ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдорӣ ва нишонаи соҳибихтиёрию ягонагии миллати тоҷик ба шумор меравад. Он таҷассумгари таъриху фарҳанги пурғановати халқ, арзишҳои миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва орзую ормонҳои неки мардуми кишвар мебошад. Ҳамасола 24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил карда мешавад.
Парчами давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар рамзи ифтихор, эҳтиром ва садоқат ба Ватан аст. Рангҳои он маънои амиқи таърихиву рамзӣ дошта, ҳар кадоми онҳо паёми хосро ифода мекунанд. Ранги сурх рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодиву истиқлол, ранги сафед рамзи покӣ, сулҳу осоиштагӣ ва нияти нек, ранги сабз бошад, нишонаи сарсабзӣ, ободӣ ва шукуфоии сарзамини маҳбубамон мебошад. Тоҷ ва ҳафт ситораи болои он низ таҷассумгари давлатдории миллӣ ва фарҳанги қадимаи тоҷикон мебошанд.
Эҳтиром ба Парчами давлатӣ пеш аз ҳама эҳтиром ба таърих, миллат ва арзишҳои муқаддаси миллӣ мебошад. Ҳар як фарди ҷомеа бояд дар зери ин рамзи муқаддас барои ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, ободии Ватан ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузорад. Махсусан, барои насли ҷавон донистани таърихи Парчами давлатӣ ва арҷ гузоштан ба он аҳамияти бузург дорад. Зеро ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози давлат бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулиятшиносӣ дар пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошанд.
Дар маҷмӯъ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо як рамзи давлатӣ, балки нишонаи ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва ормонҳои неки мардуми тоҷик мебошад. Бигзор Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша парафшон бошад ва зери сояи он мардуми сарбаланди кишвар дар фазои сулҳу оромӣ, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва ободиву пешрафт зиндагӣ намоянд.
Шоира САНГИНОВА,
ассистенти кафедраи фаъолияти бонкӣ
Тоҷ
Рус
Eng