ТАНЗИМ - ПАЁМИ ФАРҲАНГИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА
Дар таърихи ҳар як давлату миллат иқдомҳое ҳастанд, ки аҳамияти онҳо аз доираи як қарори сиёсӣ ё санади ҳуқуқӣ фаротар рафта, ба ташаккули тафаккури ҷомеа, таҳкими фарҳанги миллӣ ва дигаргунсозии муносибати мардум ба зиндагӣ мусоидат менамоянд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, аз ҷумлаи чунин иқдомҳои тақдирсоз маҳсуб мешавад.
Ин ташаббусро метавон яке аз намунаҳои равшани сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуд, ки дар маркази он инсон, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста қарор дорад. Масъалаи танзими ҷашну маросим ба вазъи иқтисодии хонавода, фарҳанги истеъмол, маърифати ҳуқуқӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ ва ояндаи наслҳо иртиботи ногусастанӣ дорад.
Ҳақиқати зиндагӣ собит намудааст, ки исрофкорӣ на ҳамеша аз фаровонии имкониятҳо сар мезанад, балки аксаран натиҷаи тақлид, рақобати носолим, андешаҳои қолабӣ ва талоши зоҳирнамоӣ мебошад. Маҳз дар чунин шароит зарурати тағйир додани муносибати ҷомеа ба низом даровардани баргузории ҷашну маросим ба миён омад.
То қабули қонуни танзим дар баъзе минтақаҳои кишвар баргузории маъракаҳои оилавӣ ба як навъ мусобиқаи хароҷот табдил ёфта буд. Оилаҳо гоҳе новобаста ба имкониятҳои воқеии иқтисодии худ барои баргузор намудани тӯй ва дигар маросимҳо маблағҳои зиёд сарф мекарданд. Бархе ҳатто ба хотири нигоҳ доштани обрӯи зоҳирӣ қарз мегирифтанд ва баъди анҷоми маърака муддати тулонӣ барои пардохти он заҳмат мекашиданд. Чунин вазъ, бешубҳа, ба буҷети оилаҳо таъсири манфӣ расонда, имкониятҳои онҳоро барои ҳалли масъалаҳои муҳимтар, аз ҷумла таълиму тарбияи фарзандон, беҳтар намудани шароити манзил, рушди хоҷагидорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ маҳдуд мекард.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи ин масъалаи иҷтимоӣ ва бо назардошти манфиатҳои дарозмуддати мардум зарурати қабули санади ҳуқуқии танзимкунандаи ҷашну маросимро ба миён гузоштанд.
Ҳамин тавр, 8 июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Ин иқдом дар ҳаёти иҷтимоии мамлакат марҳалаи наверо оғоз бахшид.
Аҳамияти ташаббус дар он буд, ки давлат масъалаи пешгирии исрофкориро танҳо ба насиҳату тавсияҳои ахлоқӣ вогузор накард, балки барои ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард.
Ҳар як санади ҳуқуқӣ дар раванди татбиқ таҷриба меандӯзад ва вобаста ба тағйироти ҷомеа такмил меёбад. Қонуни танзим низ аз ин раванд истисно набуд. Бо гузашти вақт ва ҷамъбасти таҷрибаи амалии татбиқи он зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба миён омад.
Яке аз марҳалаҳои муҳим дар ин самт қабули Қонун дар таҳрири нав мебошад. 20 июни соли 2024 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти №2048 ба имзо расид.
Тағйир ёфтани номи қонун ва такмили муқаррароти он нишон медиҳад, ки сиёсати давлатӣ дар ин самт хусусияти пайваста ва мақсаднок дорад. Санади нав масъалаҳои танзими ҷашну маросим, салоҳияти мақомоти давлатӣ, фаъолияти комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ, уҳдадориҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ, инчунин пешгирии исрофкориро фаро мегирад.
Ҳадафи асосӣ ҳамоно ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон ва мусоидат ба беҳбудии вазъи иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ мебошад.
Яке аз натиҷаҳои назарраси сиёсати танзим тағйир ёфтани муносибати мардум ба хароҷоти маъракаҳо мебошад. Агар қаблан дар баъзе мавридҳо ҳаҷми маърака бо шумораи меҳмонон ва пурнозу неъматии дастархон чен карда мешуд, имрӯз дар зеҳни ҷомеа тадриҷан андешаи дигар ташаккул ёфтааст.
Тибқи маълумоти нашркардаи Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот, то қабули қонун, дар соли 2006 хароҷоти шаҳрвандон барои ҷашну маросим беш аз 4 миллиард сомониро ташкил медод. Ин нишондиҳанда дар соли 2023 тақрибан 521 миллион сомонӣ арзёбӣ шудааст.
Муҳимтар аз ҳама, имкони истифодаи оқилонаи захираҳои молиявии оилаҳо барои эҳтиёҷоти афзалиятнок бештар гардид.
Маблағе, ки қаблан барои маъракаи серхарҷ пешбинӣ мешуд, акнун метавонад барои харидани китобу воситаҳои таълимӣ, пардохти маблағи таҳсил, бунёди манзил, рушди хоҷагӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ истифода шавад.
Танзим дар асл фарҳанги зиндагии муназзам, эҳтиром ба қонун, масъулиятшиносӣ ва андозадориро тарғиб мекунад.
Ҷомеае, ки дар он ҳар як шахс меъёри рафтору муносибатро риоя менамояд, имкони бештар барои таъмини субот ва пешрафт дорад. Дар чунин ҷомеа манфиати шахсӣ бо манфиати умумӣ созгор мегардад, эҳтироми байниҳамдигарӣ тақвият меёбад ва захираҳо оқилона истифода мешаванд.
Имрӯз барои ҳар як оила муҳим аст, ки дар баргузории ҷашну маъракаҳо ба мазмуну муҳтавои чорабинӣ аҳамият диҳад.
Яке аз паҳлуҳои муҳими фарҳанги танзим тарғиби корҳои хайру савоб ва манфиатбахш мебошад. Дар ҷомеаи мо анъанаҳои саховатмандӣ, дасти ёрӣ дароз кардан ба ниёзмандон ва саҳм гузоштан дар ободии маҳал таърихи тулонӣ доранд. Имрӯз зарур аст, ки ин арзишҳо боз ҳам таҳким ёбанд.
Агар маблағи муайяне, ки метавонист барои хароҷоти зиёдатии як маърака истифода шавад, барои таъмири роҳ, сохтмони пул, ободонии мактаб, бунёди иншооти иҷтимоӣ ё дастгирии оилаи ниёзманд равона гардад, манфиати он ба доираи васеи мардум мерасад.
Масалан, як хати оби нӯшокӣ метавонад мушкили чандинсолаи як маҳалро ҳал намояд. Таъмири роҳ метавонад рафтуомади сокинонро осон кунад. Кумак ба як хонандаи болаёқат метавонад ояндаи илмии ҷомеаро дигаргун созад.
Ин гуна амалҳо аз ҷумлаи сармоягузориҳое мебошанд, ки самараи онҳо солҳои зиёд эҳсос мешавад.
Дар ин замина, ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат оид ба ободонӣ, беҳтар намудани инфрасохтори иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум бо фарҳанги сарфакорӣ ва масъулиятшиносӣ пайванди мантиқӣ доранд. Зеро ободии Ватан аз ободии ҳар як хонадон ва ободии ҳар як маҳал оғоз меёбад.
Яке аз ҷанбаҳои қобили таваҷҷуҳи сиёсати танзим он аст, ки таҷрибаи Тоҷикистон дар ин самт берун аз кишвар низ мавриди омӯзишу таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.
Қабули чунин санади миллӣ дар шароити мушаххаси таърихию иҷтимоии Тоҷикистон таҷрибаи ҷолибе ба вуҷуд овард, ки метавонад барои кишварҳои дорои мушкилоти ҳаммонанд низ қобили омӯзиш бошад.
Дар минтақаи Осиёи Марказӣ расму оин, меҳмоннавозӣ, тӯю маъракаҳо ва муносибатҳои хешутаборӣ мақоми муҳим доранд. Дар баробари ин, масъалаи хароҷоти зиёдатӣ дар ҷашну маросим барои баъзе ҷомеаҳо низ бегона нест.
Аз ин рӯ, таҷрибаи Тоҷикистон дар мавриди ба танзим даровардани ҷашну маросим таваҷҷуҳи кишварҳои ҳамсояро ҷалб намудааст. Мавриди омӯзиш қарор гирифтани ин таҷриба худ нишонаи аҳамияти иҷтимоии иқдом мебошад.
Мо бояд ба насли нав фаҳмонем, ки обрӯи инсон дар намоиши дороӣ нест. Сармояи воқеӣ дониш, касбу ҳунар, ахлоқи нек, масъулият ва ватандӯстӣ мебошад.
Имрӯз бо гузашти солҳои зиёд аз қабули Қонуни танзим метавон гуфт, ки дар муносибати ҷомеа ба ҷашну маросим ва масъалаи хароҷоти оилавӣ тағйироти назаррас ба амал омадааст.
Мардум бештар дарк мекунанд, ки маъракаи серхарҷ нишонаи ҳатмии обрӯ нест, ки меҳмоннавозӣ ба исроф ниёз надорад ва эҳтироми инсонро бо шумораи дастархонҳо чен кардан мумкин нест.
Ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти танзими ҷашну маросим аз ҷумлаи иқдомҳоест, ки дар баробари ҳалли як мушкили иҷтимоӣ ба тағйир ёфтани ҷаҳонбинии ҷомеа мусоидат намуд. Ин таҷриба собит кард, ки сиёсати оқилона вақте муассир мешавад, ки ба ниёзҳои воқеии мардум ҷавобгӯ бошад ва барои беҳтар намудани зиндагии онҳо замина фароҳам оварад.
Дар шароите ки рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва тарбияи насли соҳибмаърифат аз ҳадафҳои муҳими давлату ҷомеа мебошанд, фарҳанги сарфакорӣ аҳамияти боз ҳам бештар касб мекунад. Мо бояд ба қадри неъмат, меҳнат ва имкониятҳои мавҷуда бирасем. Маблағро барои корҳои судманд, вақтро барои донишомӯзӣ, неруи инсонро барои созандагӣ ва иқтидори ҷомеаро барои ободии Ватан равона созем.
Мастура БУРИЗОДА,
декани факултети амнияти иқтисодӣ ва фаъолияти гумрукии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng