолият мебошад. Он инчунин аз муборизаҳои таърихии ниёгони мо барои ҳифзи Ватан ва озодии сарзамини аҷдодӣ ёдовар мешавад.

Ранги сафед рамзи покӣ, сулҳу осоиштагӣ, равшанӣ ва нияти неки мардум аст. Ин ранг ҳамчунин бо пахтаи сафед ва барфҳои кӯҳҳои сарбаланди Тоҷикистон алоқаманд дониста мешавад.

Ранги сабз рамзи ҳаёт, сарсабзӣ, табиати зебо, ободӣ ва шукуфоии Ватани азиз мебошад. Он ҳамчунин ба кишоварзӣ, неъматҳои табиӣ ва умед ба ояндаи дурахшони кишвар ишора мекунад.

Тоҷ дар маркази Парчам нишонаи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва сарбаландии миллати тоҷик мебошад. Ҳафт ситора рамзи бахту саодат ва ормонҳои неки миллат буда, рақами ҳафт дар фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон ҷойгоҳи хосса дорад. Ҳамин тавр, Парчами миллӣ дар худ арзишҳои амиқи таърихию фарҳангиро таҷассум менамояд.

Парчам - рамзи истиқлолият

Истиқлолияти давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки роҳи мустақили рушди худро интихоб намуда, ҳамчун давлати соҳибихтиёр дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро муайян созад. Парчами миллӣ дар ин раванд ҳамчун рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти кишвар хизмат мекунад.

Он таҷассумгари орзуву ормонҳои деринаи халқи тоҷик барои зиндагии осоишта, пешрафт, суботи сиёсӣ ва бунёди ҷомеаи ободу пешрафта мебошад. Ҳар як парафшонии Парчами давлатӣ нишонаи мавҷудияти давлати мустақил ва ифтихори ҳар як шаҳрванди ватандӯст аст.

Парчам - рамзи ваҳдати миллӣ ва муаррифии кишвар

Парчами давлатӣ ҳамчунин рамзи ваҳдати миллӣ ва ягонагии мардуми Тоҷикистон мебошад. Шаҳрвандони кишвар, новобаста аз маҳалли зист, касбу кор ва мавқеи иҷтимоӣ, зери як Парчам зиндагӣ ва меҳнат мекунанд. Ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ барои пешрафту рушди давлат шарти муҳим ба ҳисоб мераванд.

Эҳтиром ба Парчами миллӣ маънои эҳтиром ба тамоми шаҳрвандон, таъриху фарҳанг ва ояндаи кишварро дорад. Он моро ба дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳкими муносибатҳои неки байниҳамдигарӣ даъват менамояд.

Дар чорабиниҳои байналмилалӣ Парчами Тоҷикистон кишвари моро муаррифӣ мекунад. Вақте ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ғолиб омада, Парчами кишвари мо парафшон мегардад, тамоми мардуми Тоҷикистон аз чунин дастовардҳои миллӣ ифтихор менамоянд. Парчам дар чунин лаҳзаҳо нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, барои сулҳ, дӯстӣ ва ҳамкории созанда талош меварзад.

Эҳтиром ба Парчам - вазифаи ҳар як шаҳрванд

Эҳтиром ба Парчами давлатӣ аз оила ва муассисаҳои таълимӣ оғоз меёбад. Омӯзгорон ва падару модарон бояд ба фарзандон фаҳмонанд, ки Парчам танҳо як матои серанга нест, балки рамзи муқаддаси давлату миллат мебошад. Ҳангоми баргузории чорабиниҳои тантанавӣ бояд ба он бо эҳтиром муносибат карда, талаботи қонунгузорӣ ва қоидаҳои истифодаи рамзҳои давлатиро риоя намуд.

Хонандагону донишҷӯён метавонанд тавассути омӯзиши таърихи Парчам, иштирок дар чорабиниҳои ватандӯстона, нигоҳубини муҳити муассисаи таълимӣ ва иҷрои софдилонаи вазифаҳои худ дар таҳкими арзишҳои миллӣ саҳми арзанда гузоранд.

Ватандӯстӣ танҳо бо сухан ифода намеёбад. Он пеш аз ҳама дар рафтори нек, донишомӯзӣ, меҳнати ҳалол, риояи қонунҳо, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва масъулиятшиносӣ зоҳир мегардад.

Нақши Парчам дар тарбияи ватандӯстӣ

Парчами миллӣ насли наврасро ба дӯст доштани Ватан, эҳтироми таърих ва ҳифзи арзишҳои миллӣ раҳнамоӣ мекунад. Дар муассисаҳои таълимӣ баргузор намудани суҳбату вохӯриҳо, озмунҳо, намоишҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ аҳаммияти бузурги тарбиявию маърифатӣ дорад.

Чунин чорабиниҳо дар зеҳни хонандагону донишҷӯён ҳисси масъулиятшиносӣ, ифтихори миллӣ, худшиносӣ ва дарки арзиши истиқлолияти давлатиро ташаккул медиҳанд.

Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд кӯшиш намояд, ки бо рафтору кирдори намунавӣ ва амалҳои созандаи худ номи кишвар ва рамзҳои давлатии онро баланд бардорад. Донишомӯзӣ, меҳнати созанда, риояи қонун, ҳифзи табиат ва муносибати нек бо атрофиён аз муҳимтарин нишонаҳои ватандӯстӣ мебошанд. Парчами миллӣ моро ба он ҳидоят менамояд, ки барои ободиву шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузорем.

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳими миллӣ буда, таҷассумгари эҳтиром ба таърих, истиқлолият ва ваҳдати мардуми кишвар мебошад. Парчами давлатии мо рамзи сарбаландӣ, озодӣ, сулҳу субот ва умед ба ояндаи дурахшон аст. Он моро муттаҳид сохта, ба роҳи созандагиву пешрафт ва ободии Ватан раҳнамоӣ мекунад.

Мо бояд ҳамеша аз он ифтихор намоем, ки соҳиби давлати соҳибистиқлол ва Парчами миллии худ ҳастем. Эҳтиром ба ин муқаддасоти давлатӣ бояд дар қалби ҳар як шаҳрванд ҷой дошта, дар фаъолияти ҳамарӯзаи ӯ таҷассум ёбад.

Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар фазои сулҳу оромӣ парафшон бошад! Бигзор дар зери ин Парчами муқаддас мардуми кишвар бо дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдат ва меҳнати созанда зиндагӣ намоянд!

 

Мавлуда МУЗАФАРОВА,

донишҷӯйи курси якуми ихтисоси 1-25010402 - кори бонкӣ