РАМЗИ САДОҚАТ БА ВАТАН, ВАҲДАТ ВА ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон санаҳое ҳастанд, ки бо хатти заррин сабт гардида, сарнавишти миллатро ба сӯйи ояндаи дурахшон раҳнамун сохтаанд. Яке аз чунин рӯзҳои муборак ва тақдирсоз 16 ноябр - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз соли 2016 ин сана ҳамчун иди расмии давлатӣ таҷлил мегардад. Таҷлили ин рӯз дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бахусус дар миёни донишҷӯёну омӯзгорон, на танҳо арҷгузорӣ ба мақоми олии давлатдорӣ, балки дарси ибрат, ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ аст.
Интихоби 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент решаҳои амиқи таърихӣ ва ҳуқуқӣ дорад. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд. Дар он лаҳзаҳои ҳассос, ки кишвар дар оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ месӯхт ва хатари парокандагии миллат ба миён омада буд, вакилони мардумӣ бо дарки масъулияти бузурги таърихӣ фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Ҳамзамон, пас аз қабули Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол, маҳз 16 ноябри соли 1994 маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки ба ташаккули низоми президентии идоракунӣ дар мамлакат асос гузошт.
Аз он рӯзҳои пурошӯб то имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи пуршарафи созандагиву бунёдкориро тай намуд. Таъмини сулҳу суботи комил, баргардонидани беш аз як миллион гурезагон ба Ватан, қабули Конститутсияи миллӣ, бунёди роҳу нақбҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аз ҷумлаи дастовардҳои бузурге мебошанд, ки бо номи Пешвои миллат пайванди ногусастанӣ доранд.
Барои мо — ҷомеаи донишгоҳӣ, сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат аҳамияти хосса дорад. Дар даврони истиқлолият соҳаи илму маориф самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон гардида, барои таҳсили ҷавонон, рушди илмҳои дақиқ, технологӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Таъсиси стипендияҳои президентӣ, роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» нишонаи равшани таваҷҷуҳи доимии Президенти кишвар ба рушди зеҳнии ҷавонон мебошад. Имрӯз донишҷӯёни мо бо истифода аз ин имкониятҳо дар олимпиадаву озмунҳои сатҳи ҷаҳонӣ ширкат варзида, парчами Тоҷикистонро баланд мебардоранд.
Рӯзи Президент барои ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус насли ҷавон, рамзи муттаҳидӣ дар атрофи ғояҳои созандаи давлатдорӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ мебошад. Ин сана ба мо ёдовар мешавад, ки пойдории истиқлолият ва рушди устувори кишвар аз ваҳдати миллӣ ва садоқат ба сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат вобаста аст. Мо — устодону донишҷӯён вазифадорем, ки ба қадри сулҳу оромӣ ва истиқлолият расида, бо донишандӯзии амиқ, меҳнати софдилона ва рафтори намунавӣ дар ободии Ватани азизамон саҳми арзанда гузорем.
Зарагул АЛИЕВА,
муаллими калони кафедраи менеҷменти ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng