«Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст»

Эмомалӣ Раҳмон

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин рукнҳои давлатдории миллист, ки дар вуҷуди ҳар як шаҳрванди кишвар ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор ва масъулиятро бедор месозад. Ин рамзи муқаддас на танҳо нишонаи истиқлолияти давлатӣ аст, балки ҳамчун пайванди таърихию маънавии наслҳо, иродаи қавии миллат ва ормонҳои созандаи мардуми тоҷик арзиш пайдо кардааст.

Парчами давлатии Тоҷикистон — рамзи сарнавишти муштарак, рамзи ҳиммати баланд ва рамзи миллати сарбаландест, ки ҳамеша барои якдилӣ, сулҳ, созандагӣ ва пешрафт талош мекунад. Бигузор ин рамзи муқаддас ҳамеша дар фазои кишвар партавафкан бошад ва барои ҳар насли миллат манбаи ифтихор ва илҳоми созанда гардад.

Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои асосии давлатдории ҳар як кишвар ба шумор рафта, он таҷассумгари истиқлолу озодӣ, таъриху фарҳанг, ваҳдату ягонагӣ ва ормонҳои неки мардум мебошад. Барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон Парчами давлатӣ на танҳо як рамзи расмӣ, балки нишонаи ифтихори миллӣ, садоқат ба Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои муқаддаси давлатдорӣ аст. Парчами серанги Тоҷикистон бо тоҷу ҳафт ситораи заррини худ дар қалби ҳар як фарди ватандӯст эҳсоси гарми муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва умед ба ояндаи ободу осоиштаро бедор месозад.

Дар замони муосир Парчами давлатӣ на танҳо дар муассисаҳо, майдонҳо ва биноҳои давлатӣ барафрохта мешавад — он дар қалби ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҷой гирифтааст. Ҳар бор, ки парчам дар баландӣ ҷунбиш меёбад, ифтихори миллӣ бедор мешавад ва ҳар шахс худро масъултар эҳсос мекунад. Зеро эҳтиром ба Парчам эҳтиром ба Ватан, ба таърих, ба дастовардҳо ва ба ояндаи миллат аст.

Рӯзи Парчами давлатӣ на танҳо ҷашни рамзҳои миллӣ, балки ҷашни худшиносиву худогоҳии ҷомеа мебошад. Ин рӯз моро водор месозад, ки ба арзишҳои миллӣ арҷ гузорем, барои таҳкими сулҳу субот саҳм гузорем ва бо меҳнати содиқона дар роҳи ободии кишвар қадамҳои устувор бигузорем.

Миллати тоҷик дар ҷараёни таърих борҳо собит намудааст, ки ба қадри рамзҳои миллӣ мерасад ва онҳоро ҳамчун омили муттаҳидсозандаи ҷомеа ҳифз мекунад. Аз давраҳои бостон то имрӯз, рамзҳо ва аломатҳои миллӣ мавқеи хосса дошта, барои бедор кардани ҳисси худшиносӣ, ҳувият ва ваҳдати миллӣ нақши муҳим бозидаанд. Дар ин миён Парчами давлатӣ ҳамеша ҳамчун рамзи асосии давлатдорӣ маҳсуб ёфтааст.

Бо мақсади гиромидошти ин рамзи муқаддас ва баланд бардоштани ҳисси эҳтироми шаҳрвандон ба муқаддасоти миллӣ 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид. Аз он замон ин сана ҳамасола дар саросари кишвар бо баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, маърифатӣ ва ватандӯстона таҷлил карда мешавад.

Сулҳу субот аз арзишҳои муҳимтарини ҳаёти инсон ва шарти асосии пешрафту шукуфоии ҳар як ҷомеа мебошад. Бе сулҳ наметавон рушди устувори иқтисодӣ, пешрафти илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро таъмин намуд. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки оромию осудагӣ неъмати бебаҳо буда, ҳифзи он масъулияти доимии ҳар як шаҳрванд аст.Парчами давлатии Тоҷикистон дар худ ғояи сулҳу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмиро таҷассум менамояд. Он рамзи давлатест, ки мардуми он зиндагии осоишта, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созандаро қадр мекунад.Сулҳу суботи ҷомеа танҳо бо қабули қонуну қарорҳо таъмин намегардад. Барои пойдории он эҳтироми ҳамдигар, таҳаммулпазирӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, риояи қонун, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва иштироки фаъолонаи ҳар як узви ҷомеа зарур аст. Аз ин рӯ, Парчами давлатӣ моро на танҳо ба ифтихор аз Ватан, балки ба иҷрои вазифаҳои шаҳрвандӣ ва саҳмгузорӣ дар ҳифзи оромии ҷомеа даъват менамояд.

Ваҳдати миллӣ низ яке аз пояҳои муҳими сулҳу суботи Тоҷикистон мебошад. Ваҳдат маънои ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагӣ, эҳтироми манфиатҳои умумимиллӣ ва талоши якҷоя барои ободии сарзамини аҷдодиро дорад. Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи ягонагии давлат ва миллат метавонад дар таҳкими ин арзишҳо нақши муҳим дошта бошад.

Имрӯз зери парафшонии Парчами миллӣ намояндагони қавму миллатҳои гуногун, сокинони шаҳру деҳот, ҷавонону калонсолон ва аҳли касбу кори мухталиф зиндагӣ ва фаъолият менамоянд. Ҳамаи онҳо новобаста аз касбу кор ва мавқеи иҷтимоӣ дар назди Ватан масъулияти муштарак доранд. Ин масъулият пеш аз ҳама дар ҳифзи сулҳу оромӣ, эҳтироми якдигар ва саҳмгузорӣ дар рушди мамлакат ифода меёбад.

Парчами миллӣ моро ба он ҳидоят мекунад, ки ягонагӣ ва ҳамдигарфаҳмиро ҳамчун арзиши муқаддас ҳифз намоем. Зеро танҳо ҷомеаи муттаҳид метавонад бо иродаи қавӣ ба сӯи ояндаи созанда қадам гузорад.

Парчами миллӣ дар арсаи байналмилалӣ муаррифгари давлат ва миллати тоҷик мебошад. Вақте ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ таҳти парчами кишвари худ ба майдон мебароянд ва ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд, ин лаҳзаҳо барои тамоми мардум мояи ифтихор мешаванд. Ҳамин гуна, иштироки намояндагони Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалии илмӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ низ барои муаррифии таъриху фарҳанг ва имкониятҳои кишвар аҳамияти муҳим дорад.

Парафшонии Парчами миллӣ дар чунин чорабиниҳо нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи худро дорад ва барои густариши муносибатҳои дӯстона, ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ саҳм мегузорад.

Ҳар як фарди ҷомеа бояд дарк намояд, ки ҳифзи сулҳу субот ва дастовардҳои истиқлолият вазифаи умумимиллӣ мебошад. Танҳо дар сурати ҳамкории самимӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, риояи қонун ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеа метавон муҳити мусоиди зиндагӣ ва рушди кишварро таъмин намуд.

Ҳамин тавр, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолият, соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва умед ба ояндаи дурахшон мебошад. Он таҷассумгари таърихи пурифтихори миллати тоҷик, фарҳанги қадима, ормонҳои созанда ва нияти неки мардуми Тоҷикистон аст.

Рӯзи Парчами давлатӣ моро водор месозад, ки ба гузаштаи пурифтихори миллат назар афканем, дастовардҳои даврони истиқлолро қадр намоем ва барои ояндаи ободу осоиштаи Ватан масъулияти бештар эҳсос кунем. Ин рӯз танҳо як санаи тақвимӣ нест, балки рамзи эҳтиром ба давлат, миллат ва арзишҳои муқаддаси миллӣ мебошад.

Мо бояд дарк намоем, ки сулҳу субот неъмати бебаҳо буда, ҳифзи он аз ҳар як фарди ҷомеа масъулияти ҷиддӣ талаб мекунад. Ҳар як қадами созанда, ҳар як амали нек, ҳар як дастоварди илмӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ дар таҳкими давлатдорӣ ва ободии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад.

Бигзор, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар фазои сулҳу оромӣ парафшон бошад! Бигзор зери сояи он наслҳои оянда дар муҳити дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ба камол расанд, илму дониш омӯзанд, касбу ҳунар аз худ намоянд ва барои пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузоранд.

 

 

Савриддин ЯТИМОВ,

Чаманорои ИЛҲОМ

- омӯзгорони кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ