ТАНЗИМ - КАФИЛИ ҒАНИГАРДОНИИ БУҶЕТИ ОИЛА
Ҷашну маросими миллӣ яке аз омилҳои муҳими иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо зуҳур меёбанд. Дар таърихи бою пурғановати миллати тоҷик як қатор анъана ва расму оин аз ниёгонамон то ба имрӯз ба мо расидаанд ва риояву эҳтироми онҳо қарзи наслҳои баъдӣ низ ба ҳисоб меравад. Аммо, он бояд мутобиқи талаби замон ва шароити молиявии аҳолӣ танзим гардад. Новобаста ба ин, аҳёнан аз тарафи бархе одамон зиёдаравї дида мешавад, ки ба моҳияти аслии ин масъала таъсири манфї мерасонад. Ҳамин аст, ки тайи солҳои охир аз ҳад зиёд сермасраф гаштани ҷашну маъракаҳо бори гарон ба сари мардуми мо гардида, як қатор мушкилоти оилавиро ба миён овард.
Қайд кардан зарур аст, ки мардуми тоҷик аз замонҳои қадим то ба имрӯз соҳиби расму оин ва маросими гуногун буданд, ки аксари онҳо дорои хусусияти ахлоқию маънавӣ ҳастанд. Лекин боиси таассуф аст, ки мардум ба қадри ин расму оинҳо нарасида, дар тули асрҳо ба онҳо тағйироти зиёде ворид кардаанд, ки дар натиҷа, асолат ва моҳияти маънавии онҳо аз байн рафта, ба маросими мушкилу маъракаҳои исрофкорӣ ва худнамоӣ табдил ёфтаанд.
Мардуми мо, мутаассифона, ҳанӯз аз моҳияту маънои аслии баргузории маросимҳо бехабар буда, аксари онҳо ҳангоми иҷрои расму оинҳои диниву миллӣ, масалан, маросими марбут ба эҳтироми арвоҳи гузаштагон, хатнасур, ҷашни хонадоршавӣ ва монанди инҳо ба сарфи маблағҳои ҳангуфт роҳ медиҳанд. Чунин ҳолатҳо, алалхусус то замони қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» хеле зиёд ба назар мерасиданд ва ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии оммаи васеи мардум таъсири манфӣ ворид мекарданд. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур донист, то барои ҳалли ин масъала чораҳои зарурӣ андешад.
Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи иҷтимоию иқтисодии мардуми кишвар аҳамияти махсус зоҳир намуда, аз ҳамагон хоҳиш намуданд, ки то баргузории машварати умумиҷумҳуриявӣ (24-уми майи соли 2007) тамоми хоҳишу дархост ва оид ба чӣ гуна гузаронидани урфу одатҳои миллӣ фикру андешаҳои худро ирсол намоянд. Аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат беш аз 6 ҳазор таклифу пешниҳодоти муфид ирсол гардид ва аксари аҳолӣ иқдоми танзими анъанаҳои мардумӣ ва миллиро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Ҳамин буд, ки бо ташаббуси Роҳбари давлат ва дастгирии мардуми Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8 июни соли 2007 қабул гардид. Ин қонун сипас, тағйири ном карда, аз нав бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» қабул гардид.
Ин қонун дар асоси талаботи принсипҳои давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ва қонунҳои амалкунандаи кишвар ба тасвиб расида, мақсад аз он ба танзим даровардани расму оинҳо ва пешгирии исрофкорӣ ва харҷи беҳуда дар онҳо буд, то иқтисоди хонаводагӣ осебпазир ва хароб нагардад.
Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
Вазифаи қонун, пеш аз ҳама, танзими ҷашну маросим дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.
Бо қабули қонуни болозикр маълум шуд, ки он барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошта, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуда, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравиро гирифт ва ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод.
Санади мазкур дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ зарурат ва аҳамияти худро ба ҷомеаи Тоҷикистон собит сохт ва ба ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоии мардум мусоидат намуд.
Таҳлили нишондиҳандаҳои оморӣ ва натиҷаву пайомадҳои иҷтимоиву иқтисодии татбиқи қонуни танзим нишон медиҳад, ки қонуни мазкур дар ҳақиқат, ба нафъи мардум хизмат намуда, зимнан, барои таъмини амнияти озуқавории ҷомеа, ки яке аз ҳадафҳои стратегии сиёсати кунунии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, низ нақши хеле муҳимро иҷро мекунад.
Таҷрибаи якчандсола собит намуд, ки Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” ба рушди ҷомеа, ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон ва ба ҳам овардани расму оинҳои минтақаҳои гуногуни кишвар дар зери як чаҳорчӯба бениҳоят саҳми назаррас гузошт.
Исматулло Ҷумаев,
ассистенти кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарзи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng