Санаде, ки ормонҳои ҳазорсолаи миллати тоҷикро дар худ инъикос карда, тамоми арзишҳои ҷомеаи демократиро ифода ва эълон доштааст, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол пас аз талошҳои озодихоҳиву истиқлол, бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: «Бо такя ба анъанаҳои ғановатманди халқамон ва бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон аз ҷумлаи нахустин дастовардҳое буд, ки мардуми мо ҳанӯз дар айёми бисёр ҳассосу вазнини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба он муваффақ гардиданд».

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудаанд.

Дар ҳақиқат, Ҳукумати мамлакат дар асоси ин санади тақдирсоз ба пешбурди сиёсати иҷтимоӣ оғоз намуд.

Имрӯз самараҳои воқеии ин сиёсат дар тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва даҳҳо самти дигар ва муҳимтар аз ҳама, дар сатҳу сифати зиндагии мардуми мамлакат ба таври возеҳ мушоҳида мегарданд.

Бояд қайд кард, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро ба танзим даровард ва асосҳои ҳуқуқии рушду такомули давлатдории мустақили миллиро фароҳам сохт. Конститутсия санади олии ҳуқуқиест, ки меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.

Лозим ба ёдоварист, ки қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсия мебошанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя намоянд.

Ҷойгоҳи Конститутсия дар ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёди мо дар сатҳи баланди низоми қонунгузории ҷумҳурӣ қарор дошта, ҳамаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия мувофиқанд, зеро дар ҳолати мувофиқ наомаданашон онҳо аз лаҳзаи қабул беэътибор дониста мешаванд.

Тибқи моддаи 41-и Қонуни асосӣ «Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад».

Дар робита ба ин, метавон зикр кард, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо дар асоси Конститутсия ба шаҳрвандон озодии таҳсил кафолат дода шудааст. Давлату Ҳукумати мамлакат маориф ва илмро ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳифз ва таъмин менамояд.

Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ муассисаҳои олии таълимӣ фаъолият намуда, ҳар яке дар самтҳои муайянгардида, баҳри пешбурди кору фаъолияти ҷамъиятӣ ва таъмин намудани бозори меҳнат ба кадрҳои ҷавобгӯи замон саҳмгузорӣ менамоянд.

Дар ин қатор Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон яке аз донишгоҳҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дорои базаи мустаҳками моддӣ-техникӣ буда, мақсади асосии он омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва дар бозори меҳнат рақобатпазир мебошад.

 

Савсан СУЛТОНОВА,

котиби Шурои илмии ДДМИТ