Дар ҷаҳони муосир терроризм ва ифротгароӣ аз ҷумлаи хатарҳои ҷиддие ба шумор мераванд, ки арзишҳои инсонӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҷомеаро зери хатар мегузоранд. Ин амалҳои номатлуб ба зиндагии осоиштаи мардум, рушди иқтисодӣ ва ояндаи насли ҷавон таъсири манфӣ расонида, метавонанд сарнавишти инсонҳо ва ҳатто ҷомеаҳоро тағйир диҳанд.

Масъалаи пешгирии ин зуҳуроти номатлубро бояд аз тарбияи дурусти инсон, ташаккули ахлоқи ҳамида, баланд бардоштани маърифат ва масъулиятшиносӣ оғоз кард. Зеро шахсе, ки дорои ҷаҳонбинии солим, тафаккури мустақил, дониши кофӣ ва эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ мебошад, ба осонӣ фирефтаи таблиғоти ифротӣ намегардад.

Дар фарҳанги мардумӣ мақоли «Сӯзандузд уштурдузд мешавад» маънои амиқи тарбиявӣ дорад. Он ҳушдор медиҳад, ки агар инсон аз қадамҳои нахустини рафтори нодуруст боздошта нашавад, эҳтимоли идома ёфтани чунин амалҳо ва ба қонуншиканӣ гузаштани онҳо зиёд мегардад. Агар наврас ё ҷавон ба рафтори ношоиста, қоидавайронкунӣ ё амали ғайриқонунӣ даст занад ва атрофиён нисбат ба он бетараф бошанд, ӯ метавонад тадриҷан меъёрҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқиро нодида гирад. Дар натиҷа, эҳтимоли ворид шудани чунин шахс ба муҳити носолим, гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва ҳатто созмонҳои ифротгаро ба вуҷуд меояд. Мақсад беэътиноӣ ба рафтори нодуруст, сари вақт наандешидани чораҳои тарбиявӣ ва набудани назорати оилавию ҷамъиятӣ метавонад барои инкишофи минбаъдаи рафторҳои хатарнок замина фароҳам оварад.

Ташаккули шахсияти инсон дар оила оғоз меёбад. Кӯдак муносибат бо одамон, эҳтироми калонсолон, масъулиятшиносӣ, ростқавлӣ ва фарқ кардани рафтори дурусту нодурустро нахуст аз падару модар меомӯзад. Агар дар оила муҳити солим, муносибати самимӣ ва назорати оқилона вуҷуд дошта бошад, фарзанд эҳсос мекунад, ки мушкилоти худро метавонад бо волидон дар миён гузорад. Баръакс, беэътиноӣ, муносибати дағалона ва набудани муоширати дуруст метавонанд наврасро ба ҷустуҷӯи муҳити дигар ва таъсири шахсони ношинос водор созанд.

Волидон бояд аз муҳити дӯстӣ, рафтор, шавқу завқ ва фаъолияти онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ огоҳ бошанд. Муҳимтар аз ҳама, бо фарзандон бояд суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо фаҳмонид, ки ҳар як интихоб оқибат ва масъулияти худро дорад.

Яке аз масъалаҳое, ки дар шароити имрӯза ба он бояд таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад, баланд бардоштани маърифати молиявии ҷомеа мебошад. Мушкилоти иқтисодӣ, бекорӣ, қарздорӣ ва надоштани дониши кофӣ дар бораи идоракунии маблағ метавонанд инсонро ба ҳолати осебпазирӣ расонанд. Баъзе гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва ифротгаро маҳз аз чунин вазъ истифода бурда, бо ваъдаи даромади осон, кумакҳои молиявӣ ё пешниҳоди имкониятҳои бардурӯғ ҷавононро ба доми худ мекашанд. Омӯзиши саводи молиявӣ бояд ҷузъи муҳими тарбияи ҷавонон бошад. Ҳар як ҷавон бояд тарзи дурусти идоракунии даромад, банақшагирии хароҷот, пасандоз, муносибати оқилона ба қарз ва муайян кардани пешниҳодҳои қаллобонаро омӯзад.

Маърифати молиявӣ ба инсон имкон медиҳад, ки дар шароити душвори иқтисодӣ қарорҳои дуруст қабул кунад ва ба ваъдаҳои шубҳаноки даромади зуд бовар накунад. Ҳамчунин, фароҳам овардани имкониятҳои шуғл, касбомӯзӣ ва соҳибкорӣ барои ҷавонон метавонад таъсири омилҳои иқтисодии осебпазиркунандаро коҳиш диҳад.

Ба андешаи мо, агар дар ҷомеа сатҳи ахлоқ, маданият, маърифати ҳуқуқӣ ва саводи молиявӣ баланд бошад, заминаҳои иҷтимоии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ низ коҳиш меёбанд.

Мо - омӯзгорон масъулияти бузург дорем, ки насли аз ҷиҳати зеҳнӣ солим, дорои тафаккури интиқодӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва ахлоқи ҳамида тарбия намоем. Донишҷӯ бояд қобилияти таҳлил, муқоиса, хулосабарорӣ ва мустақилона қарор қабул карданро низ дошта бошад.

Дар машғулиятҳои таълимӣ омӯзгорон метавонанд масъалаҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, таҳаммулпазирӣ, эҳтиром ба қонун, фарҳанги муошират ва оқибатҳои хатарноки ифротгароиро мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Чунин равиш ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки моҳияти арзишҳои инсонӣ ва масъулияти худро дар назди ҷомеа амиқтар дарк намоянд.

Мо набояд ҷавононеро, ки ба мушкилот рӯ ба рӯ шудаанд, фавран маҳкум ё аз ҷомеа дур созем. Баръакс, бояд барои ислоҳи рафтор, дастгирии равонӣ ва бозгардонидани онҳо ба роҳи дуруст шароити мусоид фароҳам оварем.

Дар замони рақамикунонӣ интернет ба қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҷавонон табдил ёфтааст. Он барои гирифтани дониш, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, рушди малакаҳои касбӣ ва муошират имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани саводи рақамии ҷавонон яке аз самтҳои муҳимми пешгирии терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Ҷавонон бояд тавонанд манбаъҳои боэътимоди иттилоотиро аз маводи сохта фарқ кунанд, ба ҳар гуна хабару даъватҳои шубҳанок бовар накунанд ва аз паҳн намудани маълумоти носанҷида худдорӣ намоянд.

Таҳкими ҳамкории оила, муассисаи таълимӣ ва ҷомеа яке аз роҳҳои самараноки пешгирии зуҳуроти номатлуб мебошад. Агар ҳар яке аз ин ниҳодҳо масъулияти худро дуруст иҷро намояд, имконияти ташаккули насли солим ва дорои ҷаҳонбинии созанда бештар мегардад.

Дар ниҳоят, бояд дарк намоем, ки мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ танҳо бо чораҳои ҷазодиҳӣ натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Роҳи асосӣ тарбияи инсонест, ки дорои ахлоқи баланд, маърифати ҳуқуқӣ, саводи молиявӣ, тафаккури мустақил ва ҳисси масъулиятшиносӣ бошад.

Мо - омӯзгорон бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, вазифаи муқаддаси мо тарбия намудани инсони соҳибмаърифат, ватандӯст, қонунмеҳвар ва аз ҷиҳати зеҳниву маънавӣ солим мебошад.

 

Иброҳими Ҳасани Ҳакимзода,

ассистенти кафедраи иқтисодиёти молиявӣ ва фаъолияти биржавӣ