ПАРЧАМИ МИЛЛӢ - ТАҶАССУМГАРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Дар таърихи ташаккул ва рушди ҳар як давлат рамзҳое мавҷуданд, ки ҳастии сиёсӣ, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои таърихию фарҳангии ҷомеаро таҷассум менамоянд. Дар байни чунин рамзҳо Парчами давлатӣ ҷойгоҳи хосса дошта, ифодагари соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва иродаи ягонаи мардум ба шумор меравад. Барои халқи тоҷик Парчами миллӣ на танҳо рамзи расмии давлат, балки нишонаи пайванди наслҳо, эҳёи суннатҳои давлатдорӣ ва ифтихор аз гузаштаи пурғановати таърихӣ мебошад.
Ҳамасола 24-уми ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Ин сана барои ҷомеаи кишвар аҳаммияти хосси сиёсӣ, таърихӣ ва тарбиявӣ дошта, моро ба дарки амиқтари арзишҳои истиқлолият, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои давлатдории навин ҳидоят менамояд. Парчами давлатӣ дар шуури ҷамъиятӣ ҳамчун рамзи ягонагии миллат ва нишонаи масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан ҷойгоҳи муҳим дорад.
Агар ба саҳифаҳои гузаштаи таърихи тоҷикон назар афканем, маълум мегардад, ки суннати парчамдорӣ дар ин сарзамин таърихи куҳан дорад. Дирафшу ливо дар тамаддуни мардумони ориёӣ ҳамчун нишонаи қудрат, шуҷоат, пирӯзӣ ва соҳибихтиёрӣ истифода мешуданд. Дар марҳилаҳои гуногуни давлатдории ниёгони мо парчам мавқеи муҳим дошта, аз мавҷудияти сохтори сиёсӣ ва низоми муайяни давлатдорӣ шаҳодат медод. Ин анъанаи таърихӣ имрӯз низ идома ёфта, дар шакли Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҷассум ёфтааст.
Дар марҳилаи нави таърихӣ, бахусус дар асри XX, низоми рамзҳои давлатии Тоҷикистон таҳти таъсири дигаргуниҳои сиёсӣ қарор гирифт. Бо таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва баъдан Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон парчамҳои давлатӣ мутобиқи низоми сиёсӣ ва мафкураи замони шӯравӣ шакл гирифтанд. Дар ин парчамҳо ранги сурх мавқеи асосиро ишғол намуда, бештар ғояҳои идеологии давраи шӯравиро инъикос мекард. Бо вуҷуди ин, мавҷудияти рамзҳои ҷумҳуриявӣ барои муаррифии мақоми сиёсиву ҳуқуқии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ аҳаммияти муайян дошт.
Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ зарурати қабули рамзҳои нави давлатӣ, ки ормонҳои миллӣ, арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва ҳувияти давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро таҷассум намоянд, ба миён омад. Дар ин замина, 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин рӯйдод дар таърихи давлатдории навини тоҷикон аҳаммияти бузург дошта, ҳамчун қадами муҳим дар роҳи таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва эҳёи рамзҳои миллӣ арзёбӣ мешавад.
Парчами давлатии имрӯзаи Тоҷикистон аз се рахи уфуқии сурх, сафед ва сабз иборат буда, дар маркази рахи сафед тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷойгир шудаанд. Таркиби рангҳо ва унсурҳои он дорои мазмуни амиқи таърихию фарҳангӣ буда, ҷаҳонбинӣ, ормонҳо ва арзишҳои миллии мардуми тоҷикро таҷассум менамоянд.
Ҳар як ранги Парчами миллӣ маъно ва рамзи хос дорад. Ранги сурх рамзи шуҷоат, далерӣ, мубориза барои озодӣ ва ҳимояи арзишҳои миллӣ мебошад. Он ҳамчунин неруи созанда ва иродаи қавии мардумро дар роҳи ҳифзи истиқлолият ифода мекунад. Ранги сафед рамзи покӣ, равшанӣ, сулҳ, адолат ва оромӣ буда, ҳамзамон кӯҳҳои барфпӯши сарзамини Тоҷикистонро ба хотир меорад. Ранги сабз бошад, рамзи ҳаёт, эҳёи табиат, сарсабзӣ, фаровонӣ ва ободии кишвар аст. Ин ранг инчунин ба табиати зебо ва анъанаҳои қадимаи кишоварзии мардуми тоҷик ишора менамояд.
Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Парчами давлатӣ имконият фароҳам меорад, ки қишрҳои гуногуни ҷомеа ба арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд ва аҳаммияти рамзҳои давлатиро амиқтар дарк кунанд. Дар ин рӯз дар муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту идораҳо ва марказҳои фарҳангӣ чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ, илмӣ ва тарбиявӣ баргузор мегарданд. Махсусан, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ аҳаммияти бузург дорад. Зеро насли ҷавон ҳамчун идомадиҳандаи суннатҳои давлатдории миллӣ бояд таърих, фарҳанг ва арзишҳои Ватанро хуб омӯзад, онҳоро гиромӣ дорад ва барои ҳифзу таҳкими дастовардҳои истиқлолият масъулияти шаҳрвандӣ эҳсос намояд.
Дар замони муосир Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи соҳибистиқлолии кишвар дар арсаи байналмилалӣ низ нақши муҳим дорад. Парафшонии он дар назди созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай, аз мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар ҷомеаи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон, сутуни Парчами давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ки яке аз баландтарин сутунҳои парчам дар ҷаҳон ба шумор меравад, ба рамзи намоёни пойтахти кишвар табдил ёфта, ҳисси ифтихори шаҳрвандонро аз давлату миллати худ тақвият мебахшад.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло метавон таъкид намуд, ки Парчами миллӣ дар баробари таҷассумгари истиқлолияти сиёсӣ, воситаи муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ, худшиносии шаҳрвандӣ ва ҳифзи хотираи таърихӣ низ мебошад. Он рамзи сарҷамъӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва ормонҳои неки мардуми Тоҷикистон буда, ҳар як шаҳрванди кишварро ба эҳтироми гузаштаи пурифтихор, дарки масъулияти имрӯза ва саҳмгузорӣ дар бунёди ояндаи ободу пешрафтаи Ватан ҳидоят менамояд.
Мисралӣ ДЕМБЕГИЕВ,
эдвайзер оид ба таълими факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng