Коррупсия яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи муосир ба ҳисоб рафта, ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ин амал боиси паст гардидани эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ, халалдор шудани адолати иҷтимоӣ ва истифодаи ғайриоқилонаи маблағу захираҳои давлатӣ мегардад. Аз ин рӯ, пешгирии коррупсия ва мубориза бар зидди он вазифаи муҳимми давлат ва ҳар як шаҳрванди масъулиятшинос мебошад.

Коррупсия дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла гирифтани пора, додани пора, суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва истифодаи мақоми хизматӣ ба манфиати шахсӣ зоҳир мегардад. Чунин амалҳо ба принсипҳои адолат ва баробарӣ мухолиф буда, барои рушди устувори ҷомеа монеа эҷод мекунанд.

Яке аз роҳҳои асосии пешгирии коррупсия баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мебошад. Ҳар як шаҳрванд бояд ҳуқуқу уҳдадориҳои худро донад, қонунҳоро риоя намояд ва аз роҳҳои ғайриқонунии ҳалли масъалаҳо худдорӣ кунад. Донистани қонун ва эҳтиром ба он барои ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар пешгирии коррупсия шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ низ аҳаммияти калон дорад. Қабули қарорҳои одилона, назорати истифодаи маблағҳои давлатӣ, содда намудани расмиёти маъмурӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ метавонанд имкониятҳои сӯиистифода аз ваколатҳои хизматиро коҳиш диҳанд. Ҳамзамон, шахсони мансабдор бояд вазифаҳои худро софдилона иҷро намуда, барои амалҳои худ масъулият ҳис кунанд.

Оила ва муассисаҳои таълимӣ низ дар пешгирии коррупсия нақши муҳим доранд. Тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ростқавлӣ, адолатпарварӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба қонун бояд аз овони кӯдакӣ оғоз гардад. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки муваффақият ва пешрафти воқеӣ тавассути дониш, меҳнат ва қобилияти шахсӣ ба даст меояд, на бо роҳи ришва ё истифодаи робитаҳои ғайриқонунӣ.

Ҳар як шаҳрванд низ метавонад дар мубориза бар зидди коррупсия саҳми худро гузорад. Даст кашидан аз додани пора, риояи қонун, иҷрои софдилонаи уҳдадориҳо ва хабар додан ба мақомоти дахлдор дар бораи ҳолатҳои эҳтимолии коррупсионӣ аз ҷумлаи амалҳои муҳимми шаҳрвандӣ мебошанд. Бепарвоӣ нисбат ба чунин зуҳурот метавонад барои идома ёфтани амалҳои ғайриқонунӣ шароит фароҳам оварад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирии коррупсия яке аз самтҳои муҳимми таҳкими давлатдорӣ ва рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад. Муборизаи самаранок бо ин падида барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, баланд бардоштани эътимоди мардум ба мақомоти давлатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодиёт аҳаммияти калон дорад.

Хулоса, пешгирии коррупсия танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест, балки масъулияти тамоми ҷомеа мебошад. Ҳар як шахс бояд бо рафтори намунавӣ, ростқавлӣ ва эҳтиром ба қонун дар мубориза бар зидди ин падида саҳм гузорад. Танҳо дар сурати ҳамкории давлат ва шаҳрвандон метавон ҷомеаи одилона, шаффоф ва пешрафтаро ташаккул дода, барои зиндагии шоистаи мардум шароити мусоид фароҳам овард.

Муҳтарам СОДИҚОВА,

муаллими калони кафедраи забони русӣ