УНВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПАДИДАИ НОДИР ВА ГУВОҲИ ТАҲАВВУЛОТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХӢ МЕБОШАД
Таърихи тамаддуни башарӣ гувоҳ аст, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ нобиғаҳое зуҳур мекунанд, ки чун офтоби дурахшон тамаддуни инсониро нурафшонӣ намуда, ба пайкари миллат ҷони тоза бахшида, онро ба мардумони ҷаҳон муаррифӣ менамоянд. Ин нобиғаҳо бо ақлу хирад, донишу фазилат, заковатмандӣ, фидокорӣ ва талошҳои пайгиронаи худ ҷиҳати созандагӣ, бунёдкорӣ ва рушду нумуи давлату миллат ва ҳатто тамоми инсоният нақши муассир мегузоранд.
Таърихи навини тоҷикон, махсусан таърихи зиёда аз 35 соли охир ба номи Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалу фаъолияташ тавъам мебошад. Замоне, ки Эмомалӣ Раҳмон зимоми қудратро ба даст гирифт, кишвар дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ месӯхт. Низоми қонунгузорӣ ва ҳокимият дар кишвар фалаҷ гардида, бародар бародарро мекушт, ҷомеаро гуруснагӣ фаро гирифта буд, силоҳ ба ҷойи адолату қонун амал мекард. Дар чунин шароити пуршур, ки умед ва боварӣ ба оянда дар зеҳни мардум коста шуда буд, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун наҷотбахши миллат ба майдони сиёсӣ омад.
Ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоб баргузор гардида буд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қасам ёд кард, ки то охирин нафас барои таъмини сулҳу суботи кишвар ва барои ба ватан баргардонидани фирориёни ҷанги шаҳрвандӣ иқдом хоҳад кард ва аввалин кореро, ки анҷом дод, баргардонидани гурезагони иҷборӣ ба Ватан буд.
Миллати тоҷик бо сарвари роҳбари тавонои худ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имтиҳоноти садоқат ва талош барои суботу оромӣ сарбаландона гузаштанд. Муқовимати сиёсиро бо ризоияту таҳаммул ба анҷом расонида, мисоли камназири ҳалли мусолиҳатомези ҷанги шаҳрвандиро ба ҷаҳониён нишон доданд.
Пас аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурӣ бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон дурнамои рушди кишварро ба нақша гирифт ва зина ба зина кишварро дар ҳамаи самтҳо ба пешравӣ ноил кард.
Дастгирӣ ёфтани иқдомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбарҳои Созмонҳои умумиҷаҳонӣ далели равшани он аст, ки давлату давлатдории тоҷикон, Президенти ташаббускори онро имрӯз ҷаҳон эътироф мекунад ва ба он арҷ мегузорад. Кору амалҳое, ки дар се даҳсолаи охир барои давлатдорию миллатсозӣ иҷро гардидаанд, баробар ба садсолаҳо мебошанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” дар таҷрибаи қонунгузории кишвар падидаи нодир ва инъикоскунандаи воқеъияти объективӣ буда, гувоҳи таҳаввулоти бузурги таърихӣ, эҳъёи давлатдорӣ ва эҷоди ҷомеаи нави таърихи беш аз ҳазорсолаи халқи тоҷик мебошад. Рисолати давлатдорӣ ва миллати соҳибдавлат буданро баҳри халқу миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари давлат бо неруи созанда ва азми қавӣ дар шароити мураккабтарини ҳаёти ҷомеа, бо эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона таъмин намуд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун лидери беназир дар таърихи навини тоҷикон ба бахти миллати асрҳо аз давлат маҳрумшуда, тамоми масъулияти давлатдории миллиро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда ба дӯши худ гирифта, бо ҷуръату ҷасорат, фидокорию ҷоннисорӣ, вафодорӣ ба халқу миллат аз замони Сарвари давлат интихоб шудан ба қавлу аҳдҳои хеш вафо намуда, ба боварӣ, эҳтиром ва эътиқоди мардуми кишвар сазовор шуда, раҳнамо ва пешвои воқеии миллат эътироф гардидааст.
Миллати тоҷик ифтихор дорад, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳимматбаландии хеш хастанопазирона, дурандешона ва содиқона ҳамеша дар андешаи миллат ва давлат мебошад.
Дар радифи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат шиноснома ва муаррифгари тоҷикону тоҷикистониён дар ҳамоишҳои сатҳи бонуфуз ва боэътибори ҷаҳонист.
Президенти кишвар борҳо аз баландтарин минбари созмонҳои сиёсии ҷаҳон Созмони Милали муттаҳид бо ибтикори оламшумул суханронӣ намуда, Ватани маҳбуб – Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари рӯ ба тараққӣ, ободу осоишта, бофарҳангу таммаддунсоз ва дорои нерӯи баланди зеҳнию ҳунарӣ муаррифӣ намудааст.
Хизматҳои барҷаста ва наҷотдиҳанда, созандаву оқилонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи сиёсати давлатӣ, низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, адолати иҷтимоӣ, рушди фарҳангу маънавиёти дирӯзу имрӯз, ки эътимоди мардуми кишварро ба даст овардааст, аз ҷониби сиёсатмадорони ҷаҳонӣ эътироф шудааст.
“Истиқлолият ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – сиёсатмадори дараҷаи ҷаҳониро дод. Имрӯз ӯ машҳуртарин фарзанди Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон мебошад”, - бо ҷиддияту маҳбубият таъкид карда буд Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масуд.
Дар моддаи якуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” чунин оварда шудааст:
“Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат рамзи пойдорию бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст эътироф карда шавад”.
Ин қонуни таърихӣ 9 декабри соли 2015 аз тарафии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Қабули ин Қонун бори дигар соҳибтамаддун ва қадршинос будани миллати тоҷикро собит сохт.
Қутбия ҲОМИДОВА,
н.и.т., дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng