Ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ

Тоҷикистонро зи чанги нестӣ кардӣ раҳо,

Чун мукофоти амал шуд номи некат Пешво!

Моҳи ноябри соли 1992, дар миёни оташи ҷанги шаҳрвандӣ, ҳазорон хонавода дар орзуи бозгашт ба манзилу зодгоҳҳои худ буданд. Бисту шаш сол баъд, 16 ноябри соли 2018, сохтмончиён нахустин агрегати неругоҳи «Роғун»-ро ба шабакаи барқи мамлакат пайвастанд. Дар паси ин ду рӯйдод таърихи як насл меистад, насле, ки бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷанги шаҳрвандӣ ба сулҳи пойдор расид ва бо меҳнати худ иқтисоди осебдидаро дубора эҳё кард. Дар остонаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34-умин солгарди Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олӣ ба ин роҳ аз нигоҳи насли ҷавоне менигарам, ки имрӯз дар фазои сулҳу субот таҳсил мекунад ва фардо барои пешрафти иқтисоди Ватан масъул хоҳад буд.

16 ноябри соли 1992, вақте Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ба кор оғоз кард, ҷанги шаҳрвандӣ фаъолияти мақомоти давлатиро халалдор карда, ҳазорон оиларо аз маҳалли зисташон дур сохта буд. 19 ноябр вакилон фарзанди оқилу фарзона ва ҷасуру ҷонфидои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шурои Олӣ интихоб карданд. Дар он айём барқарор кардани фаъолияти мақомоти давлатӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароит барои бозгашти гурезагон аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва таъхирнопазир буданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити идомаи даргириҳо масъулияти душвори давлатдориро ба уҳда гирифта, роҳи музокироту оштии миллиро пеша карданд.

Пас аз чанд соли гуфтушунид, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Сулҳи деринтизор фаро расид, оилаҳо ба зодгоҳ баргаштанд, Ҳамакнун нафаре замини аз киштмондаро дубора ба гардиш меовард, савумӣ ба эҳёи корхонааш камар мебаст. Аз нигоҳи иқтисодӣ, субот ба мардум ва давлат имкони барномарезӣ дод. Деҳқон метавонист ба кишти мавсими оянда омода шавад, соҳибкор барои харидани таҷҳизот маблағ ҷудо кунад ва давлат сохтмони роҳу иншоотеро ба нақша гирад, ки бунёдашон чанд сол тӯл мекашид.

Дар марҳалаи эҳё ташаккули низоми мустақили молиявӣ аҳамияти хос дошт. 30 октябри соли 2000 пули миллии сомонӣ ба муомилот бароварда шуд. Ҷорӣ шудани асъори миллӣ барои ба низом даровардани ҳисоббаробаркуниҳо ва пешбурди сиёсати пулию қарзии кишвар заминаи муҳим гузошт. Бо гузаштан ба марҳалаи рушди дарозмуддат сиёсати иқтисодии давлат ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат равона гардид.

Ин ҳадафҳои стратегӣ, ки ормонҳои миллӣ ҳам номида мешаванд, дар амал якдигарро тақвият медиҳанд. Навсозии роҳи Душанбе-Чаноқ робитаи нақлиётии марказ ва шимоли ҷумҳуриро беҳтар кард. Ба кор даромадани ду агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар солҳои 2018 ва 2019 иқтидори тавлиди барқро афзуд. Барои дарки аҳамияти иқтисодии чунин тарҳҳо метавон роҳи маҳсулотро аз саҳро то бозор тасаввур кард. Роҳи обод муҳлати интиқоли ҳосилро кӯтоҳ мекунад, барқи боэътимод ба корхона имкон медиҳад, ки онро сари вақт коркард ва бастабандӣ намояд. Агар корхона дар наздикии маҳалли истеҳсол ҷойгир бошад, деҳқон ба харидор наздиктар мешавад, барои сокинон ҷойи кор пайдо мегардад ва бахши бештари арзиши маҳсулот дар дохили кишвар ба вуҷуд меояд.

Тибқи маълумоте, ки дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардид, соли 2025 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат ба 176,9 миллиард сомонӣ расид ва рушди воқеии иқтисод 8,4 фоизро ташкил дод. Дар дарсҳои иқтисод меомӯзем, ки рушди воқеӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли молу хизматрасониро бо дарназардошти тағйири нархҳо нишон медиҳад. Барои дарки самараи ин пешрафт ба зиндагии мардум бояд ҳамчунин дид, ки дар кадом соҳаҳо ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд меоянд ва корхонаҳо то чӣ андоза метавонанд маҳсулоти ватаниро коркард карда, ба бозор бароранд. Маҳз дар ҳамин раванд аҳамияти саноатикунонӣ барои шаҳру ноҳияҳо таҷассум меёбад.

Пешвои миллат дар сиёсати давлатӣ ба рушди илму маориф аҳаммияти хос додаанд. Аз соли 1997 квотаи президентӣ барои духтарон ва аз соли 2005 барои писарони минтақаҳои дурдасти кӯҳистон роҳи таҳсил дар муассисаҳои олиро васеъ кард. Бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид. Иқтисод ба самараи ин тадбирҳо ҳар рӯз ниёз дорад. Зеро, дар сурати рушди илму маориф ва омода шудани мутахассисони баландихтисос, масалан муҳандиси касбӣ метавонад талафи неруи барқро дар истеҳсолот кам кунад, муҳаққиқ роҳҳои сарфаи обро дар кишоварзӣ бисанҷад ва иқтисоддон бо ҳисобу китоб нишон диҳад, ки кадом тарҳ барои корхона ва ҷомеа самараи бештар меорад. Ҳамин тавр, донише, ки дар синфхона ва озмоишгоҳ ба даст меояд, дар саҳро, коргоҳ ва идораи молия ба натиҷаи амалӣ табдил меёбад.

Дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он барҷаста аст, ки дар солҳои сахт барои сулҳу оштии миллӣ талош карданд ва дар солҳои осоишта бунёди зерсохтору тарбияи мутахассисонро ба самтҳои муҳимми сиёсати давлат табдил доданд. Мо, донишҷӯёни имрӯз – пайравони ҳақиқии Пешвои миллатро месазад, ки ба ин заҳмат арҷ гузорем. Зеро фардо ба мо идора кардани маблағ, арзёбии тарҳҳо ва қабули қарорҳое бовар карда мешавад, ки ба кори корхонаҳо ва зиндагии одамон таъсир мерасонанд. Агар ин масъулиятро бо дониш, ҳисобу китоби дақиқ ва виҷдони касбӣ ба ҷо оварем, дар ободии Ватане, ки насли пешин онро аз нав барпо кард, саҳми шоистаи худро мегузорем.

Ҷойи ифтихор аст, ки хидмати содиқонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нафъи ҷомеаи тоҷик ва муносибати ғамхорона ба мероси фарҳангиву таърихиамон намунаи пешвоии барҷастаи давлатӣ буда, сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат имкони пешрафти устуворро фароҳам месозад.

Меҳанамро кардаӣ ҷаннат барои ман,

Пешвои миллати ман - Пешвои ман!

 

Мустафо Маъмурзода,

донишҷӯи факултети ҳисобдорӣ ва омори

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон