Тайи се рӯз, аз 11 то 14 май, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати шахсии раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бо сафари давлатӣ дар Пекин қарор доранд. Мувофиқи протоколи дипломатӣ ин рӯйдод баландтарин шакли муносибатҳои дуҷониба ба ҳисоб меравад, зеро сафари давлатӣ баргузории тамоми маросимҳои дипломатӣ, музокирот дар сатҳи олӣ ва имзои бастаи санадҳоро дар назар дорад.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ҷараёни музокироти сафари ахир вобаста ба ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ 31 санад ба имзо расиданд, ки муҳимтаринашон ба тасвиб расидани Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти унвони «Дӯстӣ - абадан, душманӣ - ҳеҷ гоҳ” ба шумор меравад. Зимнан, гуфта мешавад, ки таваҷҷуҳи махсус ба се самти афзалиятнок - энергетика, «иқтисоди сабз» ва технологияҳои рақамӣ зоҳир гардидаанд, маҳз ба бахшҳое, ки ҶМЧ онҳоро дар саросари Осиёи Марказӣ дар доираи ташаббуси “Як камарбанд - як роҳ” фаъолона татбиқ месозад ва Тоҷикистон аввалин шуда, аз ин тарҳ хуш истиқбол гирифт.

Дар ин росто, аз ҳоли ҳозир чӣ манобеи расмӣ ва чӣ доираҳои васеи иттилоотиву хабарнигорӣ ва коршиносони сатҳи байналмилалӣ хушбинанд, ки натиҷаҳои ин сафари Сарвари давлати Тоҷикистон ба Пекин ва истиқболи сатҳи оливу дидору мулоқотҳои самимона бо Президенти Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ду кишварро ба таври назаррас густариш хоҳад дод.

Мақомоти расмии ҳарду давлат чунин сатҳи баланди мулоқотҳоро нишонаи «шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ» ва «сатҳи нави муносибатҳо» медонанд, ки суръати нав гирифтааст.

Пӯшида нест, ки дар таърихи муносибатҳои байналмилалӣ на ҳамеша танҳо манфиатҳои иқтисодӣ ё омилҳои геополитикӣ сарнавишти робитаҳои байни давлатҳоро муайян мекунанд. Бисёр вақт нақши шахсиятҳои сиёсӣ, ҷаҳонбинӣ, таҷриба ва иродаи роҳбарон ба омили ҳалкунанда табдил меёбад. Муносибатҳои Тоҷикистону Чин низ аз ҳамин гуна равандҳо истисно нестанд.

Ин аст, ки дар ташаккул ва густариши равобити Тоҷикистону Чин низ нақши калидӣ ва таърихиро Эмомалӣ Раҳмон иҷро кардааст. Агар имрӯз Пекин Тоҷикистонро шарики муҳими стратегӣ дар Осиёи Марказӣ медонад, дар пушти ин раванд пеш аз ҳама сиёсати пайгирона, прагматикӣ ва дурбинонаи роҳбарияти олии Тоҷикистон қарор дорад.

Зимнан, вақте ки Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлол ба ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ рӯ ба рӯ шуд, бисёр кишварҳо нисбат ба ояндаи давлатдории тоҷикон бо эҳтиёт муносибат мекарданд. Дар чунин шароити ҳассос роҳбарияти нави Тоҷикистон таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи эҷоди муҳити эътимод бо ҳамсоягон ва қудратҳои минтақавӣ аҳамияти аввалиндараҷа дод. Маҳз дар ҳамин марҳала заминаи муносибатҳои муосири Тоҷикистону Чин гузошта шуд.

Яке аз масъалаҳои ҳассос - мушкилоти марзӣ миёни ду кишвар буд, ки аз давраи шӯравӣ боқӣ монда буд. Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Чин тавонистанд ин масъалаи мураккабро тавассути музокироти сиёсӣ ва роҳи дипломатӣ ҳал намоянд. Ин иқдом дар минтақа намунаи дипломатияи ором ва оқилона ба ҳисоб меравад.

Бешакк, ҳалли мусолиматомез ва дипломатонаи ҳалли масъалаҳои марзӣ ба як гардиши муҳим дар муносибатҳои ду кишвар табдил ёфт, зеро маҳз баъд аз он сатҳи эътимоди сиёсӣ ба таври назаррас боло рафт.

Дар баробари ин, таври маълум, Пешвои миллати мо пайваста дар суханрониҳои байналмилалии худ ба масъалаи амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, зарурати муборизаи муштарак алайҳи терроризмро таъкид менамоянд, ки ин мавқеъ бо сиёсати амниятии Чин дар марзҳояш бо дигар ҳамсоягонаш дар минтақаҳои ҳассос ҳамоҳанг буда, заминаи ҳамкориҳои наздиктарро фароҳам овардааст.

Аз сӯи дигар, набояд аз мадди назар дур кард, ки яке аз хусусиятҳои муҳими сиёсати хориҷии Президенти Тоҷикистон ин нигоҳ доштани тавозун миёни қудратмандон мебошад. Дар ин самт Тоҷикистон бо Русия, Чин, кишварҳои Ғарб, давлатҳои исломӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар як сатҳи баробар ҳамкорӣ мекунад.

Дар баробари ин, муносибат бо Чин ҳаргиз набояд ҳамчун сиёсати муқобил ба дигар шарикон талаққӣ ва ё пиндошта шавад. Баръакс, роҳбарияти Тоҷикистон кӯшиш кардаанд, Пекинро ҳамчун шарики иқтисодӣ ва амниятӣ дар доираи сиёсати хориҷии мутавозин ҷой диҳанд.

Маҳз ҳамин дипломатияи чандсамта ба Тоҷикистон имкон дода, ки аз рақобатҳои геополитикӣ то андозае дурӣ гузида, ҳамзамон аз имкониятҳои иқтисодии Чин истифода барад.

Ёдрас мегардем, ки дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Чин аз рӯйи шумора ин понздаҳумин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Пекин мебошад. Аввалин сафари расмии Сарвари давлати Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин моҳи марти соли 1993, чанде пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ сурат гирифта буд, замоне ки пояҳои ҳамкориҳои дуҷониба гузошта мешуданд. Дар навбати худ, то ин замон роҳбарони Чин низ панҷ маротиба ба Душанбе ташриф овардаанд. Худи ҳамин шумораи зиёди сафарҳои дуҷониба гувоҳанд, ки Чин кайҳо боз барои Тоҷикистон ба яке аз муҳимтарин шарикони сиёсиву иқтисодӣ табдил ёфтааст.

Имрӯз муносибатҳои Тоҷикистону Чин аз сатҳи ҳамкориҳои одӣ гузашта, ба шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ расидаанд. Дар расидан ба ин сатҳ нақши Эмомалӣ Раҳмон бисёр муҳим арзёбӣ мешавад.

Сафари пайвастаи Эмомалӣ Раҳмон ба Пекин ва мулоқотҳои мунтазами Пешвои миллат бо роҳбарияти Чин нишон медиҳанд, ки дипломатияи шахсӣ дар муносибатҳои ду кишвар нақши ҷиддӣ дорад. Аз ҳамин ҷост, ки робитаи устувори Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти Чин ба таҳкими эътимоди сиёсӣ мусоидат кардааст.

Пас, модоме давлати абарқудрату бузурге чун Чин бо иқтисоди пуриқтидор ва иқтидори ҷаҳонӣ нисбат ба шахсияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эҳтиром ва арҷгузорӣ зоҳир мекунад, ин аз нуфузи байналмилалӣ ва обрӯи баланди Пешвои миллати мо дар арсаи ҷаҳон шаҳодат медиҳад

Аз ин рӯ, бо итминони қавӣ метавон нақш ва ҷойгоҳи Эмомалӣ Раҳмонро дар ташаккул ва рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чин ҳамчун меъмори сиёсати шарикии стратегӣ арзёбӣ кард. Зеро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд дар як давраи ҳассоси таърихӣ заминаи эътимоди сиёсиро миёни ду кишвар гузоранд, муносибатҳои дипломатиро ба сатҳи нав бардоранд ва Чинро ба яке аз шарикони асосии иқтисодиву сиёсӣ барои Тоҷикистон будан мутақоид созанд.

Воқеан, дар дурнамо муносибатҳои шарики стратегӣ будан ба Тоҷикистон ва Чин чӣ медиҳад ва дар марҳилаи нави геосиёсӣ ба чӣ метавон итминон баст?

Бешакк, дар низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ, ки ҷаҳон ба сӯи бисёрқутбӣ ҳаракат мекунад, кишварҳои минтақаҳои стратегӣ беш аз ҳар вақти дигар ба интихоби шарикони боэътимод ва мутавозин ниёз доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари калидии Осиёи Марказӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ тавонист, ки бо абарқудратҳо ва созмонҳои муҳими сиёсиву иқтисодии ҷаҳон муносибатҳои устувор барқарор намояд. Дар ин миён, муносибатҳои Тоҷикистону Чин ба яке аз самтҳои муҳимтарин ва босуръат рушдёбандаи сиёсати хориҷии Душанбе табдил ёфтааст.

Муносибатҳои Тоҷикистону Чин имрӯз танҳо робитаи ду ҳамсоя набуда, балки ҷузъи равандҳои бузурги геополитикӣ ва геоиқтисодии асри XXI мебошанд. Зеро, аз як сӯ, Чин барои Тоҷикистон имкониятҳои азими сармоягузорӣ, технология ва дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳониро фароҳам меорад ва бешубҳа, яке аз такягоҳҳои асосии суботи минтақавӣ ба ҳисоб меравад. Дар навбати худ, Тоҷикистон бошад, барои Чин аҳамияти муҳими стратегӣ, транзитӣ ва амниятӣ дорад, зеро мавқеи геополитикии кишвари мо дар чорроҳаи манфиатҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва фазои авруосиёӣ қарор дорад. Аз ҳамин ҷост, ки муносибатҳои ду кишвар бо итминони қавӣ дар солҳои наздик боз ҳам ба таври ҳасана густариш ёбанд.

Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ