РАМЗИ СУЛҲ ВА ХОТИРАИ ҶОВИДОНӢ
Ҳар сол 9 май дар кишвари мо ва дар кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шуравӣ ҳамчун Рӯзи Ғалаба ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз ба хотири ёдоварӣ аз ғалабаи халқи шуравӣ бар фашизм дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) муқаррар шудааст.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ яке аз давраҳои вазнинтарин дар таърихи башарият буд. Миллионҳо нафар ҷони худро барои ҳифзи Ватан ва озодӣ қурбон карданд. Ғалаба дар ин ҷанг рамзи қаҳрамонӣ, матонат ва ваҳдати халқҳо ба ҳисоб меравад.
Дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо 9 май бо маросимҳои гуногун, аз ҷумла гулгузорӣ назди ёдгориҳо, парадҳои ҳарбӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ таҷлил мегардад. Ин рӯз барои насли ҷавон аҳамияти калон дорад, зеро онҳо аз таърихи гузашта сабақ гирифта, қадри сулҳ ва оромиро мефаҳманд.
Рӯзи Ғалаба моро водор месозад, ки хотираи қаҳрамононро гиромӣ дорем ва барои нигоҳ доштани сулҳ ва субот талош намоем.
Ҳамин тавр, Рӯзи Ғалаба на танҳо як санаи таърихӣ, балки рамзи эҳтиром ба гузашта ва умед ба ояндаи осоишта мебошад.
Маҳлиё ХОЛНАЗАРОВА,
донишҷӯйи курси 4 факултети молия ва қарзи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng