ТОЗАГӢ ОИНАИ МЕҲНАТИ ИНСОН АСТ
Шояд барои касе фарорасии субҳ танҳо тулуи офтоб бошад. Аммо барои Бибизайнаб Камолова, корманди раёсати хоҷагӣ-маъмурии ДДМИТ субҳ аз он лаҳза оғоз меёбад, ки ба саҳни донишгоҳ қадам мегузорад. Пеш аз омадани донишҷӯён, устодон ва меҳмонон бояд масъулияти хешро иҷро намояд: толорҳо тоза, утоқҳо мураттаб ва муҳит барои қабули меҳмонон омода бошад.
Бибизайнаб аз ҷумлаи он инсонҳоест, ки кори онҳо шояд дар назари аввал одӣ намояд, вале набудани онҳо дар як рӯз метавонад тартиби тозагии муассисаро халалдор кунад. Вохӯриҳо, машваратҳо, семинарҳо ва чорабиниҳои гуногун дар толору утоқҳои донишгоҳ баргузор мешаванд. Омодагии онҳо бошад, пеш аз ҳама, аз меҳнати чунин одамон вобаста аст.
Ӯ утоқҳоро омода мекунад, як пиёла чой ё қаҳва пешкаш менамояд, ки дар ин муносибат эҳтиром ба инсон, одоби муошират ва фарҳанги меҳмондорӣ таҷассум меёбад.
Аз ӯ пурсидам:
- Бибизайнаб, чӣ тавр ба ин донишгоҳ роҳ ёфтед?
Каме андеша карду гуфт:
- Модарам Ҳуринисо Шарипова солҳои зиёд дар ДДМИТ ба ҳайси фаррош кор мекард. Бо меҳнати ҳалолашон моро ба воя расониданд. Мо фарзандон аз меҳнати модар як бурда нони ҳалол мехӯрдем. Вақте хурд будам, ҳамроҳи модарам ба донишгоҳ меомадам. Дар корҳои онҳо ёрӣ мерасондам. Ростӣ, аз ин кор ҳаловат мебурдам.
Чашмонаш гӯё ба рӯзҳои кӯдакиаш баргаштанд.
- Баъдтар модарам ба нафақа баромаданд. Роҳбарияти донишгоҳ маро ба ҷойи модарам, дар ҳамон ҷои кор қабул кард. Аз ҳамон рӯз то имрӯз ба шарофати ҳамин пеша зиндагиамро пеш мебарам.
- Вақте мебинам, ки ҷавоне меҳнати дигаронро қадр намекунад, дилам месӯзад, - мегӯяд ӯ. - Вақте донишҷӯён дар пеши ҳамдигар суханҳои нохуш мегӯянд, дар утоқҳои таълимӣ бо овози баланд суҳбат мекунанд, рӯи мизҳо ҳар гуна суханҳои қабеҳ менависанд ё зери онҳо коғазҳои нодаркору пасмондаи хӯрок мепартоянд, сахт оташин мешавам.
Дар ҳақиқат, донишгоҳ муҳити илму маърифат аст. Ҳар касе, ки ба ин даргоҳ қадам мегузорад, бояд эҳсос кунад, ки дар назди ӯ масъулияти бузурге қарор дорад. Пас, месазад, ки донишҷӯ молу амволи донишгоҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунад, китоб хонад, илму ҳунар омӯзад, дар ҷомеа намунаи ибрат бошад ва меҳнати ҳар нафареро, ки барои фароҳам овардани шароити хуби таҳсил заҳмат мекашад, қадр намояд.
- Имрӯз боз серкор ҳастед?
Бибизайнаб табассум мекунад.
- Бояд толори шурои аттестатсиониро омода кунам. Боз як нафар рисолаи дипломӣ ҳимоя мекунад. Баъди нисфирӯзӣ дар толори конфронсӣ семинари байналмилалӣ доир мешавад. Бегоҳӣ бошад, дар толори фарҳангӣ ҳамоиши фарҳангӣ дар назар дошта шудааст...
Бибизайнаб шояд дар миёни садҳо нафаре, ки ҳар рӯз ба донишгоҳ меоянд, чеҳраи маъруф набошад. Аммо дар паси ҳар толори омодашуда, ҳар утоқи тозаву озода ва ҳар меҳмони бо чеҳраи кушода истиқболшуда заҳмати ин гуна занону модаронба назар мерасад.
Ин гуна одамон камгапу беш аз ҳама коргаранд. Ҳар қадар бо ӯ суҳбат мекунӣ, ҳамон қадар бештар эҳсос менамоӣ, ки зиндагӣ ба инсон дарси сабру таҳаммул, меҳнатдӯстӣ ва масъулиятшиносӣ медиҳад.
Як бурда нони ҳалоле, ки модараш солҳо пеш ба даст меовард, имрӯз дар чеҳраи духтараш - дар меҳнати пок, дар масъулият ва садоқат ба кор идома дорад. Беҳуда нагуфтаанд, ки нони бо арақи ҷабин бадастомада ҳамеша ширин аст.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng