ТАҲКИМИ СУЛҲ ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Сиёсати созандаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва рушди устувори кишвар равона гардидааст. Пешвои миллат бо азму иродаи қавӣ ва талошҳои пайваста дар роҳи ободонӣ, пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Яке аз муҳимтарин самтҳои фаъолияти сиёсии Пешвои миллат барқарор намудани сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мебошад. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки кишвар ба мушкилоти шадиди сиёсиву иҷтимоӣ ва оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардида буд, маҳз сиёсати сулҳҷӯёна ва иродаи қавии роҳбарияти давлат барои ба эътидол овардани вазъи ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард. Бо талошҳои пайгиронаи роҳбарияти давлат музокироти байни тоҷикон ба натиҷаи мусбат расида, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин рӯйдоди таърихӣ барои хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, бозгардонидани гурезаҳо, таъмини ваҳдати миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ заминаи устувор гузошт.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат як қатор ислоҳоти муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, рушди соҳаи энергетика, сохтмони иншооти бузурги гидроэнергетикӣ, аз қабили Неругоҳи барқи обии «Роғун», бунёди роҳу пулҳо, рушди инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ ва таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ба ҳисоб мераванд.
Ҳамзамон, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бар пояи сиёсати «дарҳои кушод», эҳтироми манфиатҳои миллӣ ва ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон асос ёфтааст, барои таҳкими мавқеи байналмилалии кишвар мусоидат намудааст. Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва таъмини амнияти минтақавӣ аз намунаҳои барҷастаи дипломатияи созанда ва сулҳҷӯёнаи кишвар мебошанд.
Пешвои миллат дар баробари масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ба таҳкими асосҳои ҳуқуқии давлатдорӣ ва рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Сиёсати ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи муҳими танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун ва таҳкими суботи ҷомеа нақши муҳим дорад.
Рушди низоми ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 марҳилаи нави таърихиро оғоз намуд. Конститутсия, ки тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, асосҳои сохтори конститутсионӣ, принсипҳои давлатдории миллӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин низоми мақомоти ҳокимияти давлатиро муайян намуд. Тағйиру иловаҳои солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба Конститутсия марҳилаҳои муҳими рушди низоми конститутсионӣ ва такмили заминаҳои ҳуқуқии давлатдориро ташкил медиҳанд.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ ҷиҳати танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон санадҳои зиёди меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд. Аз ҷумла, қонунгузории соҳаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии марбут ба мубориза бо терроризм ва экстремизм, инчунин дигар санадҳои танзимкунандаи муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ такмил дода шуданд.
Ислоҳоти судӣ ва ҳуқуқӣ низ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти судӣ, таъмини адолати судӣ, таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон равона гардидааст.
Ҳамзамон, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии худ ҷиҳати такмили қонунгузории миллӣ ва мутобиқ намудани он ба меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Ҳамкориҳо бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ барои рушди заминаҳои ҳуқуқӣ, таҳкими соҳибихтиёрии давлатӣ ва баланд бардоштани мақоми байналмилалии кишвар аҳамияти муҳим доранд.
Дар баробари ин, рушди муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷониба яке аз омилҳои муҳими таҳкими истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо Федератсияи Русия дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат ва амният ҳамкориҳои густурда ба роҳ монда, бо Ҷумҳурии Мардумии Чин робитаҳои стратегии иқтисодиву сармоягузориро тақвият бахшидааст. Ҳамкориҳо бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо низ дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф, амният ва рушди ниҳодҳои давлатӣ густариш ёфтаанд.
Сиёсати хориҷии «дарҳои кушод», ки яке аз принсипҳои асосии муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ба густариши робитаҳои дӯстона, ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мусоидат менамояд.
Ҳамин тариқ, фаъолияти Пешвои миллат дар самти таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди қонунгузорӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ бо ҳам робитаи ногусастанӣ дорад. Истиқлолияти давлатӣ барои бунёди низоми мустақили ҳуқуқӣ ва сиёсӣ замина фароҳам оварда, сиёсати роҳбарияти давлат барои таҳкими ин раванд ва таъмини рушди минбаъдаи кишвар нақши муҳим бозид.
Чуноне ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Бузургии миллати тоҷик дар ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат мебошад!». Воқеан, ваҳдати миллӣ ва ҳамбастагии шаҳрвандон омили асосии пойдории давлат, суботи сиёсӣ ва пешрафти ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ташаббускори иқдомҳои байналмилалӣ ва ҷонибдори сулҳу субот, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои созанда мешиносад.
Бо шарофати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ба маркази баргузории ҳамоишҳо ва чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ташкили ҳамоишҳои сатҳи баланд, аз ҷумла дар доираи «Раванди Душанбе», барои баррасии масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, аз қабили об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, амнияти минтақавӣ ва мубориза бо терроризму экстремизм, имкониятҳои мусоид фароҳам овардааст.
Ташрифи роҳбарони давлатҳо, намояндагони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, сиёсатмадорон, олимон ва сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон далели таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба иқтидори сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии кишвари мо мебошад. Ин раванд ҳамчунин натиҷаи сиёсати хориҷии мутавозин ва талошҳои пайвастаи давлат дар роҳи таҳкими робитаҳои байналмилалӣ маҳсуб мешавад.
Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид, бо ташаббусҳои созанда ва дурбинона баромад намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаҳои ҳаётан муҳимми сайёра ҷалб кардаанд. Аз ҷумла, ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти таъмини аҳолии ҷаҳон бо оби тозаи ошомиданӣ, ҳифзи захираҳои обӣ ва истифодаи оқилонаи онҳо дар рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши назаррас доранд.
Зимни яке аз суханрониҳои худ дар Созмони Милали Муттаҳид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти ҳаётан муҳими захираҳои обиро таъкид намуда, чунин иброз доштаанд: «Ҳамагон бояд фаҳманд, ки арзишмандии об на камтар аз арзишмандии нафт, газ ва дигар навъҳои сӯзишворию манбаъҳои энергия барои ояндаи босуботи кишвар ва минтақа мебошад».
Воқеан, об на танҳо манбаи асосии ҳаёт, балки яке аз сарчашмаҳои муҳими рушди иқтисодӣ ва энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон бо доштани захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва дарёҳои пуртуғёни кӯҳӣ дорои имкониятҳои васеи истеҳсоли неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад. Истифодаи самараноки ин захираҳо барои таъмини амнияти энергетикӣ, рушди саноат, беҳтар намудани инфрасохтори иҷтимоӣ, обёрии заминҳои кишоварзӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ аҳамияти стратегӣ дорад.
Дар ин замина, бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дигар иншооти энергетикӣ на танҳо аҳамияти иқтисодӣ, балки аҳамияти иҷтимоӣ ва минтақавӣ низ доранд. Татбиқи чунин лоиҳаҳои бузург метавонад барои рушди устувори иқтисоди миллӣ, густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар заминаи мусоид фароҳам оварад.
Яке аз иқдомҳои муҳимми байналмилалии Тоҷикистон дар самти таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ пешниҳоди ташаббуси созанда таҳти унвони «Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» мебошад. Ин ташаббус бори дигар собит менамояд, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон танҳо ба таъмини сулҳу суботи дохилӣ маҳдуд набуда, ба ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ, пешгирии низоъҳо, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои наслҳои оянда низ равона гардидааст.
Дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир, ки инсоният бо мушкилоти гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва амниятӣ рӯ ба рӯ мебошад, масъалаи таҳкими сулҳ ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад. Аз ин рӯ, иқдомҳои Тоҷикистон дар ин самт ифодагари масъулияти байналмилалӣ, сиёсати сулҳҷӯёна ва ҷонибдории арзишҳои умумибашарӣ мебошанд.
Дар маҷмӯъ, таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллӣ меҳвари асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон собит намуд, ки сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва сарҷамъии ҷомеа омилҳои асосии ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошанд.
Саҳми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди барқарорсозии сулҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди низоми ҳуқуқӣ, густариши муносибатҳои байналмилалӣ ва татбиқи ташаббусҳои глобалӣ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон мавқеи муҳим дорад.
Имрӯз вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус ҷавонон, зиёиён ва аҳли илм, аз он иборат аст, ки сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои миллиро ҳифз намуда, дар рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузоранд. Зеро сулҳ неъмати бебаҳо, ваҳдат кафили пойдории давлат ва истиқлолият асоси ояндаи дурахшони миллат мебошад.
Рустам ХОЛОВ,
мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор
Тоҷ
Рус
Eng